Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пайғамбари меҳрубониҳо

          Вақте бар як шахсияте беэҳтиромӣ ва носазо гуфта мешавад, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки чаро чунин гуфта мешавад? Иллати ин беэҳтиромиҳо чист? Бояд масъаларо фаҳмид ва баррасиву решаёбӣ крад. Барои мисол вақте бархе аз арабҳои даврони ҷоҳилият ба Пайғамбар Акарам (с) беэҳтиромӣ мекараданд ва носазо мегуфтанд далелашон ин буд, ки мегуфтанд: Ӯ омадааст ғуломон ва бардагони моро мисли мо одам ва инсон эълон бикунад ва муътақид аст, ки инсонҳо ҳамагӣ бо ҳам баробаранд, ҳеҷ касе бар дигарон бартарӣ надорад, магар бо тақво ва парҳезкорӣ, ки онҳо ҳам наметавонанд дар назди мардум иддиои бартарӣ кунанд, балки бартари онҳо назди Худованди Мутаол аст. (Суари Ҳуҷурот, ояти 13) Суханон ва гуфтаҳои ин мард боис шудааст, ки ғуломони мо фикр кунанд инсонанд ва чанд рӯзе нахоҳад гузашт, ки иддиои озодӣ кунанд, дар он сурат мо чӣ бояд бикунем? Бар ин асос ба Пайғамбр (с) носазо мегуфтанд. Рафторҳо ва суханони бехирадонаи онҳо дар оятҳои зиёди Қуръони Карим ва дар китобҳои таърихи Ислом омадааст.

      Аммо баҳс дар ин аст, ки имрӯз вақте мехоҳанд ба Пайғабар(с) тавҳин ва беэҳтиромӣ кунанд, ба дунболи чӣ ҳастанд? Магар инҳо низ тарс аз он доранд, ки бардаҳо ва ғуломонашон аз дасташон биравад? Ва идиои озодӣ кунанд? Магар инҳо худ мухолифи бардадорӣ нестанд? Пас агар посух мусбат бошад ва инҳо ҳам ҳамон тарсеро дошта бошанд, ки арбаҳои ҷоҳил доштанд ва нигарони он бошанд, ки имрӯз ҳам суханон ва гуфтаҳои Пайғабмр (с) ба гӯши мардум бирасад, бар зидди онҳо шуриш хоҳанд кард.

      Инҳо аз он тарс доранд, ки накунад башари имрӯз Пайғамбари Акарм (с)- ро улгӯ ва гуфтаҳои Ӯро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд ва аз барномаҳо ва аз ҳадафҳои шуми инҳо огоҳ шаванд ва ба суханон ва гуфтаҳои Пайғамбр (с) алоқаманд шаванд:

« لَقَدْ كانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كانَ يَرْجُوا اللَّهَ وَ الْيَوْمَ الْآخِرَ وَ ذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً...»

     "Ба таҳқиқ барои шумо дар Расули Худо улгӯи некӯст; барои касе, ки Худо ва рӯзи қиёматро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад."(Сураи Аҳзоб, ояти 21).

       Тарси онҳо ин аст, ки башарият Пайғамбр (с)-ро улгӯ бигиранд ва Худопраст шаванд ва аз аҳкоми дин, ки маслиҳати дунё ва охирати инсон дар он вуҷуд дорадро пайравӣ кунанд. Ғайр аз ин наметавонад бошад, чаро ки агар ҳадафи дигаре дошта бошанд ва бихоҳанд барои башарият хидамте карда бошанд ва эҳтироме барои ӯ қоил бошанд, рафтори Расули Худо (с) ва гуфтораш беҳтарин роҳнамо ва комилтарин барнома барои наҷоти башар аст.

       Пайғамбре, ки шабу рӯз дар ғами ин башар буд ва тамоми саъю талошаш ин буд, ки башар худро пайдо кунад ва аз парастиши бутҳо дар ҳар шаклу сурате худдорӣ кунад. Ӯ бо дилсӯзии бепоён ба дунболи наҷоти инсон аз дасти ситамгарон буд. Ҳазарти Али (рз) дар хутбае, ки Пайғамбар (с)-ро тавсисф мекунад, ҷойгоҳ ва масъулияти ӯро дар ҷомеа баён мекунад, ба дилсӯзӣ ва меҳрубонии ӯ нисбат ба башарият таъкид мекунад, ки башар дар ҳар замоне ба ӯ ниёзманд аст. Пайғамбар (с) табиб ва пезишкест, ки ба дунболи маризоне аст, ки ниёзи шадид ба табобат доранд, вале табобати рӯҳ, табибе, ки вақте инсони бемор ба табобати ӯ муолиҷа шуда бошад, дунё ва охираташ тағйир хоҳад кард, палидиҳои рӯҳиро аз ӯ дур мекунад, то барда ва ғуломи дигарон нашавад. Муолиҷа рӯҳ ва нафси инсонҳоро бар уҳда дорад, ки аслу асоси инсон аст:

"...وَ مِنْهَا طَبِیبٌ دَوَّارٌ بِطِبِّهِ قَدْ أَحْکَمَ مَرَاهِمَهُ وَ أَحْمَی مَوَاسِمَهُ یَضَعُ ذَلِکَ حَیْثُ الْحَاجَةُ إِلَیْهِ مِنْ قُلُوبٍ عُمْیٍ وَ آذَانٍ صُمٍّ وَ أَلْسِنَةٍ بُکْمٍ مُتَتَبِّعٌ بِدَوَائِهِ مَوَاضِعَ الْغَفْلَةِ وَ مَوَاطِنَ الْحَیْرَةِ..."  

      Ӯ {Пайғамбар} табибе аст, ки бо табобати худ пайваста дар гардиш аст, марҳам (даво) ва дорӯҳои худро ба хубӣ омода сохта ва абзори доғ карданро (барои сӯзондан ва дармони захмҳо) омода кардааст, то ҳарҷо ки ниёзе ба табобат дошта бошад бигузорад; бар дилҳои кӯр, бар гӯшҳои кар, ва забонҳои гунг, ӯ бо доруҳои хеш беморони ғафлатзада ва саргардонро расидагӣ ва дармон мекунад, ҳамон инсонҳое, ки аз фуруғи ҳидоят ва ҳикмат баҳрае нагирифта ва андешаи худро ба нури ҳидоят ва аъмоқи ҷони худро рушанӣ набахшидаанд.(Наҳҷулбалоға, бахше аз хутбаи 108).

         Нигарониҳои касоне, ки ии рӯзҳо ба Пайғамбар (с) тавҳину носазо мегӯянд нигаронии ҳамон касоне аст, аз ин метарсиданд, ки Пайғамбар (с) бардагонро инсон мешумоард ва барои онҳо арзиш ва ҳамият қоил аст. Агар ғайр аз ин бошад анбояд кӯчактарин беэҳтиром ба Пайғамбар (с) бикунанд. Касе ки иддао мекунанд, ки инсондӯстанд аст, бояд аз касоне, ки инсонятро ба башар омӯхт эҳтирому арзиш қоил бошанд.

Идома дорад....

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст