Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 Фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн (а)

           Хуни Имом Ҳусайн (а) рехта шуд ва наҳзати ӯ анҷом гирифт ва ба натиҷа расид, то бандагони гумроҳ ва касоне, ки дар залолат зиндагӣ мекарданд ва он иҷтимои саргардон, он уммати нодон ва бехабар аз он вазъи асафбору дарднок наҷот пайдо кунанд, то уммати мусалмон нисбат ба ситамгарон дар ҳар либосу найранге басирату огоҳӣ пайдо кунанд. Уммати Ислом аз гумроҳӣ ва залолате, ки бани Умая ба вуҷуд оварда буд огоҳ шаванд, то бидонанд ба куҷо мераванд, неруӣ инсонии худро дар ихтиёри чӣ қудрате қарор медиҳанд? Ин ҳокиме, ки ба исми Ислом бар онҳо ҳукумат мекунад, чи золиму ситамгар аст.

           Инҳо ҳадафи қиёми Имом Ҳусайн (а) аст, ҳамон тавре, ки дар зиёрати арбаӣн омадааст, ки мефармояд: "وَبَذَلَ مُهْجَتَهُ فِيكَ" Яъне хитоб ба Худованд зоирони Имом (а) мегӯянд: (Худоё!) Имом Ҳусайн (а) хун ва ҷонашро дар роҳи Ту дод (ҷонашро дар роҳи Ту базлу бахшиш кард); " لِيَسْتَنْقِذَ عِبَادَكَ مِنَ الْجَهَالَةِ"; то бандагонатро аз ҷаҳолат наҷот диҳад;

         "وَ حَيْرةِ الضَّلالَةِ" ва онҳоро аз саргардонии бархоста аз залолату гумроҳӣ наҷот дод.

     Пас агар ҳадафи Имом Ҳусайн (а) бедор кардани уммати хобида ба хоби ғафлат будааст, пайравон ва дӯстдорони он Имом ҳам бояд дигаронро аз хоби ғафлат бедор кунанд, то дар залолат ва гумроҳӣ намонанд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст