Хилқати Шайтон аз оғоз, хилқати поку беайб буд ва мавҷуде аз махулқоти Худованд буда аст. Ба ҳамин далел солҳои дароз дар сафи муқаррабони даргоҳи Худованд ва фариштагони бузург ҷой гирифта буд. Агарчи аз назари офариниш ҳамонанди онҳо набуд вале бо суи истифода аз озодии худ туғён ва саркаши намуда ва такаббур варзида ва нисбат ба Худованди таборак ва таоло исён ва нофармони кард ва пас аз он аз даргоҳи Худованд ронда шуда аст.

Худованд номи касеро Шайтон наниҳода аст. Имом Ризо(а) дар мавриди номи аслии Шайтон мефармояд: “Номи Иблис, Ҳарс ё Ҳорис” буда чун аз раҳмати Худо маъюс шуда аст, Иблис номида шуд.”[1]

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Шайтон дар хилқати аввалия ҳамонанди ҷинниён ва инсон барои ибодат ва расидан ба раҳмати илоҳӣ халқ шуда аст. Аммо баъд аз дур шудан аз раҳмати илоҳӣ, мазҳари гумроҳи ва залолат барои инсонҳо шуда аст.

Инсон байни хайр ва шарр, саодат ва шақоват воқеъ шуда аст, ки агар ин иҷозаи мутазод дар ҷаҳони амал ва дар олами фикр ва эҳсос ва дарки мутасаввир набошад, ҳеҷ вақт шақоват ва саодати мафҳум ва маъно ва мисдоқи воқеии ва ҳақиқии худро нахоҳад ёфт ва дар натиҷа мушаххас намешавад чи касоне саодатманд ва ба камол расидаанд ва чи касоне нарасидаанд, инсон агар бихоҳад ба маънои воқеи ва комил вуҷуд дошта баошд бояд дар атрофи ӯ амилҳои шақоват ва саодат пароканда бошанд то бадин васила бо ихтиёр ва интихоб, роҳи саодат, саодатмандии худро пайдо ва дар низоми аҳсан, вуҷуди комили худро ошкор кунад ва ҳаминтавр бо ихтиёри худ роҳи шақоват ва бадиро тай кунад.

Ҳаминт тавр хилқати Шайтон ва Иблис, ки омили муассир дар доштани палиди ва доштани сифатҳои хабиса ва бад дар инсонҳост. Зеро бино ба қоидаи “туърафул ашё биаздодиҳо” яъне ашё бо зиддашон шинохта мешаванд, то илм ба бади ва палиди дар ҷаҳон набошад ва зиштиҳо дар авсофи инсон ошкор набошад, таҳаққуқи сифатҳои хуб, ҷойгоҳи худро нахоҳанд ёфт ва инсон арзиш ва қадри зебоиҳои рӯҳи ва маънавиро надониста ва ба он дастраси пайдо нахоҳад кард.

[1] Сафинатулбиҳор, ҷ 2, саҳ 99.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст