Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода гуфтааст, ки агар марде занашро ба муддати шаш моҳ бо нафақа таъмин накунад, завҷааш метавонад ба назди муфтиҳо рафта, дар бораи талоқ фатво бигирад.

Ин рӯҳонии шинохтаи кишвар фатвои худро дар посух ба суоли яке аз корбарони сомонаи расмии ин хонавода, ки пурсидааст “агар зану шавҳари зинда аз шаш моҳ боҳам нобошанд ва мард нафақаи занашро (дар ин муддат) намедиҳад ва толоқ ҳам намекунад, оё байни ин ду нафар талоқ ба вуқӯъ омадааст ё не?” содир кардааст.

Дар ин фатвои Эшони Маҳмудҷон омадааст, ки: “Бо ҳам набудани зану шавҳар ба миқдори 6 моҳ ва ё зиёда аз он ва инчунин дар ин муддат бо нафақа таъмин накардани зан, талоқ воқиъ намешавад.

Вале агар зан нахоҳад дигар бо чунин шавҳар зиндагӣ кунад, метавонад назди муфтиёт рафта аз ӯ фатво бигирад ва байни ӯ ва шавҳараш ҷудо бикунад.

Вақте муфтӣ фатвои ҷудоии ӯро аз шавҳараш баровард, зан баъд аз тамом шудани идааш метавонад шавҳар бикунад".

Ин ҳам дар ҳолест, ки кам нестанд, муҳоҷироне, ки ба оилаҳои худ дар давоми 6 моҳ маблағ равон карда наметавонанд ва тамос ҳам намегиранд.

tojnews.org

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст