Барои ин ки мусофирон дар биёбонҳо гум нашаванд ва солим ба мақсад бирасанд, давлат роҳро таъйин мекунад ва барои роҳёбӣ дар он аломат вамилисаи роҳ мегузорад, то суръати мошинҳоро назорат кунад. Агар ин корҳо анҷом намешуд мусофирон роҳро гум карда ҳар кас ба сӯе мерафт ва ба заҳмат меафтод.
Худованд низ агар роҳи бандагӣ ва намозро аз тариқи паёмбарон ва раҳбарони осмонӣ барои рушд ва камоли мардум таъйин намекард, ҳар кас ба роҳе мерафт ва Худовандро онгуна, ки худ хаёл мекард, ситоиш менамуд.
Худованд барои онки ҳамаи мардум дар як роҳирост ва солим ҳаракат кунанд, намозро бо аломатҳо ва дастуроти хос ба мо ёд додааст.
1.Дастур дод бо вузӯ ва таҳорату покӣ ва нишот бо Худо гуфтугӯ кунем.
2.Худованд воҷиботи намозро дар ҳудудии 20 калима қарор дод, ки фарогирии он барои ҳама осон бошад. Ин калимаҳо маъно, қолаб ва оҳанг доранд.
3.Дастур дод, ки ҳамаи мардум ба як сӯ намоз бихонанд, то дилҳо ва фикрҳо пароканда нашаванд.
4.Дастур дод, ки ҳамаи мардум дар намоз бо як забон бо Худо сухан бигӯянд. Ҳамонгуна ки тамоми халабонҳои дунё бо фурудгоҳи ҳар кишваре бояд ба забони англисӣ гуфтугӯ кунанд.
Дар намоз бо либоси пок ба сӯи Макка меистем ва ба забони арабӣ бо Худо сухан мегӯем.
Аввалин калимаи намоз «Аллоҳу акбар» аст. Яъне Худо бузургтар аст. Бузургтар аз фикру хаёли мо вааз диданиҳо ва шуниданиҳо. Касе, ки Худоро бузург ёфт, ҳама чиз ғайри ӯ наздаш кӯчак мешаванд. Шумо замини футболро дар назар бигиред, то модоме ки мо дар замин бошем ин замин назди мо бисёр бузург аст, вале агар савори ҳавопаймо шавем ва парвоз ва аз боло нигоҳ кунем, ин замин назди мо кӯчак ва кӯчактар мешавад. Ҳарчи ҳавопаймо болотар меравад, замин кӯчактар мешавад. Инсон метавонад ба қадре парвоз кунад, ки тамоми замин дар чашми ӯ ба қадри як нахӯд шавад. Оре, ҳарчӣ имони мо ба Худованд бештар шавад ва Худоро бузургтар биёбем, қудратҳоиғайри Худо назди мо кӯчактар мешавад.
Дар дуо низ мехонем: «Чун Худованд дар дили мусулмонон бузург аст, чизҳои дигар назди онон кӯчак аст.»