Андешаи динӣ
Мӯъминони хирадманд таҳти таъсири аксарияти ботил қарор намегиранд!.
Дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем, ки ботил ва фасод чеҳраи зебо ва фиребанда худро ба намоиш гузоштааст, то мӯъминон ва мусалмононро таҳти таъсири барномаҳои шайтонии худ қарор диҳад ва бо ин шева ҳақ ва ҳақпарастонро аз ҷомеа ба таври комил нобуд кунанд. Аммо Қуръон дар хитобе ба мӯъминони хирадманд посух додааст, ки чунин нест ва набояд фиреби фосидон ва ботиландешонро бихӯред.
«قُلْ لا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَ الطَّيِّبُ وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ فَاتَّقُوا اللَّهَ يا أُولِي الْأَلْبابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون»
“Бигӯ: «Палиду пок баробар нест ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад. Пас, эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед”.
Тафсир ва нуктаҳо
1. Мелок дар арзишҳо, ҳақ ва ботил аст, на зиёду кам будани афрод. "وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيث" "ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад."
2. Хитоб дар ин оят мӯъмионони парҳезкор ва аҳли хирад ҳастанд, Пайғамбар (с) сухани Худоро ба мӯъмионон мерасонад. "قُلْ" "бигӯ."
3. Аксарият ва зиёдии афроди душман фиребанда аст, хирадманд бошем "أَعْجَبَكَ". "туро ба шигифтӣ андозад."
4. Омили растагорӣ тақво ва парҳезкорӣ аст, хирадмандон бояд таваҷҷӯҳу диқати лозимро дошта бошанд.
"فَاتَّقُوا اللَّهَ يا أُولِي الْأَلْبابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون" "Пас, эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед."
5. Сухане, ки мегӯяд: Хоҳи нашаваи расво ҳамранги ҷамоат бош; умумият надорад ва дар ҳама ҷо корбурд надорад. Дар ҷомеае, ки ҳама бедин бошанд, наметавон гуфт, чун ҳамаи ҷомеа бединанд, пас ман ҳам аз дини ҳақ даст мекашам, "وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ" " ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад."
Натиҷа:
Дар баъзе аз замонҳо ва маконҳо мардум таҳти таъсири зиёд будан ва кам будани ҷамъият қарор мегиранд ва аксариятро ҳақ ва ба он тамобюл пайдо мекунанд. Фикр мекунанд, ки агар аксарият ба ҳар матлабе тамоюл пайдо карданд, метавон ба он гиройш дошт ва ин ҷамъияти зиёдро нишонаи дурустӣ ва ҳақ будани он матлаб донист. Дар ҳоле ки дар нигоҳи Қуръон чунин боваре ғалат аст. Дар нигоҳи Қуръон инсон бояд аввал ҳаққро бишносад ва баъд он ҳақро тарафдорӣ кунад ваа як инсон ба танҳоӣ метавонад ҳақ ва мудофеи ҳақ ва тамоми ҷомеа бар ботил ва гумроҳӣ бошад, ҳамонанди Ҳазрати Иброҳими Халил (а). Инсон бояд аввал ҳақро аз ноҳақ ташхис даҳад, то ҳақро баргузинад (хабис ва тайб, ҳақ ва ботил) Ислом ҳамвора кайфиятро арзишманд донистааст, на камияти бехосиятро ва ҳар куҷо ҳам ки камиятро гуфта, кайфиятро фидо накардааст. Лозим аст бидонем, ки тоғутҳо ва мустакбирон мардумро бо чунин шевае фиреб карданд ва дар муқобили Пайғамбарони иллоҳӣ истоданд ва нагузоштанд, ки ҳақ ба гӯши мардум бирасад.
Лозим аст бидонем, ки аксарияти ҷамъият мелоки санҷиши дурустӣ ва ё нодурустӣ нест, ҳарчанд ки дар миёни мардум бо чунин шевае қазоват шавад ва касе, ки дар муқобили ҷамъият биистад хушашон намеояд.
Қуръон дар ҷойҳои зиёде ёдовар мешавад, ки инсонҳои пок ва мӯъмин дар танҳоӣ ва ё бо иддаи каме дар ҳошия қарор мегирифтанд ва олудаҳо дар атрофи худ ҷамъиятеро ҷамъ карда буданд ва бо ҳам ба Пайғамбарони иллоҳӣ ва дустдорони Худо санг мезаданд.