Намояндаи доимии Руссия дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба кӯштори беш аз 14 ҳазор кӯдаки фаластинӣ тавассути Исроил дар Ғазза, гӯфт: Нодида гирифтани кӯштори кӯдакон дар Ғазза аз ҷониби Исроил, ба хӯбӣ беаҳамиятӣ ва беэътиноии кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқӯқи башарро нишон медиҳад.
 
Ба нақл аз хабаргӯзории ИТАР-ТАСС, Василий Небензя, намояндаи доимии Руссия дар Созмони Милали Муттаҳид, таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ чашмони хӯдро ба рӯи кӯштори кӯдакон дар Ғазза бастаанд ва масъулони ин амалҳоро ба посухгӯӣ ба ин ҷиноят даъват намекунанд ва ин беаҳамиятӣ ва беэътиноии воқеии ғарб нисбат ба ҳимояи ҳуқӯқи башарро нишон медиҳад.
 
Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо дархости Руссия  24 январ дар бораи расидагӣ ба вазъияти кӯдакон дар Ғазза ташкил шуда буд, гӯфт: “ҷолиб ин аст, ки аврупоиҳое, ки хӯдро ҳомиёни ҳуқӯқи башар меҳисобанд, то имрӯз ҳам хоҳиши посухгӯии касоне, ки кӯдаконро дар Ғазза мекӯшанд, накардаанд. Илова бар ин, баъзе аз ин кишварҳо ҳатто ирсоли аслиҳа ба Исроилро қатъ накардаанд. Ҷанг дар Ғазза воқеан ҳамчун озмоише буд, ки ҳақиқати воқеии ғарб нисбат ба ҳимояи ҳуқӯқи башарро ошкор кард.”
 
Небензя ёдовар шуд, ки шумораи умумии кӯдакони фаластинӣ, ки дар давоми ҷанг кӯшта шудаанд, ҳадди ақалаш ба 14 ҳазору 500 нафар мерасад. Ба қавли ӯ, ба таври миёна, ҳар моҳ тақрибан 475 кӯдак аз сабаби истифода аз аслиҳаҳои тарканда дар Ғазза ба таври вазнин захмӣ мешаванд. Ӯ инчунин ҳӯшдор дод, ки ҳатто агар муборизаи Ғазза ва Исроил ҳоло ба поён расад, хатари марг ва захмӣ шудани кӯдакони Ғазза то ҳадди ақалл 14 соли дигар боқӣ хоҳад монд, зеро ин мӯддат барои тоза кардани минтақа аз муҳиммоти таркнашуда зарӯр аст.
 
Намояндаи доимии Руссия дар СММ ба ин воқеият ишора кард, ки ҳатто кӯдаконе, ки аз ин муборизаҳо ҷони саломат ба дар бурдаанд, наметавонанд ҳамчун ҳамсолони хӯд дар минтақаҳое, ки зери таъсири ҷанг нестанд, зиндагии одӣ дошта бошанд, зеро барои оромӣ ва тармими равонӣ пас аз воқеаҳои ҷангӣ ба муддати тӯлонӣ ниёз хоҳанд дошт.”
 
Пеш аз ин низ Василий Небензя таъкид карда буд, ки оташбас дар Ғазза бояд ҳамчӯн амали ибтидоӣ дар роҳи ҳалли муддати тӯлонӣ дар назар гирифта шавад. Вай инчунин ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, то имрӯз бо истинод ба дипломатияи ба ном “хомӯш” -и хӯд, ҳамаи талошҳои хӯдро кардааст, то Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид монеъ аз амалҳои низомии Исроил дар минтақа нашавад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст