Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эй кош хок будам!

         Инсони хоксор аз ин ки хоксор аст ва нисбат ба дигар афрод кибру худбартарбинӣ надорад, ҳаргиз пушаймон намешавад. Касоне, ки дар ин дунё хоксор ва мутавозеъ нестанд ва худро аз асли хеш ки хок аст, намедонанд, либоси кибру ғрур бар тан мекунанд, дар рӯзи қиёмат орзӯ мекунанд, ки эй кош хок будем. Орзу мекунанд, ки эй кош хоксор будем ва нисбат ба дигарон кибру ғурур надоштем ва нисбат ба дин ва дастуроташ мутавозеъ будем! Орзӯ мекунанд, эй кош дар баробари Худо сар фурӯд меовардем ва аз истикбор ва такаббур дурӣ мекардем!

        Мутакаббирон ва касоне, ки дар дунё носипосии Худоро мекунанд ва бар ҳақиқат кофир мешаванд, дар рӯзи қиёмат вақте азоби Парвардигорро мебинанд, мегӯянд:

... يَوْمَ يَنْظُرُ الْمَرْءُ ما قَدَّمَتْ يَداهُ وَ يَقُولُ الْكافِرُ يا لَيْتَنِي كُنْتُ تُراباً

        "Рӯзе, ки инсон он чиро аз пеш фиристодааст, бингарад ва кофир гӯяд: «Эй кош ман хок будам!»" (Сураи Набаъ, ояти 40)

        Кофирон ва мутакаббирон вақте аъмоли бади худро мебинанд ва дар маҳкамаи адли Худованд ҳамаи ончиро, ки анҷом додаанд ҳозир мешаванд ва бар зиддаш шаҳодат медиҳанд, фарди мутакаббир чунин орзӯ мекунад, ки эй кош хоксор ва мутавозеъ буд ва дар баробари Худо сари таъзим фуруд меовард!

          Чаро ки инсон аз хоксорӣ ва фурӯтанӣ зарар ва зиёне намебинад, инсони хоксор дар анҷоми аҳком ва дастуроти илоҳӣ кӯтоҳӣ намекунад ва мутавозеона онҳоро мепазирад.

           Ин ки мегӯянд фалон инсон хоксор аст, яъне чӣ? Мехоҳанд бо нисбат додани ин хислат ба фарде чӣ чизеро дар ӯ собит кунанд?

          Мақсад аз ин сухан ин сат, ки ӯ ҳақиқати худро фаромӯш накардааст, мутавозеъ аст, дар баробари Худо фурӯтанӣ мекунад. Инсон вақте, ки ба асли хеш барнагардад дар ҳастрат зиндагӣ мекунад, лизо чи беҳтар аз ин ки дар ҳамин дунё асолати худро пайдо кунад ва бар асолати хеш зиндагӣ кунад, то ин ки ҳасрат ва орзӯяш дар қиёмат бароварда нашавад.

           Мардони илоҳӣ ва инсонҳои парҳезкор ҳамеша кушиш ва талошашон ин буда, ки дар ҳамин дунё худро пайдо кунанд ва ба дунболи тарбияти хеш бошанд, сифот ва хислатҳои некӯеро, ки бархоста аз фитрати поки инсонӣ аст, дар худ зинда нигаҳ доранд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

Ҳар касе, к-у дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

       Сифоти пасту разила ҳамонанди худбартарбинӣ, кибру ғурур ва ҳар сифати пасти дигаре, аз аслу асос моли инсон нестанд. Инсон дар асари дур мондан аз асли худ ба тарафи инҳироф ва пастӣ кашида мешавад.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст