Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дуои Арафа

          Бахши аз Дуои Эмом Ҳусайн (а) дар рӯзи Арафа

          Ситоиш махсуси он Худое аст, ки ҳеҷ кас дар олам сар аз ҳукм ва фармонаш натавон кашид ва бахшиши ӯро манъ натавонад кард. Ва ҳеҷ созандае дар офариниш монанди ӯ натавон сохт ва Ӯст бахшандаи бепоён. Навъҳои махлуқоти аҷибе меофаринад ва ҳикмати ҳамаи чизро медонад. Ҳеҷ чизе дар ҷаҳон падид намеояд, ки аз назари инояташ пинҳон гардад ва ҳар чи дар наздаш амонат монанд ҳеҷгоҳ нобуд намешавад. Амали ҳар касро подош диҳад ва умури аҳли қаноъатро ислоҳ кунад, ба ҳоли ҳаркас ба даргоҳаш тазаруъ ва зори кунад тараҳҳум (раҳм) фармояд, ҳар фоидаеро ба халқ, ӯ нозил гардонад чунон ки китоби ҷомеъро бо нури илм ва ишроқи имонӣ, Ӯ нозил фармуд. Ӯст, ки дуъои бандагонро мустаҷоб мекунад ва гирифториҳояшонро дафъ мекунад ва мақомашонро боло мебарад ва гарданкашонро саркуб мекунад, пас ғайри он зоти якто ҳеҷ Худое нест. Ва Ӯ мисл ва монанд надорад, шунавои дуъои халқ ва бинои умури олам аст. Ба дақоиқи ашёъ (чизҳо) басир ва огоҳ аст. Ва бар ҳар чиз тавоноӣ ва қудрати комил дорад. Эй Худои ман! Иштиёқ (майл) дорам ва ба яктоият гувоҳ ва ба рубубиятат муътарифам ва медонам, ки Ту мураббӣ ва парвардигори манӣ ва бозгашти ман ба суи Туст. Ту дар аввал, ки ман нобуд будам ба ман неъмати вуҷуд бахшидӣ ва маро аз хок офаридӣ, онгоҳ дар сулби падаронам ҷой додӣ ва аз ҳодисаҳои замон ва монеъҳои рӯзгор ва ихтилоф ва тағйироти рӯзгорон маро ҳифз намудӣ, то онки пай дар пай аз яко яки пушти падаронам ба раҳми модарон интиқол ёфтам. Дар он айёми пешин ва даврони гузашта ва аз он ҷо, ки бо ман раъфат ва меҳрубони доштӣ ва назари лутф ва эҳсони маро дар даври салтанати пешвоёни куфр ва залолат, ки аҳди туро шикастанд ва расулонатро такзиб (дурӯғгу) карданд ба дунё наёвардӣ, валекин замони ба вуҷуд овардӣ, ки аз баракати пешвои тавҳид Ҳазрати Хотами Пайғамбаронат мақоми ҳидоят, ки дар илми азаллият муқаррар буд, бар ман муяссар фармудӣ. Ва дар асри ҳидоят маро парвариш додӣ ва аз ин пеш ҳам пайваста бо ман некуӣ ва меҳрабони кардӣ. Неъмати бисёре ба ман додӣ, то онгоҳ , ки офаринишам ба машиятат аз оби нутфа фармудӣ ва дар зулумоти сегона дар миёни гушт ва хун маскан (хона) додӣ. На маро аз кайфияти хилқатам огоҳ сохтӣ ва на коре дар офаринишам ба ман вогузор кардӣ, то онки маро бар он мақоми маърифат ва ҳидояти илми азалӣ бо хилқат комил ва ороста ба дунё овардӣ. Ва дар гаҳвора, ки кудаки нотавон будам маро нигаҳ доштӣ ва аз шири модар ғизои гуворо рӯзиям кардӣ ва дилҳои дояҳоро ба ман меҳрабон сохтӣ. Модарони меҳрубонро барои муҳофизатам аз осиби ҷин ва шайтон бароям таъйин кардӣ ва аз айб ва нуқсон хилқатамро нигоҳ доштӣ, ба ҳар ҳол чи қадар баланд мартаба Худои меҳрабонӣ, пас онгоҳ, ки забонам ба сухан гушудӣ ва неъмати беҳад бар ман тамом кардӣ ва дар ҳар сол ба тарбиятат зиёдтар шудам ва хилқатам мақоми камол ёфт ва қувватҳои бадан ва ҷонам ба ҳадди миёна расид, пас далелро ба ман супоридӣ ва маърифати худро ба қалбам илҳом фармудӣ ва дар аҷоиби ҳикматҳои хеш чашми ақламро ҳайрон сохтӣ ва маро бедор ва ҳушёр кардӣ, то дар осмон ва замин зебоиҳои махлуқотатро мушоҳида кунам ва маро ба ёди худ ва шукри неъматҳои бе ҳадди хеш мутазаккир сохтӣ. Ва фарз намуди бар ман тоъат ва ибодататро ва фаҳми илмҳо ва ҳақиқатҳое, ки Паёмбаронат ба ваҳй оварданд ба ман ъато фармудӣ ва рӯҳи бузурги маро барои фаҳм пазируфтан ъато кардӣ ва ба тавоноии қалб дар ёфтани мақоми ризо ва таслимро бар ман осон кардӣ ва дар тамоми ин марҳаматҳо бар ман ба ёри ва лутфи худ миннат гузоштӣ сипас, ки маро аз беҳтарин хок офаридӣ ва барои оромиши ман ба як навъ неъмат рози нашудӣ, балки ба анвоъи неъматҳои бешумор маро мутанаъим (неъмат додӣ) сохтӣ. Ва ба ҳаргуна таом ва либос ва асоси зиндагӣ бархурдорам кардӣ. Ва ҳама сарфи лутфи беҳад ва эҳсони беохири Ту буд. Ва чун ҳаргуна неъматро бар ман тамом кардӣ ва ҳаргуна ранҷ ва балоро аз ман бартараф намудӣ боз ҷаҳлу нодонӣ ва бебокии ман туро монеъ аз ин лутфи бузург нашуд, ки далолатам кунӣ ва ба ҳарчи сабаби хашм ва ғазаби Туст ва ба мақоми қурби (наздик) худ муваффақ созӣ ва бо ҳамаи бебокӣ ва гуноҳ боз ҳар вақт Туро хондам иҷобат кардӣ ва чун аз Ту дархости кардам ато фармудӣ. Агар Туро итоъат кардам подоши комил додӣ ва агар шукрат ба ҷо овардам бар неъматам афзудӣ, ҳамаи ин лутфҳоро фармудӣ, то неъмат ва эҳсонатро бар ман ба ҳади камол расонӣ....

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст