Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худованд рӯзирасон аст

(қисмати ҳаштум)

Боварҳои ғалат асоси нигаронии инсон дар бораи рӯзӣ

                  Инсонҳо ба гумони ин ки рӯзидиҳандаи фарзандони худ ҳастанд, дар гузашта онҳоро мекуштанд ва зери хок мекарданд ва дар ҳоли ҳозир ҳам мекушанд ва онҳоро аз байн мебаранд. Қуръон ин боварро дар ояте ишора карда ва такид мекунад, ки чунин фикре ғалат аст:

«وَ لا تَقْتُلُوا أَوْلادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلاقٍ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُم»          

             “  Ва фарзандонатонро аз тарси тангдастӣ макушед; Мо онҳо ва шуморо рӯзӣ медиҳем” (Сураи асро, ояти 31)

             Аз ин оят ба даст меояд, ки инсонҳо фикр мекунанд, ки ризқи фарзандонашон бар уҳдаи онҳост ва онҳо аз саҳми дороии худ ба онҳо рӯзӣ медиҳанд. Худованд дар посух ба онҳо мегӯяд, аввал ин ки рӯзии фарзандони шумо бар уҳдаи мо ва дар дасти мост, на бар уҳдаи шумо; дувум ин ки шумо мепиндоред худ рӯзиятонро тамин мекунед, ҳол он ки ин пиндори беш нест ва ҳақиқат он аст, ки ризқу рӯзии шумо ҳам бар уҳдаи Худо аст!.

          Ҳазрати Саъдӣ (рҳ) дар китоби Бустон ҳикояти марди кӯтаҳназар, ки ба пиндори худ рӯзидиҳандааст, аз бузург шудани фарзандаш нороҳат аст ва дар андешаи ин ки онхоро раҳо кунад ё нигаҳ дорад, монада буд, мегӯяд:

Яке тифл дандон бароварда буд

Падар сар ба фикрат фурӯ бурда буд

Ки ман нону барг аз куҷо орамаш?

Мурувват набошад, ки бугзорамаш

Чу бечора гуфт сухан пеши ҷуфт

Нигар то зан ӯро чи мардона гуфт:

Махур ҳавли иблис то ҷон даҳад

Ҳамон кас ки дандон диҳад нон диҳад

Тавоност охар Худованди рӯз

Ки рӯзӣ расонад, то чандин масӯз

Нигорандаи кӯдак андар шикам

Нависандаи ӯмр ва рӯзист ҳам...

             Саъдӣ (рҳ) дар воқеъ ҳикояти зиндагии муштараки як зану мардеро, ки яке ба расондани рӯзии инсон аз тарафи Худо имон дошт ва нигоҳаш ба ҷаҳони ҳастӣ нигоҳи тавҳидӣ ва мӯъминона буд ва мардеро ки чунин нигоҳеро надошта буд, ҳикоят мекунад.

            Зан Худоро рӯзирасон медонад ва шавҳарашро васила ва воситаи рӯзии худ ва фарзандаш, вале шавҳар худро рӯзирасон медонад, на ин ки воситаи рӯзирасонӣ бошад, лизо дучори фикрҳои ғалат шудааст ва то сарҳади ин ки фарзандашро раҳо кунад андешидааст.

         Боварҳои ғалат дар бораи ризқу рӯзӣ дар тӯли таърих дар миёни ақвом ба унвони мушкил ва масъалаи муҳим будааст, ки дар Қуръони Карим ҳам ба ин навъ нигоҳ ва бовар ба ризқу рӯзӣ таъкид шудааст ва Худованд бо сароҳат ва таъкид ёдоврӣ кардааст, ки шумо рӯзирасон нестед, балки инсон дар баҳси рӯзӣ танҳо васила аст. 

Идома дорад...

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст