Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Коронавирус ва фурсатҳои он

          Яке аз ҳадафҳои имтиҳон ин аст, ки инсон ба худ биояд, худ ва ҷойгоҳашро пайдо кунад. Гирифториҳои зиндагии имрӯза инсонро бештар аз ҳар замони дигар аз ҳақиқат ва асли худаш ҷудо карда, ғафлатҳои пай дар пай фикрро аз инсон гирифтааст. Шеъре, ки Мавлавӣ дар Маснавӣ гуфтаанд, дигар бар инсони муосир татбиқ намешавад, чаро ки ӯ рӯзҳо ва шабҳои маънавӣ ва маърифатиро аз даст додааст. Мавлавӣ (рҳ) фармуд:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.

Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд?

 Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ Ватанам.

Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро?

 Ё чӣ будаст муроди Вай аз ин сохтанам?!

 

Дигар инсони муосир рӯзҳо ва шабҳо, моҳҳо ва солҳо ёдаш намеояд, ки кай ва куҷо фикр кардааст, ё асосан дар бораи аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтанаш фикру андеша кардааст?

Ҳазрати Алӣ (рз) фармудааст: 

«إن لم تعلم من أين جئت لم تعلم إلى أين تذهب»

 "Агар надонӣ аз куҷо омадаӣ, намедони ба куҷо меравӣ." (Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ 20, саҳ 292.) 

          Мақсади чунин пурсиш ба дунболи ин аст, ки робитаи инсон бо дигаронро мушахас кунад, то инсон аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтанашро надонад, наметавонад ба худ фикр кунад, вале ба ин маъно ҳам нест, ки ҳеҷ фикре накунад. Ҳар инсоне фикр мекунад, ки агар фикру андешаи дуруст накунад, фикри бад ва ғалат хоҳад кард; ҳамонанди фарде, ки агар Худоро парастиш накунад, дигаронро парастиш мекунад, фикр ҳам чунин аст, касе ки худкушӣ мекунад, фикр мекунад ба натиҷа мерасад, ки дигар ҳеҷ чизе барояш маънодор нест, баъд худкушӣ мекунад. Иллаташ ин аст, ки дуруст фикр мекунад, аммо  ба худ фикр намекунад, балки ба ҳар чизе ҷуз худаш фикр мекунад, аз куҷо омаданашро намедонад, лизо ҳар коре, ки мекунад онро намедонад.

          Имрӯзҳо вирус ҳама ҷойи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Риояти фосилаи иҷтимоӣ иҷборӣ шудааст ва инсонҳо дар хонаҳои худ мондаанд. Беҳтарин фурсат дар чунин рӯзҳо андеша кардан аст; андешае, ки битавонад моро аз ин худфаромӯшӣ наҷот диҳад. Инсон бар асоси боварҳо ва ҷаҳонбинияш зиндагӣ мекунад. Касе, ки ҷаҳонро як лона бидонад, наметавонад бешатар аз як лона бияндешад ва танҳо худ ва атрофи худашро мебинад. Агар худро фақат ҳамин ҷисме бидони, ки бояд бихурад ва биошомад, то зинда бимонад, наметавонад бештар аз ин фикр кунад, вале барои ин ҳам фикр мекунӣ.

          Фурсате, ки ин вирус ва буҳрон ба вуҷуд овардааст, шояд битавонад нигоҳи моро ба ҷаҳон ва зиндагиямон тағйир диҳад, зеро фурасте, ки дар буҳронҳо вуҷуд дорад, дар ғайри онҳо вуҷуд надорад. Бузургоне, ки барои башарият хидматҳои бузург кардаанд, дар сахтӣ ва душворӣ парвариш ёфтаанд. Метавон ин мушкилро ба фурсат табдил кард. Як вирусе, ки дида намешавад, вале ҳамаро гирифтор мекунад, огоҳӣ ва шинохти моро нисбат ба худ ва дигарон бештар мекунад. Бояд ин фурсатро қадр донист ва аз танҳоӣ ва хилвати худ бо Худо беҳтарин истифодаро кард. Шояд чанд рӯзи дигар аз ин буҳрон берун биоем, вале дасти холӣ ва бидуни ин ки андеша ва фикрро нисбат ба зиндагӣ ва тағйири он беҳтар карда бошем.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст