Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

            Расули Худо (с) улгӯи бебадил

         Дар баҳси инсоншиносӣ матлабе ҳаст ба ин мазмун, ки инсон мавҷудест, ки дар зиндагӣ улгӯ ва сармашқ мехоҳад. Ин улгӯ метавоанд як шахси оддӣ ва ё як инсони комил ҳамонанди Пайғамбарон (а) бошад. Аммо ин ки он улгӯ то куҷо метаованд инсонро ба мақсад бирасонад, бояд дорои якчанд хусусиёт ва вижагиҳое бошад, ки битаовнад инсонро ба мақсадаш бирасонад. Ҳар андоза ин улгӯ комил ва ҷомеъ ва бархурдор аз камолот бошад, беҳтар аст. Гоҳе инсон касеро улгӯ қарор медиҳад ки ҳеҷ шоистагӣ ва лаёқат надорад, ки улгӯи некӯ ва пешвои шоиста бошад, то зиндагӣ ва сулуки ӯро улгӯ ва сармашқи зиндагии худ қарор диҳад ва ба мақоме аз инсоният бирасад.

         Инсон чи хуб ва чи бад улгӯ дорад ва яке аз равишҳо ва ниёзҳои тарбиятӣ доштани улгӯ аст. Ин ниёзи инсон ҳамонанди ниёзи донишомӯз ба муалим аст, агар муалим ба он сармашқ надиҳад, то аз рӯи он рӯбардори кунад ва бо дидани он навиштан ва хонданро биомӯзад, донишомӯз чизе ёд намегирад, дар поёни таҳсил бидуни он ки натиҷа гирифта бошад вақташ беҳуда ҳадар рафтааст.

       Аз онҷое, ки инсон дар рӯзи қиёмат бо имом ва пешвои худ муаррифӣ ва шинохта мешавад, يَوْمَ نَدْعُوا كُلَّ أُناسٍ بِإِمامِهِم) "Рӯзе, ки ҳамаи мардумро бо пешвояшон фаро мехонем." СураиИсро, ояти 71.) Худованд ҳам барои инсон улгӯ ва имом муаррифӣ кардааст, то инсон улгӯи худро бишносад, ва қадами худро дар қадмгоҳи ӯ бигзорад, рафтор ва гуфтори ӯро сармашқу сарлавҳаи зиндагии худ бидонад. Агар улгӯи худро шинохт ва зиндагӣ ва рафтору гуфтори ӯро сармашқи зиндагии худ қарор дод ва он улгӯ ҳам хуб буд, ҳатман ба мароҳиле аз камолот ва саодат мерасад. Бар ин асос Худованд бо таъкид ин матлабро баён мекунад ва мефармояд: Расули Худо (с) улгӯӣ шоиста ва накӯ барои шумост.

«لَقَدْ كانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ...»     

           "Ба таҳқиқ барои шумо дар Расули Худо улгӯи некӯст;"

         Ин оят барои ин ки иноснҳоро тарбият кунад барои онҳо улгӯи некӯе ҳамчун Расули Худо (с)-ро муаррифӣ мекунад, чаро ки дар Расули Худо (с) тамоми шоистагиҳо ва камолоти инсонӣ, ки барои инсонияти як фард ниёз аст, ҷамъ шудаанд. Худованд, ки Худ ба ҳамаи асрори инсон огоҳӣ дорад, медонад, ки агар барои инсон улгӯи ҳамчун Расули Худо (с)-ро муаррифӣ накунад, инсонҳо ба ҳукми фитрат улгӯ интихоб мекарданд, ба хотир ин ки дар интихоб иштибоҳ накунанд, улгӯи некӯро худаш маррифӣ мекунад ва мегӯяд: Пайғамбар (с) барои ҳамешаги ва барои ҳамаи зиндагӣ, яъне тамоми масалаҳои зиндагӣ улгӯи некӯ аст. Улгӯе ки бадил ва ҳамто надорад, то инсон битавонад ғайри ӯро улгӯ қарор диҳад ва ба камолоти инсонӣ даст ёбад.

         Чаро Расули Худо (с) беҳтарин улгӯ ва усва аст? Қуръон посух медиҳад, ки ба хотири асари тарбияте, ки дорад, улгӯ қарор додан ва пайрави аз он боис мешавад, ки инсон дар зиндагии худ ба камоли инсонӣ бирасад ва маънодории ҳаёти худро бифаҳмад ва дарк кунад.

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَ لِلرَّسُولِ إِذا دَعاكُمْ لِما يُحْيِيكُم...»         

        "Эй касоне, ки имон овардаед! [Даъвати] Худо ва Паёмбарро бипазиред, ҳангоме, ки шуморо ба сӯи чизе даъват мекунад, ки ба шумо ҳаёт мебахшад;"(Сураи Анфол,24).

        Пазириши даъвати Худованди Мутаол ҳам аз тариқи Пайғамбар (с) аст, яъне метавон гуфт, Худованд ҳам дар ҳидоят ва саодати инсон назар ба Пайғамбар (с) дорад; агар қарор бошад инсоне ба инсоният бирасад ва нисбат ба дигар инсонҳо меҳрубон бошад, бояд бо тамоми вуҷуд ба Пайғамбар (с) иқтидо карда бошад.

        Пайғамбар (с) нисбат ба инсонҳо меҳрубону дилсӯз аст, барои ҳидояти онҳо ғамхор аст.

«لَقَدْ جاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ ما عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَؤُفٌ رَحِيم»        

         “Ҳамоно паёмбаре аз худатон ба сӯи шумо омад, ки ранҷи шумо бар ӯ душвор аст; бар [ҳидояти] шумо алоқаи шадид дорад; нисбат ба мӯминон меҳрварзи меҳрубон аст.” (Сураи Тавба, 128).  

           Дуруст аст, ки инсонҳо ба улгӯи некӯ ниёз доранд ва бояд барояшон муаррифӣ шавад ва Худованд ҳам Пайғамбар (с)-ро ба унвони некӯтарин улгӯ муаррифӣ кардааст, вале шарт дорад ва шарташ ин ки касе метавонад ӯро барои худ улгӯ интихб кунад ва зиндагияшро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, ки қалби саршор аз имон ба Худо ва имон ба рӯзи қиёмат дошта бошад.        

«لِمَنْ كانَ يَرْجُوا اللَّهَ وَ الْيَوْمَ الْآخِرَ»            

              "Барои касе, ки Худо ва рӯзи қиёматро умед дорад."

           Баҳси дигар ҳам ин ки ҳарчанд улгӯи муаррифишуда Расули Худо (с) бошад, вале набояд инсон ёди Худоро фаромӯш кунад, балки тамоми талошу кушиши Пайғамбарон(а) ва Пайғабмри Ислом(с) васл кардан ва расондани инсон ба Худо ва ёди Ӯст.

«لَقَدْ كانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ... ذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً»          

         "Ба таҳқиқ барои шумо дар Расули Худо улгӯи некӯст;... ва Худоро бисёр ёд мекунад."(Сураи Аҳзоб,21).

         Улгӯе, ки инсон ба он ниёз дорад, бояд дорои камолоти шойста бошад, то битавонад улӯи ҳақиқӣ ва воқеӣ қарор гирад. Касе, ки бо улгӯ қарор додани ӯ танҳо битавони зиндагии моддиро парвариш диҳӣ, наметавонад улгӯи муносиб бошад, он улгӯе шойстагии улгӯ қарор додан дар зиндагиро дорад, ки инсонро ба Худо бирасонад.

        Қуръон Пайғамбар (с)-ро раҳмат ва восита ва василаи файз ва раҳмат барои ҷаҳониён медонадд:

«وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعالَمِين»           

           "Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем." (СураиАнбиё,107).

         Пайғамбар (с) ҳангоме, ки ба тарафи Худованд мерафт, Муаммад (с) буд, ва замоне, ки ба сӯи мардум фиристода шуд, раҳмат барои ҷаҳониён шуд, на танҳо мусалмонон.

         Натиҷа

       Инсон ба улгӯ ниёз дорад, улгӯ ҳам бояд дороӣ вижагиҳо ва хусусиёте бошад, ки инсонро ба ҳадафҳои олӣ ва мутаолӣ бирасонад. Худованд дар Қуръон Пайғамбра (с)-ро улгӯи некӯ ва бебдил муаррифӣ мекунад, ки дар тамоми бахшҳои зиндагии инсон метаваонд улгӯи шойиста бошад. Пайғамбар (с) улгӯе аст, ки агар қарор бошад инсон ҳидоят ва растагор шавад, бояд қадам дар қадмгоҳи ӯ бигузорад ва ба қадри тавон рафтору гуфтор ва сулуки он Ҳазратро дар тамоми бахшҳои зиндагии худ пиёда кунад.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст