Ҳақ мелоки лозим дорад, на теъдод!

          Мӯъминон таҳти таъсири аксарияти ботил қарор намегиранд!

       Дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем, ки ботил ва фасод бо чеҳраи зебо ва фиребанда ва бо дошатни афроди зиёд худро ба намоиш гузоштааст, то мӯъминон ва мусалмононро таҳти таъсири барномаҳои шайтонии худ қарор даҳад ва бо ин шева ҳаққро аз ҷомеа ба таври комил нобуд кунанд. Аммо Қуръон дар хтиоби ба мӯъминон посух додааст, ки чунин нест ва набояд фиреби фосидон ва ботиландешонро бихӯред. Ҳақ ва ҳақиқат мелок ва меъёри худро дорад ва бояд онҳоро ба даст овард.

«قُلْ لا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَ الطَّيِّبُ وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ فَاتَّقُوا اللَّهَ يا أُولِي الْأَلْبابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون»  

    "Бигӯ: «Палиду пок баробар нест ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад. Пас, эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед."

     Тафсири кӯтоҳ

  • Мелок дар арзишҳо, ҳақ ва ботил аст, на зиёд ва кам будани афрод ва ё доро ва фақир будан. "وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيث" "ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад."

Хитоб дар ин оят мӯъминони парҳезкор ва аҳли хирад аст, Пайғамбар (с) сухани Худоро дорад ба мӯъмионон мерасонад. "قُلْ" “бигӯ”.

  • Аксарият ва зиёдии афроди душман фиребанда аст, хирадманд бошем "وَ لَوْ أَعْجَبَكَ" "ва агар чи ... туро ба шигифтӣ андозад."
  • Омили растагори тақво ва парҳезкорӣ аст, хирадмандон бояд диққат дошта бошанд. "فَاتَّقُوا اللَّهَ يا أُولِي الْأَلْبابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون" "Пас, эй хирадмандон! Аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед."
  • Сухане ки мегӯяд: Хоҳи нашаваи расво ҳамранги ҷамоат бош; умумият надорад ва дар ҳама ҷой корбурд надорад. Гоҳе ба хотири ин ки расво нашавӣ, набояд ҳамранги ҷамоат бошӣ, балки хоҳи нашави ҳамранг равои ҷамоат бош, дуруст аст, ин шеър дар дойраи ҷомеаи тавҳидӣ мисдоқ пайдо мекунад ва короӣ дорад. "وَ لَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ" "нест ва агар чи бисёр будани палид туро ба шигифтӣ андозад."

       Нуктаҳо

      Дар баъзе аз замонҳо ва маконҳо мардум таҳти таъсири зиёд будан ва кам будани ҷамъият қарор мегиранд ва аксариятро ҳақ ва ба он тамоюл пайдо мекунанд. Фикр мекунанд, ки агар аксарият ба ҳар матлабе, дине ва мазҳабе тамоюл пайдо карданд, метавон ба он гаройиш дошт ва ин ҷамияти зиёдро далел бар ҳақ будант он матлаб, дин ва мазҳаб медонандва бедалел онро мепазиранд.

      Дар ҳоле ки дар нигоҳи Қуръон чунин боваре ғалат аст. Инсон бояд аввал ҳаққро бишносад ва баъд аз он тарафдорони онро, дар ривоят омадааст, "аввал ҳаққро бишнос, баъд аҳли онро"

     Дар нигоҳи Қуръон як инсон ба танҳоӣ метавонад ҳақ ва мудофеи ҳақ бошад ва тамоми ҷомеа бар ботил ва гумроҳӣ, ҳамонанди Иброҳими Халил (а). Инсон бояд аввал ҳаққро аз ноҳақ ташхис диҳад, то ҳаққро баргузинад (хабис ва тайб, ҳақ ва ботил) Ислом ҳамвора бо кайфиятро арзишманд донистааст, на каммияти бехосиятро ва ҳар куҷо ҳам, ки каммиятро гуфта бошад, кайфиятро фидо накардааст, ҳаққро ба хотири теъдод поймол накардааст.  Лизо лозим аст бидонем, ки аз тоғутҳо ва мустакбирон мардумро бо чинин шевае фиреб карданд ва дар муқобили Пайғамбарони Иллоҳӣ (а) истоданд ва нагузоштанд, ки ҳақ ба гӯши мардум бирасад.

    Лозим аст бидонем, ки аксарияти ҷамъият мелоки санҷиши дурустӣ ва ё нодурустӣ нест, ҳарчанд ки дар миёни мардум бо чунин равише ба масоил нигоҳ мешавад ва касе, ки дар муқобили ҷамъият биистад, хушашон намеояд.

     Қуръон дар ҷойҳои зиёде ёдовар мешавад, ки инсонҳои пок ва мӯъмин дар танҳоӣ ва ё бо иддаи каме дар ҳошия қарор мегирифтанд ва олудаҳо дар атрофи худ ҷамъиятеро ҷамъ карда буданд ва бо ҳам ба Пайғамбарони Иллоҳӣ (а) ва дустдорони Худо санг мезаданд.

      Пас бояд, ин найрангро шинохт ва барои ҳақ будан ва ё ботил будан мелок дошт.  

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст