Қуръони фаромӯш шударо дарёбед

          Эй мусалмонон! Эй уммати Муҳаммад (с) Қуръонро дарёбед, ки маҳҷур ва фаромӯш шуда аст.

          Гуфтгӯӣ Қуръон бо мубойл

          Ҷавоне ки мубойлашро канори Қуръон гузошт ва рафт берун аз манзил, миёни Қуръони маҳҷур ва фаромӯш шуда дар назди мусалмонон ва мубойли ҳамаша дар бурс ва ҳар лаҳза дар дастон ва мавриди таваҷҷӯҳ гуфтгу сурат гирифт, ҳар кадом аз рафторҳое, ки бо онҳо мешавад, гуфтанду дарди дил карданд.

          Қуръон аз мубойл пурсид. Чаро туро инҷо гузошт?

         Мубойл: Ин бори аввал аст, ки маро фаромӯш кардааст.

          Қуръон: Вале маро ҳамеша фаромӯш мекунад.

          Мубойл: Ман бо ӯ ҳамеша сухан мегӯям ӯ бо ман.

          Қуръон: Манам бо ӯ ҳамеша сухан мегӯям, вале на гӯш мекунад ва на бо ман сухан мегӯяд.

          Мубойл: Чун ман хосияти паём додан ва паём гирифтан дорам.

          Қуръон: Ман ҳам паём ва башоратҳои зебо дорам, вале фаромӯшам мекунад.

          Мубойл: Аз ман мавҷҳои зиёде хориҷ мешавад, ки мумкин аст, ба ақлу қалби инсон зарар бирасонад, вале бо ин вуҷуд маро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад.

          Қуръон: Вале ман табиби рӯҳ, ҷисм ва нафсҳо ҳастам, қалбҳо ва ақлҳоро рушд медиҳам, бо ин вуҷуд аз ман дурӣ мекунад.

          Мубойл: Аз вижагии ман дар пеши дӯстонаш ҳамеша таъриф мекунад.

          Қуръон: Ман бузургтарин кайфият ва вижагиро дорам, вале рӯш намешавад назди дӯстонаш аз ман таъриф кунад.

          Инҷо буд, ки садои ҷавон омад, ки мубойламро фаромӯш кардам гуфта ва вориди хона шуд.

          Мубойл ба Қуръон гуфт: Бо иҷоза, омадааст маро бибарад, нагуфтам бидуни ман зиндагӣ карда наметавонад.

          Қуръон: Ман ҳам рӯзи қиёмат ба Худои худ шикоят мекунам ва бо забони Паёмбар (с) арза медорам:

«وَ قالَ الرَّسُولُ يا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هذَا الْقُرْآنَ مَهْجُوراً»

          "Ва Паёмбар гӯяд: «Эй Парвардигор! Ҳамоно қавми ман ин Қуръонро раҳо карданд»." (Сураи Фурқон,30).

 

        Нукта

          Зиндагӣ ва ҳолу рӯзи башар чунин аст, ин гуфтгӯ ҳақиқати зиндагии имрӯзи бисёре аз мусалмонон аст, ки ҳидоят ва таълимоти Қуръонро раҳо кардаанд ва гирифтори ҷилваҳои фановарии рӯз шудаанд, мубойл ва дигар фановариҳои рӯз қарор аст дар хидамти инсон бошанд, на ин ки инсон дар хидмати онҳо ва шабу рӯзашро бо онҳо бигузаронад. Қарор буд мо дар вақтҳои ниёз ва лозим ба мубойл муроҷиат кунем ва ниёзамонро бароварда кунем, чӣ шуд, ки тамоми вақтамон ба он низманд шудем?

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст