Мумкин аст ба назар бирасад, ки покдоманӣ махсуси занон аст, вале бо диққат дар оёт ва ривоёт мефаҳмем, ки иффат ва покдоманӣ барои мардон ҳам лозим ҳаст. Дар Қуръон мехонем: "وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ" “ва мардони нигаҳдорандаи аврати худ” ҳамчунин "وَالْحَافِظَات" ва занони нигаҳдорандаи аврати худ. Сураи Аҳзоб, ояти 35  Худованд дар Қуръони Карим ба мардони мӯъмин мефармояд: قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصارِهِمْ وَ يَحْفَظُوا فُرُوجَهُم "Ба мардони мӯъмин бигӯ: Чашмҳои худро (аз нигоҳ ба номаҳрам) бибанданд ва аврати худро ҳифз кунанд". Сураи Нур, ояти 30   Ҳамин дастур барои занони боимон ҳам омадааст: قُلْ لِلْمُؤْمِناتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصارِهِنَّ وَ يَحْفَظْنَ فُرُوجَهُن "Ба занони боимон бигӯ: Чашмони худро (аз нигоҳ ба номҳрам) бибанданд ва домони худро ҳифз кунанд". Сураи Нур, ояти 31.   Риояти ин масъала барои инсонҳои ҳамсардор ва беҳамсар лозим аст.

Қуръон ба ҷавонҳои беҳамсар, ки ниёзи бештаре барои ба даст овардан ва зиёд кардани малакаи ифоф доранд мефармояд: وَلْيَسْتَعْفِفِ الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحاً حَتَّى‏ يُغْنِيَهُمُ اللَّهُ مِن فَضْلِه "Онҳо, ки шароити издивоҷ кардан надоранд, бояд иффат дошта бошанд то Худованд онҳоро аз фазлаш бениёз гардонад". Сураи Нур, ояти 33.  Агар бо ҳамаи осонгириҳо боз ҳам барои касе мумкин набошад, ки издивоҷ кунад ё бо вуҷуди дастурҳои динӣ, сахтгириҳо зиёд буд, чи бояд бикунад? Оё гуноҳ кунад ва беиффат бошад? Ҷавоб манфӣ аст.

Қуръони Карим ҳамроҳ бо дастури ба ифоф, боз ҳам мужда медиҳад, ки Худованд аз фазли худ инсонҳои покро бениёз мекунад то битавонанд издивоҷ кунанд.   Пас умед ба фазли Худованд ҳам пеш аз издивоҷ шоиста аст ва ҳам баъд аз издивоҷ. Ниёзмандоне, ки наметавонанд издивоҷ кунанд, иффат ва покдоманӣ дошта бошанд то Худованд бениёзашон гардонад ва фақироне, ки метавонанд издивоҷ кунанд, натарсанд ва издивоҷ кунанд ва бовар дошта бошанд, ки Худованд бениёзашон мекунад. Иффат ва покдоманӣ дар Ислом

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст