Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳидояти инсон

Чаро Худованд дар ҳидояти инсон тағйири равиш дод?

         Худованди Мутаол бо дасти худ ҷаҳони ҳастиро тадбир мекунад, ҷаҳони ҳастӣ бо ҳамаи мавҷудоташ бо иродаи Ӯ дар ҳаракат аст. Тамоми мавҷудот дар масири ҳаракат ва ҳидояти худ бо қонуни ғайри қобили тағйир роҳнамоӣ мешаванд; яъне ҳеҷ ихтиёр ва иродае барои интихоби роҳи ҳидоят ва залолат надоранд, хуршеду моҳтоб заррае аз ҳидояти Худо хориҷ намешаванд, аз худ иродае надоранд, ки агар бихоҳанд аз фармон саркашӣ кунанд, вале савол дар инҷо ин аст, ки Чаро Худованд дар ҳидояти инсон, ки ба унвони ҷонишини худ дар замин аст, тағйири равиш дод? Чаро ҳамонанди дигар мавҷудоте, ки дар табиат ҳаст, инсонро ҳидоятшуда наофарид, балки барои ӯ ду роҳ, ҳидоят ва залолат, хубиҳо ва бадиҳоро қарор дод ва интихоби ҳар кадомро барояш қарор дод?

«وَ هَدَيْناهُ النَّجْدَيْنِ»       

             "Ва ӯро ба ду роҳи [хайру шар] роҳнамоӣ кардем."(Сураи Балад, ояти 10)

            Дар посух бояд гуфт: Худованд инсонро ҷонишини худ дар рӯи замин қарор дод. Инсоне, ки метавонад ҳидоят ва ислоҳ ё залолат ва фасодро дар замин интихоб кунад. Инсон бо озодӣ ва тавоноие ки дорад, Худованд дар ӯ қудрати андеша ва тафаккур қарор дод, то бо ду масире, ки дар пеши рӯй дорад, арзишҳои худро нишон диҳад.

«إِنَّا هَدَيْناهُ السَّبِيلَ إِمَّا شاكِراً وَ إِمَّا كَفُورا»         

         "Дар ҳақиқат, Мо ӯро ба роҳ роҳнамоӣ кардем, ё шукргузор аст ва ё носипос. (Сураи Инсон, ояти 3)

          Худованд ба инсон хубиҳо ва бадиҳо, некиҳо ва зиштиҳо, адолат ва зулмро ваҳй кард.

«فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَ تَقْواها»       

         “Пас, гуноҳкориаш ва парзеҳгориашро ба ӯ илҳом кард.” (Сураи Шамс, ояти 8)

         Шояд ин вижагӣ (иродаи интихоби роҳ) дар инсон сабаби нороҳатӣ ва эътирози фариштагон шуда бошад, чаро ки эҳтимоли инҳироф ва фасод дар инсон, ки қарор аст, ҷонишини Худо дар замин бошад вуҷуд дорад, лизо аз фасод ва хунрезии он дар замин фариштагон нигарон шуданд. Ин мавҷуде, ки Худо ҷонишинаш хонд, ҳидояташ тазмини сад дар сади нест, эҳтимоли инҳироф бисёр зиёд аст, чаро ки қонуне ӯро тахалуфнопазир накарадааст. Шояд имрӯз дар роҳи ҳидоят ва рӯзе ҳам дар масири гумроҳӣ қадам гузорад.

        Эътироз ва ё тааҷҷуби фаришатагон аз ин буд, ки чаро Худованд ҷонишини худро ҳамонанди дигар мавҷудот наофарид, ки ҳидояташ тахаллуфнопазир бошад ва ба зулму ситам ва ба фасоду хунрезӣ наздик нашавад. Мисли дигар мавҷудоти табиат; хуршед, моҳ, ситора ва ... ки наметавонанд аз масири таъйиншуда тахаллуф кунанд ва аз фармони илоҳӣ сарпечӣ кунанд. Фариштагон матлаберо матраҳ карданд, ки дур аз интизор нест ( фасод ва хунрезӣ дар замин) лизо бо ин далел, ки инсон чунин аст, ба таври ғайри мустақим худро ҷонишини шойста муаррифӣ карданд.

وَ إِذْ قالَ رَبُّكَ لِلْمَلائِكَةِ إِنِّي جاعِلٌ فِي الْأَرْضِ...»        

        “Ва ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман ҳатман дар замин ҷонишине қарор медиҳам»”.

       Ин сухани барои фариштагон сангин буд ва бо эътироз гуфтанд: гузинаи интихобшуда муносиб нест! Чаро? Чун эҳтимоли мунҳариф шудан ва фасоду хунрезӣ дар ӯ вуҷуд дорад, бо ин истидлол бояд ҷонишин тағйир кунад ва мо гузинаи беҳтар мешиносем, ки худамон ҳастем.

«...قالُوا أَ تَجْعَلُ فِيها مَنْ يُفْسِدُ فِيها وَ يَسْفِكُ الدِّماءَ وَ نَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَ نُقَدِّسُ لَكَ...»        

        "[Фариштагон] гуфтанд: «Оё дар он ҷо касеро қарор медиҳӣ, ки дар он фасод кунад ва хунҳо бирезад? Ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ ёд мекунем!»"

        Худованд посух дод:

«...قالَ إِنِّي أَعْلَمُ ما لا تَعْلَمُونَ...»             

       "Фармуд: «Дар ҳақиқат, Ман чизеро медонам, ки шумо намедонед»."(Сураи Бақара, ояти30)

          Худованд чӣ чизеро аз фариштагон пинҳон карда буд, ки фармуд шумо намедонед? Шояд ва ончи аз оятҳои дигар ба даст меояд ин аст, ки Худованд инсонро раҳо накардрааст, балки бо қарор додани ин вижагӣ дар ӯ арзишашро боло бурд. Худованд дар равиши ҳидоят тағйире дод, ба ҷои ин ки дар як қонуни тағйирнопазир ҳидоятеро қарор даҳад, ӯро ба ду роҳ раҳнамун кард ва худ таълим ва тарбияташро бар ӯҳда гирифт.

«إِنَّ عَلَيْنا لَلْهُدى»             

           "Ҳамоно ҳидоят бар ӯҳдаи Мо аст;" (Сураи Лайл, ояти12).

          То инсон вуҷуд ва ҳақиқати олами ҳастиро бо ихтиёри худ дарк кунад ва саранавишташро бо дасти хеш бисозад ва дар масири ҳидояти илоҳи болотар аз ҳар мавҷуди дигар, ҳатто ҳамон фаришатгоне, ки эътироз кардаанд шавад. Дар воқеъ Худованд бо тағйири равиш ва шеваи ҳидоят, рушд ва таоли бепоёнеро барои инсон қарор дод ва мақомеро барои ӯ дод, ки дигарон аз он мақом ва аз он ҷойгоҳ бенасиб шуданд ва дар хидмати инсон ва ҷонишини Худо қарор гирифтанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст