Даромад
 Ҳасад яке аз бадтарин маризии равонию рӯҳӣ аст, ки қалбу ҷисми инсонро мариз ва дӯчори ранҷу азоби зиёд менамояд. Каме андеша кунем, ба ин масъала пай мебарем, ки бисёре аз ранҷу ноамниҳои инсонҳо дар дӯнё аз бадниятию бадхоҳӣ ва ҳасад варзидани ба дигарон аст. Зеро инсон ҳаргӯна фикр нисбати ба хӯд ва дигарон кунад, ҳамонро мехоҳад амалӣ созад. Агар нек андешад, дӯстию хйрхоҳӣ мекунад, вале агар дар бораи дигарон бад андешад, ҳатман роҳи дӯшманию бадхоҳиро пеша мекунад. Ҳасад варзидан ва бадхоҳӣ чӣ пинҳон ва чӣ ошкор, навъе дахолат ва зӯлм дар кору зиндагии дигарон аст. Ин сифати хатарнок кори инсонро ба ҷое мерасонад, ки инсони ҳасадварз аввалан хӯдро монанди як ҷинояткор меёбад ва ҳамеша дар нооромӣ ба сар мебарад ва дар паи ранҷи дигарон ва ҷомеъа мебарояд.  
Ҳамонтавр ки мебинем, байни андеша ва амали инсон бо рӯшд ва ё суқути ҷомеъа робитаи танготанге барқарор аст, ба гӯнае ки агар афроди ҷомеъа инсонҳои некнияту солеҳу хайрхоҳ шаванд, ҳатман ҷомеъа низ ба тарафи адолат ва шоистасолорӣ пеш меравад ва дар ғайри ин сурат ба ноамнию зургӯӣ ва султагароӣ меанҷомад.
 Дар ин навиштор дар паи он ҳастем, ки дар ҳадди кӯтоҳ ҳам бошад, ба баррасӣ ва таҳлили сифати ҳасаду ҳасодат ва паёмадҳои он аз манзари дини ислом бипардозем.
 
Маънои ҳасад дар луғат ва истилоҳ
 Ҳасад калимаи арабӣ аст ва дар луғати форсӣ ва тоҷикӣ ба маънии кина варзидан, рашк, тангчашмӣ ва бадхоҳӣ мебошад.[1]
 Аммо донишмандон дар истилоҳ ҳасадро чунин таъриф намудаанд: Ҳасад, яъне орзӯи нобудии неъматҳои дигарон ва ҳамонро хостан барои хӯд аст.[2] Арасту низ дар бораи ҳасад мегӯяд: Ҳасад ҳадди ифроти рафтори касе аст, ки аз некбахтӣ ва хӯшбахтии дигарон ранҷ мебарад.[3] Имом Ғаззолӣ ҳам дар бораи ҳасад чунин мегӯяд: Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[4], ҳатто агар хӯдаш ҳам онро ба даст наёварад.
 
Ҳасад ва ҳасадварзӣ дар Қуръони карим
 Қуръони карим ба унвони китоби роҳнамо ва ҳидоят бар он аст, ки дарду мушкилоти ҷомеъаи башариро ҳакимона ва решаи дармон намояд. Аз инрӯ нигоҳаш ба инсон ва ҷомеъаи инсонӣ комил ва ҷомеъ буда ва ҳаргӯна кутоҳандешӣ ва сатҳинигариро ба шиддат наҳй менамояд. Ҳамеша дар ҳамаи корҳо ба дақиқ андешӣ ва амиқ андешӣ, ки навъе комилу ҷомеъ андешӣ аст, ташвиқ менамояд.
Инсонҳо аз назари Қуръони карим озод ва соҳибихтиёр офарида шудаанд, то роҳи хӯшбахтӣ ва ё бадбахтиашонро хӯдашон интихоб ва тай намоянд. Аз инрӯ инсонҳо аз нигоҳи Қуръони карим ҳам дар ислоҳу хӯшбахтии хӯд ва ҷомеъа ва ҳам дар суқуту бадбахтии хӯд ва ҷомеъа нақши таъинкунандаеро доранд. Сифату ҳолатҳои инсонҳо, чӣ нек ва чӣ бад, феълу амали махсӯси хӯдашонро ба вуҷӯд меоваранд. Барои ислоҳ ё тақвияти ҳар амалу феъле, бояд сифати махсӯси онро мавриди диққат қарор дод. Дар ғайри ин сурат роҳи ҷоҳилона ва ғайри ҳакимонаеро, ки мавриди таъйиди ақлу дин нест, пеш хоҳӣ гирифт. Таълиму тазкия ва поксозии рӯҳу нафси инсон аз сифатҳои бад ва шайтонӣ, аз рисолатҳои мӯҳими дину Қуръони карим мебошад.
 Ҳасад аз низ аз ҷӯмла сифатҳои бад ва хатарноки башарӣ аст, ки Худованди таборак ва таъоло дар Қуръони карим инсонҳоро аз он ба шиддат манъ намудааст. Ин сифати бад ва разила, он қадар хатарноку нобудкунанда ҳаст, ки аввалин ихтилофу куштори фарзандони ҳазрати Одам(а), яъне Ҳобил ба дасти Қобилро рақам задааст. Қуръони карим дар сураи моида, ояти 27 ин ҳодисаи бузӯргу талхро чунин ёдоварӣ менамояд:
وَتْلُ عَلَیْهِمْ نَبَأ ابْنَی ءادَمَ بّالحَقِّ إذ قَرّبا قُرباناً فَتُقُبِّلَ مِنْ أحَدِهِما وَلَمْ یُتَقَبَّل مِنَ الآخَرِ قالَ الأقتُلَنّکَ قالَ إنّما یَتَقَبَّلَ اللهُ مِنَ المُتَّقینَ
 Достони ду фарзанди Одамро (ки панду ибрат аст) ба дурусти бар онон бихон!  Ҳангоме ки ҳар ду нафар(Ҳобилу Қобил) бо анҷоми кори неке ба Парвардигорашон наздикӣ ҷӯстанд ва амали яке аз онон пазирӯфта шуд, вале аз дигари пазирӯфта нашуд. (Бародаре ки амалаш пазирӯфта нашуд, аз рӯи ҳасодату бадхоҳӣ ба бародараш)Гӯфт: Ман туро албатта мекӯшам, (Ҳобил) гӯфт: Худованд фақат амали парҳезкорону некӯкоронро мепазирад(на бадкорону золимонро).[5]
Ба ҳар ҳол ин қатли шуми бародаркушӣ ба василаи бадхоҳӣ ва ҳасадварзӣ иттифоқ афтод ва ҷои бисёр диққату ибратгирӣ аст, ки ин сифат хатарнок агар дар касе шӯълавар шавад, дӯсту бародар намешиносад. Балки инсонро кӯр ва ақлашро таътил намуда ва гирифтори ҷинояти даҳшатнок менамояд.
 Қисса ва достони ба чоҳ андохтани ҳазрати Юсуф(а) ҳам ба сабаби бадхоҳӣ ва ҳасодати бародаронаш анҷом пазирӯфт. Худованди таъоло ин саргӯзашти сахти Пайғамбаронашро дар Қуръони карим ба унвони ҳӯшдору ибрат барои ҳамаи инсонҳо қарор дода аст, ки мабодо шумо ҳам гирифтори бадхоҳию ҳасад шаведу якдигарро нобуд намоед.
 Ҳасадварзӣ ва бадхоҳӣ ба дигарон, дар Қуръони карим иллату сабаби кофир шудан ё ба куфр кашондан баён шудааст. Дар сураи Бақара ояти 109
Худованди мутаъол дар бораи ҳасодати зиёди яҳудиёну масеҳиён нисбат ба мусулмонон мефармоянд:
وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ
Бисёре аз аҳли китоб, баъд аз он, ки ҳақ ва ҳақиқат(ҳаққонияти ислом) бар онҳо ошкор шуд, аз рӯи ҳасаде, ки дар вуҷӯдашон аст, мехоҳанд шуморо пас аз имонатон ба куфр бозгардонанд... .
Бинобарин сифати ҳасодат дар Қуръони карим ташвиқ кунанда ва шарики амалҳои куфромез ва ҷиноятҳои хатарнок муаррифӣ шудааст, ки мусулмонону мӯъминон, бояд аз он дӯрӣ намоянд. Барои наҷот аз ин сифати бади ҳасодат, аввалан бояд хӯб онро бишносем ва дар марҳалаи баъд зарар ва зиёни ваҳшатноке, ки ин сифати хатарнок барои хӯд ва дигарон ба вуҷӯд меоварадро, баррасӣ намоем ва мавриди диққат қарор диҳем. Онгоҳ метавон бо ёрии Парвардигори олам қадамҳои амалӣ ва парҳезкориро бардошт ва аз чанги ин сифати хонумонсӯз ва ҳалок кунанда раҳои ёфт.
 
Ҳасад дар оинаи ҳадису ривоят
 Набии мукаррами ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва ҷонишинони барҳаққаш ниҳояти фидокориро дар амри ҳидояти инсонҳо ба сӯи некӣ ва ҳақиқат анҷом доданд. Ҳамеша кӯшишашон ин буд, ки умматашон гӯмроҳу ҷоҳил намонанд ва гӯли сарсабади умматҳои дигар ва башарият бошанд. Аммо мутаассифона баъд аз дӯнё рафтани Пайғамбари Акрам(с) чунон ҳодисаҳои талхе рақам хӯрд, ки натанҳо ин умматро улгӯ ва намӯнаи башарият қарор дод, балки ҷойгоҳи шоистаашро ҳам зери савол бурд, ки чӣ гӯна дар миёни ин уммат хонадони Пайғамбари Акрам(с) аз хӯрдсолу калонсолаш гирифта зери сахтарин бераҳмиҳо ва бо лаби ташна ба шаҳодат расиданд. Он ҳам ба дасти намозхонҳою ба зоҳир мусулмон... . Ин ҳодисаи талхро яке аз сабабҳояш ҳамин сифати ҳасадварзӣ ва бадхоҳии подшоҳону сарватандӯзони ҷоҳил буд, ки бартарии хонадон ва фарзандони Расули Худо(с)ро дар илму маърифат ва шуҷоъату адолат барнаметофтанд ва чашми дидан надоштанд. Саранҷом даст ба азобу шиканҷа ва зиндону шаҳодати хонадони нубувват заданд.  Кори ин сарватандӯзону ҷоҳилони ба зоҳир мусулмон ба инҷо тамом нашуд, балки ба сохту сози мазҳабу равияҳои инҳирофӣ ва зидди ақл пардохтанд, то инки ҷиноятҳои онҳоро бипӯшонанд ва дар таърих аз онҳо ба некӣ ёд кунанд. Аммо таърих нишон дода шудааст, ки аҳли ҳақиқату адолат ҳарчанд зулмҳо мебинанду гӯшанишинӣ ва ё ҷонфишонӣ мекунанд аз дасти рақибони ҳасудашон, вале ин фаҳму ташнагии ҳақиқату адолатхоҳӣ аз байн намеравад боз дубора ба ҳаракат дармеояд. Ин бор ба гӯфтаи ҳазрати Пайғамбари Акрам(с) ҳақиқату адолат тамоми дӯнёро фаро мегирад ба василаи Имом Маҳдӣ(а), ки боз аз хамин хонадон ва аз фарзандони ҳазрати Фотима(рз) духтари ПайғамбариАкрам(с) аст.
 Паёмбари Аакрам(с) дар бораи муаррифи Имом Маҳдӣ (а) мефармоянд:
اَلْمَهْدِيُّ مِنْ عِتْرَتِي مِنْ ولَدِ فَاطِمَةَ
 Имом Маҳдӣ(а) аз Аҳли Байти ман ва аз фарзандони Фотима(рз) мебошад.[6]
 Ин сӯхани Расули Худо(с) боз ҳасудонро нороҳат ва хайрхоҳону адолатдӯстонро умедвортар менамояд. Бояд диққат кард, ки ҳақталабӣ ва адолатхоҳӣ дар тамоми давронҳо дӯшманони махсӯси хӯдро доранд ва ҷоҳилони ҳасадварз яке аз сарсахтарини дӯшманони хайрхоҳӣ ва адолатхоҳӣ мебошанд. Пайғамбари Худо (с) дар бораи хатарнокии ҳасодат ва зарарҳои бешумрои он мефармоянд:
إيَّاكُم والحَسَدَ، فإنَّ الحَسَدَ يأكلُ الحَسَناتِ، كما تأكلُ النارُ الحَطَبَ
 Аз ҳасад варзидан парҳез кунед, зеро ки дар ҳақиқат ҳасад варзидан амалҳои некро аз байн мебарад, ҳамчунон ки оташ ҳезӯмро месӯзонад.[7]
 Инҷо Расули Акрам(с) ба авҷи хатар ва самараи ҳасадварзӣ ишора менамояд, ки ҳасодат ва бадхоҳӣ ба дигарон, натанҳо гӯноҳи кабира ва зарари ваҳшатнок аст, балки тамоми амалҳои неки инсонро ҳам аз байн мебарад. Ростӣ инсофан инҷо ҷои андешаю фикр аст, ки чӣ тавр як сифати ҳасад сабаби нобудии тамоми амалҳои неки инсон мегардад ва ин аз он ҳикматҳои ҷолиби дин аст, ки аз чизе хабар медиҳад, ки фаҳмаш ба осонӣ барои ҳамагон қобили мушоҳида нест. Аз тарафе ҳам бояд ҳасад наварзиданро ҳам ба хӯбӣ фаҳмид, ки самараҳои бисёр зиёдеро дар пай хоҳад дошт.
 Дар ҳадиси дигаре ҳазрати Расули Акрам(с) ҳасадро зидди имон муарифӣ намӯда ва мефармоянд:
لا يجتمعانِ في قلبِ عبدٍ الإيمانُ والحسدُ
Ҳасад ва имон ҳеҷгоҳ дар дили як нафар ҷамъ намешаванд.[8]
 Бале дар ҳақиқат ҳамин тавр аст, ки ҳасодат монанди куфр бо нури имон ҷамъ намешавад ва бо имон зиддият дорад. Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки инсон бояд ё мӯъмин бошад ё ҳасуду кофир, инсон наметавонад ҳам мӯъмину мусулмон бошад ва ҳам бепарво ҳасад варзидан бигирад. Балки ин сифати ҳасодат инсонро аз дину имон хориҷ мекунад ва ба самти куфру ҷиноят мебарад. Ин сифат бо ҳақхоҳӣ ва адолатварзӣ низ сари созгорӣ надорад, ҳаркас ки агар худои нахоста дучори ин сифати бад шуд, хоҳу нохоҳ онро аз имону адолат хориҷаш мегардонад. Дар натиҷа инсони ҳасуд беимону адолат шуда ва пайрави шайтон қарор мегирад, ки дар чунин ҳолате инсон дониста ва ё нодониста дар сафи дӯшманони Худо ва мӯминон низ қарор хоҳад гирифт.
 Бинобарин барои ҳар мусулмон ва инсони адолатхоҳе бисёр мӯҳим аст, ки хӯд ва дигаронро аз ин офати динӣ ва дӯнёӣ огоҳ намуда ва барҳазар бидоранд, то ақлу имони солим ва ҷомеъаи шукӯфо, муттаҳиду амнеро дошта бошанд.
 Имом Содиқ(рз) низ ҳасодатро реша ва усули куфру бединӣ шуморида ва мефармоянд:
أُصُولُ اَلْكُفْرِ ثَلاَثَةٌ اَلْحِرْصُ وَ اَلاِسْتِكْبَارُ وَ اَلْحَسَدُ فَأَمَّا اَلْحِرْصُ فَإِنَّ آدَمَ عَلَيْهِ اَلسَّلاَمُ حِينَ نُهِيَ عَنِ اَلشَّجَرَةِ حَمَلَهُ اَلْحِرْصُ عَلَى أَنْ أَكَلَ مِنْهَا وَ أَمَّا اَلاِسْتِكْبَارُ فَإِبْلِيسُ حَيْثُ أُمِرَ بِالسُّجُودِ لآِدَمَ فَأَبَى وَ أَمَّا اَلْحَسَدُ فَابْنَا آدَمَ حَيْثُ قَتَلَ أَحَدُهُمَا صَاحِبَهُ.
 Решаҳои куфр ва нофармонии Худованд се чизанд: Тамаъ варзидан, Такаббур варзидан ва ҳасад варзидан. Аммо тамаъварзиро намӯнааш Одам (а) аст, ки аз хӯрдани он дарахт манъ шуда буд вале тамаъ Ӯро ба хӯрдани он водошт. Аммо такаббурварзиро намӯнааш Иблис аст, ки амр шуд, ки Одамро саҷда кунад вале такаббур варзиду итоат накард. Аммо ҳасодатварзиро намӯнааш ду писари Одам(а) аст, ки якеаш дигариро аз рӯи ҳасад кушт.[9]
 
 Дар ҳадиси дигаре Имом Алӣ (рз) дӯстӣ бо инсонҳои ҳасудро бесамар дониста ва мефармоянд:
الْحَسُودُ لَاخُلَّهَ لَهُ
   Инсони ҳасуд дӯст надорад.[10]
 Чунки инсони ҳасуд ҳеҷгӯна арзишу қонунҳои динӣ, ахлоқӣ, ақлӣ ва иҷтимоъиро қабул надорад ва зери по мегузорад. Ҳамеша дар фикри худхоҳии хӯд ва бадхоҳии  дигарон аст ва арзишу ҳаққеро ҳам барои дигарон қоил нест ва танҳо ҳам мемонад, вале даст аз бадхоҳӣ ва зараррасонии ба дигарон низ бар намедорад.

Роҳҳои дармони ҳасодат ва бадхоҳӣ
  Донишмандони илми ахлоқ роҳкорҳои гуногуни илмӣ ва амалиро барои дармон ва ислоҳи ҳасодат баён намудаанд, ки ба баёни баъзе аз онҳо мепардозем.
   Роҳкорҳои аввал илмӣ ва назарӣ аст, ки дар он аввалан бовар ба Худованди таъоло ва ҳастибахши неъматҳо, посӯхгӯии инсон дар баробари амалҳояш дар охират, ва муваққат будан неъматҳои дӯнё тақвият гардад. 
  Баъдан иллату сабабҳои ба вуҷӯд оварандаи ҳасодат ва бадхоҳӣ шинохта шаванд ва дар поён ҳам паёмаду зиёнҳои хатарноки ҳасодатро мавриди диққат ва шиносоӣ қарор дод, ки он тамоми сармояи дӯнёи ва охиратии инсонро аз байн хоҳад бурд.

  Роҳкорҳои дуввум амалӣ аст, ки дар он аввалан рафтору кирдори зидди ҳасодатро ки хайрхоҳӣ ва орзуи хӯшбахтӣ барои дигарон астро дар пеш бигирӣ ва ҳамеша анҷом диҳӣ чӣ бо забон ва чӣ бо ёрӣ расондану амал. Баъд ҳам иллату сабабҳои ҳасодатро аз байн бурдан аст. Мисли эҳсос ва тасаввури камбинӣ ва нодорӣ дар дарӯни хӯд, ки сабаби тамаъу ниёзмандӣ ба доштаҳои дигарон мегардад, онро ислоҳаш намоӣ ва бовар намоӣ, ки хӯдат ҳамчун дигарон он тавоноӣ ва сарватро дорӣ ва аз дигарон камтар нестӣ, балки болотару бахшандатарӣ. Ҳамеша ин фикри одилонаро ҳам замзама бояд кард, ки ончиро барои хӯдат дӯст дорӣ барои дигарон низ дӯст бидорӣ ва ончиро барои хӯд меписандӣ барои дигарон низ биписанд. Имом Алӣ(рз) дар васиятномаи хӯд хитоб ба фарзандаш Имом Ҳасан (рз) дар ин бора хеле ҳакимона мефармоянд:
یا بُنَيَّ اجْعَلْ نَفْسَكَ مِيزَاناً فِيمَا بَيْنَكَ وَ بَيْنَ غَيْرِكَ؛ فَأَحْبِبْ لِغَيْرِكَ مَا تُحِبُّ لِنَفْسِك وَ اكْرَهْ لَهُ مَا تَكْرَهُ لَهَا، وَ لَا تَظْلِمْ كَمَا لَا تُحِبُّ أَنْ تُظْلَمَ، وَ أَحْسِنْ كَمَا تُحِبُّ أَنْ يُحْسَنَ إِلَيْكَ، وَ اسْتَقْبِحْ مِنْ نَفْسِكَ مَا تَسْتَقْبِحُهُ مِنْ غَيْرِكَ، وَ ارْضَ مِنَ النَّاسِ بِمَا تَرْضَاهُ لَهُمْ مِنْ نَفْسِكَ، وَ لَا تَقُلْ مَا لَا تَعْلَمُ وَ إِنْ قَلَّ مَا تَعْلَمُ وَ لَا تَقُلْ مَا لَا تُحِبُّ أَنْ يُقَالَ لَكَ.
 Эй писарам! Нафсу виҷдони хӯдро тарозӯ миёни хӯд ва дигарон қарор деҳ. Пас он чиро, ки барои хӯдат дӯст медорӣ, барои дигарон низ дӯст бидор ва он чиро, ки барои хӯдат намеписандӣ, барои дигарон ҳам написанд. Ситам накун, ҳамон гӯна, ки дӯст дорӣ ба ту ситам нашавад. Некӯкор бош ҳамон гӯна, ки дӯст дорӣ ба ту некӣ кунанд ва он чиро, ки барои дигарон зишту бад мешуморӣ, барои хӯдат низ зишт бишмор ва чизеро барои мардум бихоҳ, ки барои худ меписандӣ. Он чиро, ки намедонӣ нагӯй, гарчӣ чизеро, ки медонӣ кам бошад. Он чиро, ки дӯст надорӣ (монанди туҳмату ғайбат) ба тӯ нисбат диҳанд, ту ҳам ба дигарон нисбат надеҳ.[11]
  Паёмбари Аакрам(с) дар бораи аҳамияти хайрхоҳӣ ва адолтхоҳӣ ба дигарон мефармоянд:
والذي نفسُ مُحَمَّدٍ بيدِهِ لا يُؤْمِنُ أحدُكُم حتى يُحِبَّ لِأَخِيهِ ما يُحِبُّ لنفسِهِ من الخيرِ
 Савганд ба зоте, ки ҷони Муҳаммад (с) дар дасти Ӯст, ҳеҷ як аз шумо имонашон имони ҳақиқӣ намешавад, то замоне ки он чиро, ки аз хӯбиҳо барои хӯд дӯст медорад, барои бародараш низ дӯст бидорад.[12]
  Фаҳму дарки ингӯна ҳадисҳои ақлписанд ва сарлавҳаи зиндагӣ қарор додани он, инсонро аз фикру тасаввури ҳасадварзӣ ва бадхоҳӣ ба дигарон манъ менамояд. Рӯшди ақлро ҳам дар пай хоҳад дошт ва дар натиҷа инсони оқил аз кору сифати бад дӯрӣ хоҳад намуд.
  Нуктаи охирин ҳам бовар ба нопойдорӣ ва муваққат будани неъматҳои дӯнявӣ аст, ки дар ҷавонӣ чӣ қадар инсон орзӯҳои зиёдеро дар сар дошт, вале оҳиста оҳиста бо гӯзашти замон ба нопойдорӣ ва беарзишии баъзе аз онҳо пай хоҳад бурд.
 Парҳез аз ҳамнишинӣ бо инсонҳои ҳасуду бадхоҳ ҳам аз дигар роҳкорҳост, ки бояд инсон ҳамеша хӯдро аз онҳо ҳифз намояд. Муроҷиа ва иртибот бо инсонҳои мутахасис ва аҳли илм низ аз давоҳои мӯҳими ин дарди сахтилоҷ дониста шудааст.
 



[1]-Алӣ Акбари Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, с.1027
[2]-Ҷурҷонӣ, Ал-таърифот, с. 92
[3]-Арасту, Ахлоқи Никомах, с. 71
[4] -Муҳаммади Ғаззолӣ, Кимиёи саодат, ҷ. 2, с.126; Роғиби Исфаҳонӣ, Ал-Муфрадот, с.118
[5] -Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.4, с.345
[6]-Сунани Абудовуд, ҳадиси 4284
[7]-Сунани Абудовуд, ҳадиси 4903
[8]-Сунани Нисоӣ, ҳадиси 3109
[9]-Китоби Кофӣ, ҷ. 2, с.289
[10]-Ғурар-ул-ҳикам, с.886
[11]-Наҳҷулбалоға, номаи 31
[12]-Саҳеҳи Муслим, ҳ. 45 ; Сунани Нисоӣ, ҳ. 5032


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст