Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Расули Акрам(с) вақте моҳи мӯбораки Рамазонро медиданд, рӯй ба қибла истода, чунин мегӯфтанд:
اللَّهُمَّ أَهِلَّهُ عَلَیْنَا بِالْأَمْنِ وَ الْإِیمَانِ وَ السَّلامَةِ وَ الْإِسْلامِ وَ الْعَافِیَةِ الْمُجَلَّلَةِ وَ دِفَاعِ الْأَسْقَامِ [وَ الرِّزْقِ الْوَاسِعِ] وَ الْعَوْنِ عَلَى الصَّلاةِ وَ الصِّیَامِ وَ الْقِیَامِ وَ تِلاوَةِ الْقُرْآنِ اللَّهُمَّ سَلِّمْنَا لِشَهْرِ رَمَضَانَ وَ تَسَلَّمْهُ مِنَّا وَ سَلِّمْنَا فِیهِ حَتَّى یَنْقَضِیَ عَنَّا شَهْرُ رَمَضَانَ وَ قَدْ عَفَوْتَ عَنَّا وَ غَفَرْتَ لَنَا وَ رَحِمْتَنَا
Худоё! Ҳилоли ин моҳро барои мо бо амнияту имон ва саломативу Ислом ва офияти ҳамаҷониба ҳамроҳ кун ва ба дафъи бемориҳо ва анҷом додани намозу рӯза ва тиловати Қуръон, ёриямон деҳ. Худоё! Моро барои анҷом додани аъмоли моҳи мӯбораки Рамазон, саломат бидор ва аъмоламонро дар ин моҳ, солим қабӯл кун ва моро дар ин моҳ солим нигоҳ дор, то моҳ тамом шавад, дар ҳоле ки моро бахшида ва раҳмататро шомили ҳоламон карда бошӣ.