Ҳидояти умумӣ

Эътиқод ба ваҳй ва нубувват аз навъе биниш дар бораи ҷаҳон ва инсон шурӯъ мешавад, яъне асли ҳидояти умумӣ дар саросари ҳастӣ. Асли ҳидояти умумӣ лозимаи ҷаҳонбини тавҳиди исломӣ аст; аз ин рӯ асли нубувват лозимаи ин ҷаҳонбини аст. Худованди Мутаол ба ҳукми ин ки воҷибул вуҷуди билзот аст ва воҷибул вуҷуди биззот, воҷиб мин ҷамиъи ҷиҳот аст, файёздиҳанда ба ҳама аст ва ба ҳар навъе аз анвои мавҷудот дар ҳадде, ки барои он мавҷуд мумкин ва шоиста аст, тафаззул ва иноят дорад ва мавҷудотро дар масири камолашон ҳидоят мекунад. Ин ҳидоят шомили ҳамаи мавҷудот аст:Аз кучактарин зарра гирифта то бузургтарин ситора ва аз пасттарин мавҷуди беҷон гирифта то болотарин ва оқилтарин ҷондорҳо ки мо мешиносем яъне инсон. Аз ин руст, ки Қуръон калимаи “ваҳй” ро ҳамчуноне, ки дар мавриди ҳидояти инсон ба кор бурда дар мавриди ҳидояти ҷимодот ва ҳайвонот ба кор бурда аст.

Ҳеҷ мавҷуде дар ин ҷаҳон якнавохт нест; доиман манзил ва ҷойгоҳ иваз мекунад ва ба суи мақсудашон равон мешаванд.

Аз тарафи дигар, ҳамаи аломатҳо нишон медаҳад, ки навъе “майл” ва “кашиш” дар ҳар мавҷуде ба сӯи мақсаде, ки ба он мақсад равон аст вуҷуд дарад; яъне мавҷудот бо неруи пинҳоне, ки дар дарунашон ҳаст ба сӯи мақсадашон кашида мешаванд. Ин нерӯ ҳамон аст ки аз он ба “ҳидояти илоҳи” таъбир мешавад. Қуръони Карим аз забони ҳазрати Мусо(а) нақл мекунад, ки ба Фиръавни замони хеш гуфт: “Парвардигори мо ҳамон аст, ки ба ҳар мавҷуде он офаринише ки шоистаи он буд иноят кард ва сипас онро дар роҳи худаш ҳидоят намуд.” Сураи Тоҳо 50.

Ҷаҳони мо ҷаҳони ҳадафдор аст; яъне дар даруни мавҷудот кашиш ба сӯи ҳадафи камолияшон мавҷуд аст ва ҳадафдори ҳамон ҳидояти илоҳӣ аст.

Калимаи “ваҳй” дар Қуръони Карим бисёр ба кор рафта аст.Шакли истеъмоли ин калима ва мавориди мухталифи истеъмоли он нишон медиҳад, ки Қуръон онро махсус ба инсон намедонад, аз ин рӯ дар мавриди замбури асал ба ваҳй таъбир мекунад. Чизе, ки ҳаст дараҷоти ваҳй ва ҳидоят, бар тибқи такомули мавҷудот мутафовит аст.

Болотарин дараҷаи ваҳй ҳамон аст ки ба силсилаи Паёмбарон мешавад. Ин ваҳй бар асоси ниёзе аст, ки башар ба ҳидояти илоҳӣ дарад, ки аз тарафе башарро ба сӯи мақсуде, ки моварои уфуқ маҳсусот ва моддиёт аст ва хоҳ но хоҳ гузаргоҳи башар хоҳад буд, роҳнамоӣ намояд ва аз тарафи дигар ниёзи башарро дар зиндагии иҷтимои, ки ҳамвора ниёзманд ба қонуне аст, ки тазмини илоҳӣ дошта бошад, бароварад.

Паёмбарон ба манзилаи дастгоҳи гирандае ҳастанд, ки пайкараи башарият кор гузошта шуда аст. Паёмбарон афроди баргузидае ҳастанд, ки салоҳияти дарёфти ин навъ огоҳиро аз ҷаҳони ғайб доранд. Ин салоҳиятро Худо медонаду бас.

Қуръони карим мефармояд:[1].

Худо худ беҳтар медонад ки рисолати хешро дар чи маҳалле қарор диҳад.

Ҳарчанд падидаи ваҳй мустақиман аз қаламрави ҳис ва таҷрибаи афроди башар берун аст вале ин нерӯро монанди бисёре аз неруҳои дигар аз роҳи осораш метавон шинохт. Ваҳйи илоҳӣ таъсири шигирф ва азиме бар рӯи шахсияти ҳомили ваҳй яъне шахси паёмбар менамояд; ба ҳақиқат ӯро “мабъус” мекунад; яъне нерӯҳои ӯро бар меангезад ва инқилоби амиқ ва азим дар ӯ ба вуҷуд меоварад ва ин инқилоб дар ҷиҳати хайр ва рушд ва салоҳи башарият сурат мегирад ва воқеъбинона амал мекунад; қотеияти беназире ба ӯ медаҳад. Таърих ҳаргиз қотеияте монанди қотеияти паёмбарон ва афроде, ки ба даст ва ба василаи онон барангехта шудаанд нишон намедаҳад.

қисми дуюм



[1] .Анъом/124.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст