Имрӯз мебинем ва мешунавем, ки гунаҳкорон мардону занони боимонро ба хотири риояти диндорӣ таҳқир, масхара ва таҳдид мекунанд. Назари Қуръони Карим дар ин бора ва вазифаи мӯъминон чист?
Худои Мутаол дар оёти 29-36 сураи муборакаи Мутаффифин мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُواْ كَانُواْ مِنَ الَّذِينَ آمَنُواْ يَضْحَكُونَ وَ إِذَا مَرُّواْ بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ وَإِذَا انقَلَبُواْ إِلَى‏ أَهْلِهِمُ انقَلَبُواْ فَكِهِينَ وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُواْ إِنَّ هَؤُلَا ءِ لَضَآلُّونَ وَمَآ أُرْسِلُواْ عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُواْ مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ عَلَى الْأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ‏
Дар ҳақиқат муҷримон ҳамеша ба аҳли имон ме‏хандиданд. Ва ҳар гоҳ аз канорашон мегузаштанд, (бо тамасхур) бо чашму абрӯ ба якдигар ишора мекарданд. Ва ҳар гоҳ ба сӯи аҳли худашон (ва ҳамфикрони мунҳарифашон) барме‏гаштанд, (шодмон аз тамасхур) танзгуна ва базла‏гӯён бозме‏гаштанд. Ва ҳар гоҳ аҳли имонро ме‏диданд, мегуфтанд: Шакке нест, ки онон ҳамон гумроҳонанд. Дар ҳоле ки онон, вазифаи нигаҳбонӣ бар мӯъминонро надоштанд. Пас имрӯз аҳли имон бар ин кофирон ме‏ханданд. Дар ҳоле ки бар тахт‏ҳои биҳиштӣ назора‏гаранд. Ки оё кофирон кайфари амалкарди худро дидаанд?
Биёмӯзем
1. Масъала ҷиддӣ аст ва онро ҷиддӣ бигиред.
2. Гунаҳкорон дар дунё талабкор ҳастанд.
3. Мӯъминон бояд омодаи бархурдҳои норавои гунаҳкорон ва муҷримон бошанд.
4. Ханда, ғамза, нешу нӯш‏ҳои гунаҳкорон шуморо дилсард накунад, зеро худи онон муҷрим ҳастанд.
5. Тамасхур ва таҳқири мӯъминон шеваи деринаи муҷримон аст.
6. Муҷрим ба гуноҳи худ қонеъ нест, балки саъй мекунад бо ханда ва масхара мӯъминони покро таҳқир кунад ва ба онон зарбаи рӯҳӣ занад.
7. Сохтани танз ва ҳаҷв барои масхараи мӯъминон аз шева‏ҳои муҷримон аст.
8. Исрор бар гуноҳ дид ва доварии инсонро тағйир ме‏диҳад. Ҷолиб аст, ки муҷримон мӯъминонро гумроҳ ме‏пиндоранд.
9. Муҷримон бо қотеият мӯъминонро таҳқир мекунанд ва тӯҳмат мезананд, вале бидонед, ки дар ояндаи наздик пушаймон хоҳанд шуд.
10. Гунаҳ‏пешагон лаёқати қазоват ва изҳори назар дар бораи мӯъминонро надоранд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст