Яке аз саволҳое, ки дар бораи он баҳсҳои зиёде шуда аст ин масала аст ки мо то куҷо метавонем аз падару модари худ итоат кунем. Бе ҳадду марз аст ё инки то ҷое, ки Худованд ба мо амр карда ва фармон дода аст ва ин ҳадду марз то куҷо аст. Зеро дар оёт ва ҳадисҳои зиёде амр ба итоат аз падар ва модар шуда аст ва мақоми онҳоро ба мо гушзад карда аст.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَ إِن جَاهَدَاكَ عَلىَ أَن تُشْرِكَ بىِ مَا لَیْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا وَ صَاحِبْهُمَا فىِ الدُّنْیَا مَعْرُوفًا[1]

“Ва агар падару модар талош карданд ту чизеро шарики ман (Худо) қарор диҳи ки аз он огоҳи надори аз онон итоат макун вале дар дунё рафтори шоистае бо онҳо дошат бош.”

Аз ин оят ду дастури муҳим дар бораи рафтор бо волидайн дида мешавад:

1.Итоат аз падар ва модар то ҷое равост, ки нофармонии Худо нашавад. Пас агар падар ё модаре инсонро амр ба тарки фароиз ё анҷом гуноҳе карданд инсон ҳаққ надорад ва набояд ба ҳарфи онҳо гуш диҳад.

2.Эҳтиром ба падар ва модар замону макон намешииносад. Бар ҳама лозим ва воҷиб аст, ки дар ҳама ҳол онҳоро такрим кунад ва эҳтиром бигузорад ҳатто дар он лаҳзае, ки онҳоро ба тарки фарз ё анҷом додани гуноҳе амр карданд ва сар боз мезанад ҳам набояд камтарин беэҳтироми нисбат ба онҳо кунад.[2]

[1] Сураи Луқмон, ояти 15.

[2] Сураи Исро, ояти 23.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст