Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ситамгарӣ ва ситампазирӣ

Ситамгарон ва ситампазирон ҳар ду гунаҳкоранд!

            Инсон вақте дар озодӣ аст, бояд ба фикр бошад ва нагӯзорад, ки ситамгарон ӯро барда ва ғулом кунанд. Вақте золимон шуморо барда ва ғулом мекунанд ва бар шумо зулму ситам мекунанд, боз худи шуморо дар барда шуданатон сарзаниш мекунанд, ки чаро барда ва ғулом шудаӣ?.

        Онҳо вақте дар пешгоҳи Худованд дар рӯзи қиёмат ҳозир мешаванд ва бардаҳо ва ғуломонашонро Худованд ҳозир мекунанд ва аз онҳо савол мешавад, ки чаро ғулом шудед ва чаро фалон гуноҳро анҷом додед ва аз фалон дин пайрави кардед? Ғуломон мегӯянд мо бетақсирем, гуноҳе надорем, чаро ки ин пешвоён ва соҳибони мо будаанд, ки моро ба ин гуноҳ ва ба кори ҳаром амр карданд. Миллатҳо ва гурӯҳҳо дар назди Худо узр меоваранд ва талош мекунанд, ки худро муқассир надонанд. Узр меоваранд, ки мо наметавонистем дустуроти дин ва аҳкоми исломро анҷом диҳем, чаро ки иҷозат намедоданд ва дигар узрҳое, ки меоваранд, Худованд сарвар ва масъулони онҳоро даъват мекунад, ки чаро чунин кардед ва нагузоштед инҳо диндор бошанд ва дасуроти диниро анҷом диҳанд?

          Он пешвоёни золим ва ситамгар пушти пайравони худро холӣ мекунанд ва танҳояшон мегузоранд. Онҳо аз пайровон ва аз касоне, ки тамомои талош ва саъй худро карданд, то пешвоӣ худро розӣ нигаҳ дорад, имрӯз дар назди Худованд, он пешвои золим аз пайрваонаш безорӣ меҷӯяд ва аз онҳо дурӣ мекунанд:  

«إِذْ تَبَرَّأَ الَّذِينَ اتُّبِعُوا مِنَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا وَ رَأَوُا الْعَذابَ وَ تَقَطَّعَتْ بِهِمُ الْأَسْبابُ»

             "Он гоҳ, касоне, ки пайравӣ карда шудаанд аз касоне, ки [онҳоро] пайравӣ карданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро мебинанд ва пайвандҳо аз миёнашон бурида мегардад."

         Ситамгарон ва золимон қобили эътимод нестанд, намешавад бар онҳо такя кард, наметавон рӯи суханони онҳо ҳисоб кард:

» وَ لا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَ ما لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِياءَ ثُمَّ لا تُنْصَرُونَ»‏

          "Ва ба сӯи касоне, ки ситам кардаанд, майл накунед, пас, оташ ба шумо хоҳад расид; ва барои шумо ғайр аз Худо дӯстоне нест; онгоҳ, ёрӣ дода намешавед."(Сураи Ҳуд, ояти 113).

           Аммо чи суд баъд аз он ки инсон умреро дар итоат ва пайрвии золимон ва ситамгарон бигузаронад, ҷуз ҳасрат дар рӯзи қиёмат?

«وَ قالَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا لَوْ أَنَّ لَنا كَرَّةً فَنَتَبَرَّأَ مِنْهُمْ كَما تَبَرَّؤُا مِنَّا كَذلِكَ يُرِيهِمُ اللَّهُ أَعْمالَهُمْ حَسَراتٍ عَلَيْهِمْ وَ ما هُمْ بِخارِجِينَ مِنَ النَّار»

            "Ва касоне, ки пайравӣ кардаанд, гӯянд: «Кош барои мо     бозгаште [ба дунё] буд, то аз онҳо безорӣ меҷӯстем, ҳамон гуна, ки онҳо аз мо безорӣ ҷӯстанд!» Инчунин Худо амалҳои онҳоро ба сурати ҳасратҳое бар онҳо нишонашон медиҳад ва онҳо ҳаргиз аз оташ беруномаданӣ нестанд."(Сураи Бақара, ояти 166 ва167).

             Дигар ҳасрат суде надрад, инсон ҳарчанд исрор кунад ва тақсирро бар гардани раҳбарон ва пешвоёни гумроҳи худ бияндозад, он пешвоён мегӯянд, мо бар онҳо тасалут надоштем, дуруст аст, ки худ золим будем, вале инҳо худ ба зулме розӣ буданд ва эътирозе накарданд ва худ дар зулмашон шариканд:

«وَ ما كانَ لَنا عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطانٍ بَلْ كُنْتُمْ قَوْماً طاغِينَ»

           "Ва барои мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо набуд, балки шумо гурӯҳи тӯғёнгар будед." (Сураи Соффот, ояти30(.

            Инсон ҳатто вақте, ки асир мешавад ва барда ва ғулом мешавад, боз ҳам бо озодии худ ба ин ғуломӣ тан додааст. Ин инсонҳо ҳастанд, ки ситамгарро парвариш медиҳанд ва дар золимон ин хислатро зинда мекунад, чаро ки то ситамкаше набошад ситамгарӣ нест. Ситамгарон дар ҳақиқат гунаҳкорони бузург ва душманони Худоянд, аммо ситампазирон ҳам гунаҳкоранд, ситампазирон наметавонанд дӯстони Худо бошанд.

        Ситампазири танҳо ба худи инсон рабт надорад, гоҳе боис мешавад, ки дигарон ситампазир ба бор биоянд, ситампазириро дар дигарон парвариш диҳад ва ё боис шавад, ки ба касе, ки дар ҳақиқат ситампазир нест, балки зулмситез ва ситамситез аст, аммо дар ҷой ва дар миёни касоне қарор гирифтааст, ки ҳеҷ ҳаракате барои аз байн бурдани зулму ситам намекунанд, лизо ба он ҳам зулм мешавад.

            Ситам чизе аст, ки инсон бо пазириш онро эҷод мекунад ва заминаи ситампазириро дар нафси худ фароҳам мекунад. Лизо Худованд ситампазириро ҳам маломат ва сарзаниш мекунад ва касоне, ки дар ҳақиқат зулмситез буданд ва дар муқобили зулм мубориза карданд, аҷру подошашонро аз байн намебарад ҳарчанд ба хотири мардуми ситампазир пирӯз нашуда бошанд.

         Инсон дар ҳоле, ки ҳақи озодӣ дорад таклиф ҳам дорад, ки барои доштани озоди ситампазир набошад ва аз ситамгар итоат ва пайравӣ накунад. Агар инсон таклифи худро раҳо кард аз ҳақ ҳам бенасиб мешавад. Ӯ таклиф дорад, ки зулмпазир ва ситампазир набошад, то ҳақаш, ки озодию истиқлоли фикрӣ, динӣ, ва ғайраро аз даст надиҳад.

        Пас натиҷа ин шуд, ки инсон дар барда шуданаш ва ба унвони ғулом ва аз даст додани иззату эҳтиромаш худ ва мардуми ҷомеааш муқасиранд. Дуруст аст, ки золимон ва ситамгарон бузургтарин гунаҳкоронанд ва таъсир доранд дар бединӣ ва дар бероҳа шуднаи инсон аз дини ҳақ ва аз даст додани озодиҳояш, вале ҳокимият надоранд, ба таври комил ҳама кор ба онҳо бар намегардад, балки инсон худ тақсир дорад, онҳо мисли микроби наҷас ва палид ҳастанд, ки то инсон худ беэҳтиётӣ накунад, ҷомеа ва мардум беэҳтиётӣ накунанд микробҳо наметавонанд нуфуз кунанд, ситамгарон ҳам чунинанд, то инсон аз вазифа ва таклифи худ даст накашида бошад, наметавонанд ситамгар бошанд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст