Худои Мутаол дар ояти 190 сураи муборакаи Оли Имрон мефармояд:
إِنَّ فِى خَلْقِ السَّمَوتِ وَالْأَرضِ وَاخْتِلَفِ الَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَأَيَتٍ لِّأُولِى الْأَلْبَبِ‏
Дар ҳақиқат дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафтуомади шаб ва рӯз нишонаҳое барои соҳибхирадон аст.
Сураи Оли Имрон, ояти 190
Офариниши ҷаҳон назм ва ҳадаф дорад ва инсон бояд дар он бияндешад ва Қуръон андешидан ва истифода аз мағзу андешаро ташвиқ кардааст. Осмонҳои бо ҷирмҳои боазамати худ ва замин бо ин густардагӣ ва иқлиму хусусиятҳои гуногун ва рафтуомади шабу рӯз дар тули сол ва падид омадани назми шигифтангез барои инсони соҳиби мағзу фикр тасодуфӣ нест. Ин ҳастишиносӣ муқаддимаи Худошиносӣ аст. Ин гуна афрод соҳиби мағзу андеша ҳастанд. Бояд нишонаҳои соҳибони хирадро бишиносем ва саъй кунем худамон ҳам ҷузви онҳо бошем. Аз канори он чӣ мебинем ва он чӣ моро иҳота кардааст ва бо ин назми ҳайратовар дар ҳоли ҳаракат ҳаст ғафлат накунем. Ҳар ки аз мағзу андешаи худ бештар истифода кунад ба ҳақиқатҳои шигифтангези бештар мерасад. Ин ҳама азамат дар ҳастӣ аломату нишона ва роҳнамои мо ба сӯи шинохти холиқу мудири олиму ҳакими он яъне Худои Мутаол аст.
Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр
Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдигор
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст