Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Асри саргардонии башар

          Мо дар асре зинадгӣ мекунем, ки башар аз ҳар замони дигар бештар гирифтор ва саргардон аст. Ин асрро асри саргардонӣ ва ҳайрати башар мегӯянд. Донишмандон мегӯянд дар ҳеҷ давру замоне башарият ба ин андоза саргардон, ноором ва гирифтор набудааст. Онҳо мегӯянд башар дар ин аср саргардон аст, аммо чаро ва ба чи иллат саргардонии ӯро натавонистаанд ба таври комил таҳлилу баррасӣ кунанд. Чӣ шуд, ки башар ба инҷо расид? Бояд таҳлил шавад. Башар дар ҳеҷ давроне ба андозаи имрӯз озод набудааст, аммо озод аз худ ва гирифтор шудани ба ғайри худ, фаромӯшии ҳақиқат ва инсоният дар инсон, озодии аз ҳақиқат ва инсоният, таваҳҳуми озодӣ бо озодӣ фарқи бузурге дорад. Вақте дин озодӣ мегӯяд ба маъони ин аст, ки мехоҳад инсонро аз ғайри худаш озод кунад, то инсон худро бишносад. Вақте дин озоди мегӯяд ба ин маъно аст, ки мехоҳад инсонро ба худи ҳақиқияш бирасонад ва ӯ ҳақиқати худро ба дур аз ҳар чизе бибинад. Агар инсон ба чунин чизе расид аз назари дини Ислом ӯ ба озоди расидааст, бар хилофи тамаддуни ғарб ва аврупо, ки озодии инсон замоне ба авҷи худ мерасад, ки ӯ аз аслу асоси худ ҷудо шавад.

          Башари имрӯз дар асари фиреби мактабҳои башарӣ, озодӣ ва ихтиёри худро аз даст додааст. Чаҳони имрӯз озодӣ мегӯянд, аммо бо қавонини худ коре мекунанд, ки танҳо як роҳ дар пеши рӯи инсони муосир қарор медиҳад, озодие ки танҳо як роҳ дорад, ва инсон маҷбур ба паймудани он аст.

          Ваҳшат ва нигаронии башари имрӯза ҳамагир шудааст, иллаташ фаромӯш кардани худаш аст. Ӯ ғайри худро ба ҷой худи ҳақиқияш қарор додааст ва худро фаромӯш кард, Худоро низ фаромӯш кард. Ҷустуҷӯи озодӣ ва оромиш аз ғайри худ, натиҷае ҷуз саргардонӣ надорад. Дар суханони бузургони дин омадааст, ки иллати саргардонӣ ва ваҳшат он аст, ки инсон оромишро дар ботил ҷустуҷӯ мекунад. Озодиро аз ғайри ҳаққ интизор дошта бошад, ки чунин чизе шуданӣ нест. Онҳо инсонро озод аз ҳақиқату инсоният мекуананд. Оё дар ботил ва ғайри ҳақ метавон оромиш ва озодӣ дошт?

          Ҳазарти Али (рз) ба Абузари Ғиффори (рз) мефармояд:

«لاَ يُوْنِسَنَّکَ إلاَّ الْحَقُّ، وَلاَ يُوحِشَنَّکَ إلاَّ الْبَاطِلُ»    

          "(Эй Абузар!) оромиши худро танҳо дар ҳақ ҷустуҷӯ кун ва чизе ҷуз ботил туро ба ваҳшат намеандозад."(Хутаби 130, Наҳҷулбалоға).

          Ваҳшати башар аз ин аст, ки дар ботил ба дунболи оромишу осоиш мегардад. Агар ботил оромиш меовард, озодии инсонро таъмин мекард ва бештарин оромишро башари имрӯз дошат, ҳол он ки донишмандон, ҳеҷ асреро ба андозаи ин аср дар сарсону саргардонии башар намедонад.

          Пас башари имрӯз, бояд худро пайдо кунад, то Худои худро пайдо кунад ва ба оромиш бирасад. Баргашт ба худ, баргашт ба арзишҳои ҳақиқии худ метавонад, инсонро наҷот диҳад.

        من‏ عرف‏ نفسه‏ فقد عرف ربّه» ‏

         "Ҳар касе худро бишносад дар ҳақиқат Худоро шинохтааст."

      Вақте худро шинохт, нафси ҳақиқии худро шинохт, ҳақиқати гумшудаи худро пайдо кард, Худоро мешиносад. Бозгашт ба худ ва пайдо кардани сиришти худ, бозгашт ба фитрати тавҳидӣ ва Худованди ягона аст, ки инсонро аз сарсону саргардонӣ ба соҳили оромиш ва итминон мерасонад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст