Имом Ҳусайн (рз), гумроҳкунандагонро ёвари худ нагирам!

           Ҳодисаи Карбало дуруст аст, ки дар як муддатзамони кӯтоҳ иттифоқ афтод, вале дарсҳо ва пандҳои зиёде барои башарият ба ҷо гузошт. Ҳангоме ки Имом Ҳусайн (рз) тасмим ба қиём ва мубориза бар алайҳи ҳокими ситамгари замони худ гирифт, ба афроди зиёде нома навишт ва аз онҳо дархости ёрӣ кард. Ҳар касе бо баҳонае худро аз ҳамроҳии ӯ маъзур доштанд, ки наметавонад дар канори ӯ шамшер бизанад.

           Замоне ки Имом Ҳусайн (рз) дар роҳҳо ба тарафи Куфа мерафт, дар маконе барои истирҳат борҳои маркабҳои худро ба замин гузоштанд, дар ин ҳангом чашмаш ба хаймае афтод, ки аспе дар назди он буд, вақте Имом Ҳусайн (рз) мутаваҷҷеҳ шуд, ки соҳиби асп Убайдулло ибни Ҳурри Ҷуъфӣ аст, Имом ӯро ба ёрӣ ва ҳамроҳӣ ба назди худ даъват кард, аммо Убайдулло бо ин ки намехост бо Имом мулоқот кунад ва аз ёрии ӯ нохуш буд, ба наздаш рафт ва ҳангоме ки Имом аз ӯ дархости ёрӣ кард, вале ӯ баҳона овард ва танҳо аспу шамшере, ки дошт дар ихтиёри Имом қарор дод, то ба ин роҳ худро аз ҳамроҳӣ ва ёрии Имом маъзур дорад.

       Имом вақте мутаваҷҷеҳ шуд, ки Убайдуллоҳ қасди ёрии ӯро надорад ва бо ин тариқ мехоҳад Имомро ҳам нороҳат накарда бошад, ояте аз Қуръон хонд, ки нишонгари ин аст, ки роҳи ҳақ бештар аз он ки ба амвол ва силоҳ ниёз дошта бошад, ба инсонҳои фидокор ниёз дорад.

«...وَ ما كُنْتُ مُتَّخِذَ الْمُضِلِّينَ عَضُدا»                 

           “Ва Ман ҳаргиз гумроҳкунандагонро ёвар нагирам.” (сураи Каҳф, ояти 51)

                  паёмҳо

         1.Паёме, ки Имом ба мусалмонон омӯхт, ин буд, ки афроди заифимон ва камэътиқод наметавонанд дини ҳақро ёрӣ кунанд ва аз арзишҳои илоҳӣ дифоъ кунанд.

          2. Касоне метавонанд дини ҳақро ёрӣ кунанд, ки ихлос дошта бошанд ва дину имоми худро бо ҷону мол ҳимоят кунанд.

                        

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст