Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қиёми Имом Ҳусайн (а)

           Агар қиёми Имом Ҳусайн (а) набуд ва ӯ мисли дигарон ба ибодат машғул мешуд чӣ мешуд?

             Дар ин ки қиёми Имом Ҳусайн (а) дар ҳифзу ислоҳи дини Ислом таъсири бисёр муҳиме доштааст, касе наметавонад шак кунад, вале баҳс дар инҷо ин нест, ки ин қиём чи таъсире дар ҷаҳони Ислом ва ғайр он доштааст, баҳс ин аст, ки агар қиёми Имом набуд ва Имом ҳам ҳамонанди дигар бузургон дар хонаи хунд менишаст, вазъияти Ислом чӣ мешуд? Оё ҳақиқате аз Ислом боқӣ мемонд ва ё зоҳираш ҳифз ва ботинаш холӣ ва бемаъно мегардид?.

            Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Агар қиёми азими Имом набуд, имрӯз бо як Исломе рӯ ба рӯ будем, ки зоҳир дошт, вале асос ва ҳадафи аслие, ки Ислом дорад дар он набуд. Қиёми Имом Ҳусайн (а) ба Ислом рӯҳу ҷони дубора бахшид ва ҳақиқати Исломро баргардонд ва аз чанголи Бани Умайя ва аз дастони палиди Язид ибни Муовия наҷот дод. Язид як фард набуд, ки агар ҳам баъд аз чанд сол ба ҳалокат мерасид, Ислом ба ҳақиқати худ боз мегашт, балки як фикр, мактаб ва мазҳаб буд, ки агар пирӯз мешуд ва ҳар вақте агар пирӯз шавад, як Исломе барои мусалмонон ва ҷаҳониён муаррифӣ мекард, ки ҳеҷ муҳтавое аз он Исломе, ки Пайғамбар (с) овардаро надошт.

           Исломе ки бо ҳеҷ золим ва ситамгаре коре надошт, мусалмонӣ ва диндорӣ як чизи фардӣ мешуд ва аз ҷомеа ба таври куллӣ берун мешуд. Дине, ки ҳар золимеро метавонист таҳаммул кунад, бидуни ҳеҷ маҳдудияте, ба ҷой ин ки дин барои ҳокимон қонун таъйин кунад, то ҳокимон халифаи Расули Худо (с) бошанд, барои дин қонун таъйн мекарданд. Ба ҷои ин ки мусалмонон ба дастуроти дин таваҷҷӯҳ ва диқат дошта бошанд, ба қвонине, ки ҳокимон барои дин муайян мекарданд эҳтиром мегузоштанд. Дар инҷо дигар Ислом он идаое, ки барои роҳнамоӣ ва ҳидояти башар доштаро наметавонист бароварда кунад ва дунё ва охират мусалмононро обод кунад.

          Ин ки Расулуллоҳ (с) фармуданд ки Ҳусайн аз ман ва ман аз Ҳусайнам дар инҷо тафсираш равшан мешавад, ки чи тавр Ҳусайн аз Пайғамбар (с) аст ва Пайғамбар (с) аз Ҳусайн?

«...حُسَيْنٌ مِنِّي وَأَنَا مِنْ حُسَيْنٍ، أَحَبَّ اللَّهُ مَنْ أَحَبَّ حُسَيْنًا، حُسَيْنٌ»        

           Расулуллоҳ (с) фармуданд:” Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Худованд дӯст бидаорад касиро ки Ҳусайнро дӯст бидорад.”

             Посух ин аст, ки Имом Ҳусайн (а) аз насл ва аз решаи Пайғамбар (с) ва аз шохаҳои дарахти нубувват ба шумор меояд, вале манзур аз ин ки ман аз Ҳусайнам чист? Дар таҳлили он гуфта мешавад, ки Пайғабмар (с) ба ҷойгоҳи Имом ишора мекунад, яъне расули Худо (с) оварандаи дин Ислом буданд ва Имом Ҳусайн (а) зиндакунанда ва идомадиҳандаи он. Имом бо шаҳодати худ ва ёрону наздиконаш ба Ислом рӯҳи дубора бахшид ва ҳақиқати дин тавасути Ҳусайн ибни Али (а) боқӣ монд. Ҳусайн, ки аз Пайғамбар (с) аст; яъне рӯҳи аз он ҳазратро бо худ дорад, лизо ончизе ки Ҳусайн барояш ҷон ва тамоми дороии худро медиҳад, чизе ҷуз ҳақиқат ва ҳаёти ҳақиқии Ислом ва рислоате, ки Пайғамбар (с) оварда буд нест.

          Пас бояд гуфт: Агар Имом Ҳусайн (а) қиём намекарданд ва бо шаҳодат ва хуни худ ин ҳама хидмат ба дину диёнат намекарданд, имрӯз бо як Исломи секулор ва бетарафе рӯ ба рӯ мебудем, ки ба ҳеҷ зулму ситаме кор надошт ва мусалмонон дар айни ин ки метавонистанд мусалмон бошанд, ба ҳарчи зулму ситаме ки ҳаст бетаваҷҷӯҳ бошанд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст