Ҳазрати Иброҳим(а) ба фармони Худои бузург, Ҳоҷар ва фарзанди ширхорааш Исмоилро бо андаке хурок ва ноне танҳо гузошт ва дар муқобили гиряҳо ва зории Ҳоҷар ба сӯи Фаластин ва ба назди Сора боз гашт.

Оҳи Ҳоҷар ва фиғони Исмоил аз як сӯ, ташнаги ва гушнаги аз як сӯ ва ғурбати дардовар ва танҳои андуҳбор низ аз сӯи дигар, Ҳоҷарро иҳота карда буд, дар наздикии Ҳоҷар куҳе буд ки дар рӯзҳои вопасини Сафо ном гирифт, ба сӯи куҳи Сафо шитобон рафт то ки чизе ёбад аммо дареғ! Ва чун чизе наёфт бо чашмони гирён боз гашт, дар роҳи бозгашт дар он сӯи води, куҳи дигаре буд ки онро низ Марва ном ниҳоданд, саробе дар доманаи он куҳ падидор гашт ва то саробро дид ба гумони нки об аст, шитобон ба сӯи он сароб давид ва ба куҳи Марвар расид, аммо обе надид, лоҷарам ба сӯи Сафо шитофт ва дубора гумон бурд ки дар куҳи Марвар чашмаи обе аст, саросема давид то шояд ҷураи об ёфта ва фарзанди ширхораашро аз ташнаги ва марг наҷот бахшад, аммо дареғ аз қатраи обе.

Ҳафт бор ин роҳи тулони ҳазор зироиро паймуд ва дар “дар байни Сафо ва Марва саъйи фаровон кард” ва ҳамвора аз Худои бузург талаби ёри менамуд, гоҳе ҳарула мекард ва гоҳе аз фарти хастаги гомҳояш бар замин меафтод ва тавони роҳ рафтан надошт, ногузир ба сӯи фаразанд омад то шояд?

Исмоили ширхора низ аз сӯзи ташнаги бар замин афтода буд ва гомҳои муборакатро бар замин мекашид ва шояд ки дигар ҳеҷ?

Буҳрони об ба авҷи худ расида буд.

Ногоҳ бо лутф ва марҳамаи Худои меҳрварзи бахшоишгари зиндагибахш, дар зери пои он кудаки поксиришт чашмаи обе намоён шуд ва модар аз бисёри хушҳоли ва аз ғаму андуҳ раҳо гардид, кудакашро дар оғуш кашид ва лабҳои хушкидаашро аз ҳамон об тар сохт ва кам кам синаҳои муҳаббаташро ба коми фарзанди муборакаш Исмоил ниҳод.

Чун об дар он дарраи дурдаст аз замин ҷушид, шамими об, парандагонро ба сӯи худ кашонд ва онон бо шамми вижа об ёби ки доранд аз фарсангҳои дур пай ба вуҷуди он бураднд ва ба тарафи он дарра, руй оваранд, бар асар омаду шуди парандагон қави Ҷуҳрум ки аз арабҳои Яман буданд ва аз солҳо пеш дар гушае аз сарзамини Ҳиҷоз ба сар мебурданд ва кости об ҳамеша озорашон медод, ба сӯи нуқтае ки парандагон омаду шуд доштанд руй овараданд ва чун аз пайдоиши оби зам зам иттилоъ ёфтанд бо хушҳоли ба сӯи куҳи Сафо куч карданд ва бадингуна шаҳри Макка дубора обод шуд ва дуои ҳазрати Ибоҳим(а) ба иҷобат расид.

То он замон танҳо фарзанди Иброҳим(а), Исмоил(а) буд ва дилбанди падар ва Иброҳим(а) ҳамвора дил ба ӯ хуш дошт, лек барои иҷрои фармони илоҳӣ дури фарзанди дилбанди хешро ба ҷон мехарид ва шикебои менамуд, рӯзҳо аз пайи шабҳо мегузашт ва Исмоил(а) дар он води бузургу неруманд мешуд, то инки ҷавони далер гардид.

Ва инки замони озмоиши бузурги илоҳи фаро расида буд, таърих монанди Иброҳим(а)ро бахуд надида аст, паёмбаре ки саросар умри пурбаракаташ ба набард ва нодони ва дугона парасти ва озмунҳои бузурги илоҳӣ гузашт ва акнун, озмоиши бузург, дар замоне ки беш аз ҳар замон ниёзманди Исмоил аст, пирии син расида аст, осори пири бар чеҳрааш нақш баста ва танҳо фарзандаш Исмоил(а)ро бояд ба қурбонгоҳ бибарад.

Иброҳим шабе дар хоб дид ки Худои бузург ӯро фармон медиҳад то Исмоил(а) фарзанди ягонаашро қурбони намояд, ҳол пир шуда аст ва бояд ба чунин озмуни бузург тан диҳад.

Идома дорад

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст