Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Имом Ҳусайн (рз) ҳайф шуд ё харҷи дин?

           Вақте як бузурге ё ҷавоне аз дунё мегузарад, дигарон афсус мехӯранд ва мегӯянд ҳайф шуд ва ё вақте як фарди боистеъдоде, ки ба марҳалае аз дониш расидааст, ки метавонад хидмати бузурге барои башарият кунад ногаҳон аз дунё меравад, ҳама мегӯянд: Ҳайф шуд, эй кош зинда мемонд!. Оё дар мавриди Имом Ҳусайн  ризвони илоҳӣ бар ӯ бод, метавон гуфт ҳайф шуд бо ёрон ва фарзандонаш ба таври фаҷие ба шаҳодат расид ё на? Бояд гуфт, ки Имом ҳайф нашуд балки харҷи дин ва арзишҳои илоҳӣ ва мактаби тавҳиду яктопарастӣ шудааст?

            Барои посухи ингуна саволҳо бояд гуфт: Барои ҳифзи дин ва барои мондагории тавҳиду яктопарастӣ, ҷони Пайғамбарон (а) ҳам гирифта шавад арзиш дорад, ки ҷонашонро тақдим кунанд ва динро аз таҳриф ва ё аз дасти ситамгарон наҷот диҳанд, ҳамон тавре ки дар тӯли таърих чунин будааст. Яъне пайғамбаре меомад ва ситамгарон онро мекуштанд, вале боз Худованд пайғамбар мефиристод!. Худоё мустакбирон фиристодаатро куштанд, чаро  дубора мефиристӣ? Бигузор золимон аз дунё бираванд ва камтар шаванд, баъд пайғамбаратро бифирист ва он ситамгаронро ба ҳалокат бирасон, баъд пайғамбаратро бифирист. Ситамгарон ва золимон беҳтарин инсонҳоро ба қатл мерасонанд. Худованд мегӯяд на; иттифоқан ҳар куҷо зулм бештар шавад ва золимон бештар саркашӣ кунанд, ба ҳамонҷо пайғамбар мефиристам.

«اذْهَبْ إِلى‏ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغى»            

             "Ба сӯи Фиръавн бирав, ки қатъан ӯ туғён кардааст»"(Сураи Тоҳо, ояти 24)

           Барои ин ки инсонҳо аз зери зулму ситами ситамгарон наҷот пайдо кунанд, то битавонанд бандагии Худоро кунанд, ҳатто агар пайғабаре кушта шавад, Худованд дубора пайғамбари дигаре мефиристад, то дин ва диёнат ҳифз шавад, ҳамон тавре, ки дар ривоятҳо омадааст, ки Бани Исройл пайғамбарони зиёдеро куштанд, вале Худо боз барои онҳо пайғамбар фиристод. Яъне асл ва асос мондагории дин аст, ки ба ҳар тариқе, ки шуда бояд ҳифз шавад, чаро ки танҳо роҳе ки инсониятро наҷот медиҳад ва ба саодат ва растагорӣ дар дунё ва охират мерасонад, дини ҳақ ва ҷамъ шудни башарият бар меҳвари тавҳид ва яктопарастӣ ва амал кардан ба дастуроту аҳкоми он аст.

            Ин ки гуфта мешавад Пайғамбарон (а) оамдаанд, ки зинадгии пас аз маргро обод кунанд, суханест бисёр дуруғу беасос ва туҳмате аст бар Худо ва фиристодагонаш. Дин агар дар ҷомеа ба таври шойста ва он гуна ки Худованд гуфтааст амал шавад, дунё ва охирати ҳамаи инсонҳоро обод мекунад. Пайғамбарон (а) омадаанд, то дунё ва охирати инсонро биҳишт кунанд, на танҳо охираташонро. Роҳи биҳишт аз ҷаҳаннами дунё намегузарад, набояд инро фаромӯш кард, дар ҷомеае, ки дин ба таври комил амал шуда бошад ва золимон аз он ҷомеа берун карда шуда бошанд, қатъан инсонҳо рушд мекунанд оромиш, амният ва ҳамаи арзишҳои инсонӣ ба ҳадди аълои худ мерасад. Иззату обрӯи инсон ҳифз мешавад.

            Дар ҷомеае, ки дину диёнат набошад ва золимон ҳоким бошанд, ҳеҷ кас оромиш ва осоиш надорад, аз ҳамдигар тарсу ваҳшат доранд, инсонҳо мисли гурге мешаванд, ки аз ҳамдигар тарс доранд, ки мабодо ба ман ҳамла кунад, ҳеҷ кас ба дигарӣ эътимод надорад ва матлаби муҳим ҳам ин ки, на танҳо фақирон ва ниёзмандон оромиш надоранд, золимоне ки бар дигарон зулм мекунанд, ҳам оромиш надоранд.

            Дар мавриди пурсише, ки гуфта шуд: Оё Имом Ҳусайн (рз) ҳайф шуд ё харҷи дин? Бояд гуфт, Имом харҷи дин шуд, хунаш ҳадар нарафтааст, харҷ дар ҷое аст, ки макон ё чизеро обод карда бошанд, вале ҳайф шуда бошад, яъне нобуд ва ҳадар рафта бошад. Имом харҷи дин шуд ва динро обод кард ва мактаберо, ки Худованд барои ҳокимияти он ҳазорон пайғамбар фиристод, бо хуни худ дубора эҳё ва зинда кард. Имом Ҳусайн (рз) мактаб ва роҳеро, ки Худованд барои саодату растагории инсонҳо фиристода буд, бо хуни худ обод кард, пас хунаш ҳадар нарафтааст, балки харҷ шудааст. Имом дақиқан ҳамон кореро кард, ки Худо дастур дада буд, на ба Имом балки ба ҳами мӯъминон ва мусалмонон. Худоавднд дар Қуръон ба достони Ҳазрати Мӯсо (а) ишора карда мегӯяд:

«اذْهَبْ إِلى‏ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغى»             

                "Ба сӯи Фиръавн бирав, ки қатъан ӯ туғён кардааст»."(Сураи Тоҳо, ояти 24).

            Худованд дар ин оят ба мусалмонон мегӯяд: Шумо ҳам вақте ки Фиръавн ва ситамгари замонаатон туғён ва зулм кард, дар муқобилаш биистед! Ҳар чанд Имом Ҳусайн (рз) аз ҳар каси дигар ба ин қиём сазовортар буд ва худ ҳам ба он ишора кардааст, вале ин дастури Худованд аз гардани дигарон бардошта намешавад, ҳамон тавре, ки ҳамаи инсонҳо ба намоз хондан ва дигар дастуроти Худованд мукаллаф шуданд, ба мубориза бо золимон ҳам мукаллаф шуданд.

            Паёми ин оят он аст, ки ҳар вақте Фиръавн ва ҳокими замони шумо туғён кард ва монеъи бандагии Худо шуд, дар муқобилаш биистед ва нагузоред динро нобуд кунад. Монеи бандагии Худо шудан гоҳе ҳамонанди Фиръвн аст, ки мегӯяд маро парастиш кунед, гоҳе бо тарвиҷи фасод ва беадолатӣ ва бастани ибодатгоҳо ва чизҳое, ки инсонҳоро аз ёду бандагии Худо манъ мекунад.

            Имом Ҳусайн (а) дар суханони худ ба ин таъкид кардааст, ки дар чунин ҷомеае инсон наметавонад зиндагӣ кунад, пас марг беҳтар аст, аз зиндгие, ки инсон дар он хору залил шавад. Имом мефармояд:

«أَلا إِنَّ الدَّعِی  بْنَ الدَّعِی  قَدْ رَکَزَ بَیْنَ اثْنَتَیْنِ بَیْنَ السِّلَّةِ وَ الذِّلَّةِ وَ هَیْهاتَ مِنَّا الذِّلَّةُ»        

           “Огоҳ бошед, ки фарди фурӯмоя ва паст фарзанди фурӯмоя ва паст, маро дар байни дуроҳӣ шамшер ва зилат қарор додааст (ман ё бояд байат кунам ва залилона зиндагӣ куанм ва ё бо шамшери душман кушта шавам) ҳайҳот ва ҳаргиз ки мо зери бори зиллате биравем”.

             Ё дар ҷои дигар ҳангоме ки таҳдид ба марг шуд, дар лаҳзаҳои поёни рӯзи ошӯро  гуфт:

           Ман аз марг тарсе надорам, марг роҳаттарин роҳ барои расидан ба иззат аст. Марги бо иззат, ҳаёти абадӣ аст ва зиндагӣ бо зиллату хорӣ, марги воқеӣ аст... (Суханони Ҳусайн Ибни Али (а) аз мдина то карбало).

           Имом бо ин қиёми худ ба башарият омӯхт, ки агар мехоҳед, ки нобуд нашавед, бояд дар роҳи дин ва ҳимоят аз дини ҳақ харҷ шавед, то мондагор шавед, ҳар гоҳ ки Фиръвни замонатон ва мустакбироне, ки дар миёнатон ҳастанд, туғён ва саркашӣ карданд, дар муқобилашон биистед. Ҳукуматеро, ки Язид ва дигарони мисли ӯ дар он ҳоким бошад инсон наметавонад оромиш дошта бошад ва ба ҳар тариқе, ки шуда мавриди зулму ситам қарор мегирад. Дар ҷомеае, ки золимон ҳокимият доарнд инсонҳои солеҳ наметавонанд зиндагӣ кунанд, ҳар чанд зинда бимонанд ва ба дасти золимон кушта нашаванд.

          Пас натиҷа ин шуд ки, инсон дар роҳи Худо ҳарчи бидиҳад ҳатто ҷони худро, ҳайф намешавад ва хасорату зиён надоард, балки харҷ мешавд ва пояҳои динро бо хуни худ обёри мекунад ва дарахти Исломро қудратманд мекунад. Имом Ҳусайн (рз) дар қиёми худ ба дастури Худованд амал кард ва ҳамон амреро иҷро кард, ки Худованд дар Қуръони Карим худ таъкид кардааст. Дин ва башариятро аз дасти душманоне наҷот дод, ки роҳи Фиръвн ва ҳадафҳои ӯро дунбол мекрданд, лизо худ ва  аҳлибайти Пайғамбр (с) ва ёронаш барои ҳамеша дар таърих мандагор шуд ва харҷи дин шуд, то инсоният ва арзишҳои илоҳӣ ва инсонӣ бар инсон ҳукумат кунад.

            Имом Ҳусайн (рз) барои башарият омӯхтанд, ки Қуръон барои мо достони Ҳазрати Мӯсо (а) ва дигар Пайғамбарон (а)- ро қиса накардааст, то ба хоб равем, балки қиса карда, то бедор шавем ва аз онҳо дарси ибрат бигирем ва зиндагии саодатмандонаро биомӯзем.

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст