Ба номи Худо
Шояд барои шумо ҳам ин савол пеш омада бошад, ки илм беҳтар аст ё сарват? Аммо вақте ба суханони бузургони дини муроҷиа мекунем мебинем, ки илмро беҳтар аз сарват муаррифи кардаанд. Ҳазрати Алӣ(к) дар ҳадиси гаронбаҳои худ ба ин матлаб ишора кардаанд:
العِلمُ أفضَلُ مِنَ المالِ بِسَبعَةٍ: الأوّلُ: أنَّهُ مِيراثُ الأنبِياءِ و المالُ مِيراثُ الفَراعِنَةِ، الثاني: العِلمُ لا يَنقُصُ بِالنَّفَقَةِ و المالُ يَنقُصُ بِها، الثّالِثُ: يَحتاجُ المالُ إلَى الحافِظِ و العِلمُ يَحفَظُ صاحِبَهُ، الرّابِعُ: العِلمُ يَدخُلُ فِي الكَفَنِ و يَبقَى المالُ، الخامِسُ: المالُ يَحصُلُ لِلمُؤمِنِ و الكافِرِ و العِلمُ لا يَحصُلُ إلاّ لِلمُؤمِنِ، السّادِسُ: جَميعُ النّاسِ يَحتاجونَ إلَى العالِمِ في أمرِ دينِهِم و لا يَحتاجونَ إلى صاحِبِ المالِ، السّابِعُ: العِلمُ يُقَوِّي الرَّجُلَ عَلَى المُرورِ عَلَى الصِّراطِ و المالُ يَمنَعُهُ؛
Ба ҳафт далел, дониш бартар аз сарват аст:
Аввал: Дониш мероси паёмбарон аст ва дорои мероси фиръавниён.
Дуввум: Дониш бо инфоқ кам намешавад, аммо дорои бо харҷ кардан кам мешавад.
Севвум: Сарват ниёзманди нигаҳбон аст, аммо дониш доранди худро нигаҳбон аст.
Чаҳорум: Дониш дар кафан ҳам бо соҳиби худ меояд, аммо дорои ба ҷо мемонад.
Панҷум: Сарват барои муъмин ва кофир фароҳам меояд, аммо дониши аслӣ ҷуз барои муъмин ҳосил намешавад.
Шашум: Ҳамаи мардум дар корҳои динии худ ба донишманд ниёз доранд, аммо ба шахси сарватманд ниёзе надоранд.
Ҳафтум: Дониш, одамиро дар гузар аз пули сирот неру мебахшад, аммо сарват монеи гузаштани ӯ аз сирот мешавад.
Мунятул-мурид,ҳ.380605