Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Коронавирус ва тамаддуни ғарб

(Қисмати дуввум)

          Дар қисмати гузашта баҳс шуд, ки коронавирус гӯшае аз ояндаи тамаддуни ғарбро дар экрани худ нишон дод; тамаддуне, ки бештарин ҷои дунёро фаро гирифтааст ва дар он муҳаббат ба ҳамдигар дар ҳоли аз байн рафтан аст. инсонҳо нисбат ба ҳамдигар бетафовут мешаванд, дилат мехоҳад дар ҷанозаи азизонат ширкат дошта бошӣ, аммо ақлу хирадат иҷозаат намедиҳад, ё вақтат иҷоза намедиҳад. Тамаддуне, ки оромишу осойиш аз инсон гирифта мешавад, инсон дар ин тамаддун рӯз то шаб медавад, то ба оромиш биарсад, аммо бехабар аз он ки ин тамаддун дар зоташ барои инсон вожае ба номи оромишро таъриф накардааст, тамаддуне, ки инсони Худопарастро ба инсони дунёпараст табдил кард ва дунёпарастӣ худро бар он ҳоким кард, дар чунин тамаддуне оромишу осойиш барои инсон вожаҳои ноошино ва орзуи дастнаёфтанӣ аст, ҳамон тавре, ки худ бар ин иддао иқрор мекунанд, ки дар тамаддуни имрӯза инсон аз ҳар замони дигар аз набуди оромиш ранҷ мебарад.

          Ин натиҷаи фардгароии ин тамаддун аст, инсон дар ин тамаддун ба унвони фарде таъриф мешавад, ки худбунёд аст, касеро банда ва абд нест, худашро парастиш мекунад, дар ниҳоят инсони бурида аз осмон ва нигоҳ ба замин дорад.

          Ҳол он ки Қуръон ва аҳодиси исломӣ оромишро танҳо дар ёду зикри Худо медонанд:

«الَّذِينَ آمَنُوا وَ تَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوب»

          "[Ҳамоно] Касоне, ки имон оварданд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад; огоҳ бошед! Фақат бо ёди Худо дилҳо ором мегирад."(Сураи Раъд, ояти28).

          Инсоне, ки тамаддуни имрӯзаи ғарб ва либерол муаррифӣ мекунад, дар асл ҳамон шахси мунофиқе аст, ки Қуръон муррифӣ кардааст, хоста ё нохоста ин ду дар ниҳоят як шахс мешаванд. Инсони гирифтор дар тамаддуни ғарб ҳамон хусусиётеро дорад, ки шахси мунофиқ дар муаррифии Қуръон дорад, яъне инсони бурида аз осмон ва рӯ ба замин, бар хилофи инсони мӯъмин, ки рӯ ба осмон дорад, тарсу ваҳшат, набуди оромиш дар заиндагӣ аз хусусиёти инсони мунофиқ аст, мунофиқ ҳамеша аз тарси ин ки чеҳраи ҳақиқияш ошкор шавад дар ҳарос аст.

          Дар тамаддуни ғарб инсон бидуни имон рушд мекунад, тамаддуне, ки инсонияти инсон мавриди бемеҳри қарор гирифтааст, ҳамонанди мунофиқ, ки аз имон ва Ислом зоҳирашро қабул дорад ва ҳақиқаташро мункир аст, инсони муаррификардаи тамаддуни ғарб ҳам дар зоҳоир мисли дигарон аст, вале дар ҳақиқат масхшуда аз инсоният аст, ин боварашонро шояд бо сароҳат нагӯянд, аммо ҳақиқат ҳамин аст.

          Дар бовари инсон тарбиятшуда дар тамаддуни ғарб, пешрафт вақте иттифоқ меафтад, ки инсон аз мафоҳим ва арзишҳои қудсӣ ва илоҳӣ фосила гирифта бошад, ин аз боварҳояшон аст, медони яъне чӣ? Яъне ҳамон чизе, ки имрӯз коронавирус гӯшае аз онро нишон медиҳад, вақте инсон аз маориф ва мафоҳими арзишӣ ва қудсӣ даст бардорад, бераҳму ситамгар мешавад, ба ҳар коре даст мезанад, коре ки имрӯз коронавирус ба миллатҳо мекунад.

          Коронавирус метавоанд як талангуре барои башар бошад, башаре, ки дар зиндагияш хилватҳо бо Худо ба ҳадди ақал расидааст. Инсон ба ҳама таваҷҷӯҳ дорад, ҷуз худаш ва ҷудо шудан аз худи ҳақиқӣ ва Худояш ҳар рӯз бештару бештар мешавад. Ормонҳои динӣ ба фаромӯши супурда шудааст. Зулму ситам ба ҳадди васеъ ва густарда шудааст, ки садои мазлум ба гӯши касе намерасад. Озодии инсон ба қадре аз баландгӯҳо бо садои баланд гуфта мешавад, ки ҳеҷ садои озодихоҳе ба гӯши дигарон намерасад, маргар ин ки онҳо бихоҳанд ва садои баландгӯи худро хомӯш кунанд, ки намекунанд!. Ҳоло вақташ аст, ки аз ин рӯзҳои карантина ва хилват башар бо худ андеша кунад, то дубора худро пайдо кунад, чаро ки дар балоҳо ва сахтиҳо инсон ба Худо муроҷиат мекунад, бар хилофи замоне ки аз неъмат бархурдор аст, ҳамон тавре ки Худованд мефармояд:

«وَ إِذا أَنْعَمْنا عَلَى الْإِنْسانِ أَعْرَضَ وَ نَأى‏ بِجانِبِهِ وَ إِذا مَسَّهُ الشَّرُّ فَذُو دُعاءٍ عَريضٍ»

             "Ва ҳангоме, ки ба инсон неъмат додем, рӯй гардонад ва худашро дур созад; ва чун бадӣ ба ӯ расад, пас, соҳиби дуои бисёр шавад." (Сураи Фуссилат, ояти51).

          Суханро дароз накунем, фақат бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки агар қарор бошад бо тамаддуни ғарб зиндагӣ кунем ва тамаддуни ғарбро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем, оё метавонем диндор буд? Асосан мешавад, бо тамаддуне, ки дар инҷо гуфта шуд, шарти пешрафтро даст бардоштани инсон аз арзиши қудсӣ ва фосила гирифтан аз онҳо медонад, диндор буд? Оё инсон метавонад дар ду тамаддун зиндагӣ кунад? Бо яке нон бихӯрад ва дар дигари бандагии Худо кунад? Агар чунин чизе мешавад, фарқаш бо фарди мунофиқе ки дар пушти сари Расулуллоҳ (с) намоз мехонад ва бо душмани Расулуллоҳ (с) дар як табақ таом мехурад чист? Агар чунин чизе зарар надорад ва инсон метавонад чунин бошад, набояд мунофиқ ҳам мазаммат шавад.

          Дар интишор ин матлаб саҳм дошта бошед, шояд мо вақти андеша карданро надошат бошем, вале бошанд касоне, ки барои комил кардан ва густаришаш қадамҳои беҳтаре бардоранд.

Идома дорад....

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст