Худои Мутаол дар ояти 68 сураи Оли Имрон мефармояд: 
إِنَّ أَوْلَى الْنَّاسِ بِإِبْرَهِيمَ لَلَّذِينَ اتَّبَعُوهُ وَهَذَا الْنَّبِىُّ وَالَّذِينَ ءَاَمَنُواْ وَاللَّهُ وَلِىُّ الْمُؤْمِنِينَ
Дар ҳақиқат сазовортарин инсонҳо ба Иброҳим касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кунанд ва (низ) ин паёмбар ва касоне, ки (ба ӯ) имон овардаанд. Ва Худованд сарвар ва сарпарасти мӯъминон аст. 
Бидонем 
Аз ин ояти шариф маълум ме‏шавад, ки нисбати имонӣ, болотар ва маҳкам‏тар аз нисбати хешовандӣ аст ва афроде, ки ҳамфикр ва ҳамоин ва ҳамҳадаф бошанд, ба ҳамдигар наздик‏тар аз касоне ҳастанд, ки дар зоҳир қавму хешанд, вале аз назари фикрӣ ва эътиқодӣ аз ҳамдигар ҷудоянд. 
Расули Акрам (с) дар мавриди Салмони Форсӣ (рз) фармуд: سلمان منا اهل البیت
«Салмон аз мо Аҳли байт аст.» (Биҳор, ҷ.‏10, саҳ.123) Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) мефармояд:
إنّ وَلِىَّ مُحَمَّدٍ مَن أطاعَ اللّهَ وَ إنْ بَعُدَتْ لُحمَتُهُ وَ إنَّ عَدُوَّ مُحَمَّدٍ مَن عَصَى اللّهَ وَ إنْ قَرُبَتْ قَرابَتُهُ
Дар ҳақиқат дӯст ва тарафдори ҳазрати Муҳаммад (с) касе аст, ки Худоро итоат кунад, ҳарчанд аз назари хешовандӣ аз ӯ дӯр бошад ва душмани Паёмбар (с) касе аст, ки Худоро нофармонӣ кунад, ҳарчанд бо Паёмбар нисбат ва хешӣ дошта бошад. Наҳҷулбалоға, ҳикмати  92 
Салмон (рз) форс буд, вале ба хотири имон ва амали солеҳ ва пайравӣ аз Паёмбари Аъзам (с) ҷузъи Аҳли байт шуд, вале Абӯлаҳаби амаки Паёмбари Акрам (с) нафрин шуд. (Сураи Таббат)
Имом Содиқ (рҳ) ба яке аз ёрони бовафояш фармуд: نتم واللّه من آل محمّد Ба Худо савганд, ки шумо аз Оли ‏Муҳаммад (с) ҳастед. Ва сипас ин оятро тиловат фармуд. (Тафсири Маҷмаулбаён)
Бо ин ки оят фармуд: Наздик‏тарин ва сазовортарин мардум ба Иброҳим пайравони ӯ ҳастанд, лекин номи Паёмбари Ислом ва мӯъминонро ҷудогона бурд, то беҳтарин намуна‏и пайравиро дар вуҷуди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мӯъминон ба дунё нишон диҳад. 
Биёмӯзем
1. Ин масъала ҷиддӣ аст на шухӣ пас онро ҷиддӣ бигиред ва пойбанди он бошед. Дар ҳақиқат.
2. Меъёри лаёқат ва шоистагиҳоро дар нисбат ба бузургон бишиносем. Шоистатарин.
3. Лаёқт меъёр дорад. Бино бар ин ҳамаи инсонҳо метавонанд онро ба даст оранд ва ҳеҷ монеъе нест. Инсонҳо.
4. Иброҳим падари миллати мусулмон аст. Пайравони ҳама динҳои осмонӣ (яҳудият, масеҳият ва Ислом) иддао ва ифтихори пайравӣ аз ҳазрати Иброҳим (а)-ро мекунанд, вале бояд бидонем, ки ин саодат чӣ шароите дорад. Ба Иброҳим (а)
5. Ин шароитро ҷиддӣ бигиред. Ҳатман.
6. Меъёри наздикӣ ва лаёқат дар нисбат доштан ба анбиё (а) пайравӣ аз онон аст на фақат иддао ва шиор додан нест.
7. Пайванди мардум бо раҳбар пайванди динӣ аст, на пайванди қабилаӣ, забонӣ, минтақа‏ӣ ва нажодӣ.
8. Муҳимтарин сифатҳои ҳазрати Иброҳим (а)-ро Худои Субҳон дуто мешуморад: حنیفا و ما کان من المشرکین Иброҳим ҳақгаро буд ва мушрик набуд. (Бақара/135) Он чӣ барои ҳазрати Иброҳим (а) муҳим буд ҳақгароӣ ва ҳақмеҳварӣ буд на суду зиёни шахсӣ ё ҳавои нафсу бартарии нажодӣ ва ...  ва вақте Ҳақро шинохт ҳеҷ чизро бо он шарик накард. Имрӯз мутаассифона ба баҳонаҳои гуногун мисли миллигароӣ, забонгароӣ , нажодпарастӣ, сарзамингароӣ ва ҳифзи расму оини ниёкон бо аҳкоми Худо ва Ҳақ мубориза мешавад ва бо тавсиби қонунҳои худсохтаи башарӣ ва ноқису ноқизи ҳуқуқи инсонӣ барои аҳли Ҳақ маҳдудият эҷод мешавад, ки инҳо бо миллат ва дини иброҳимӣ мухолиф ва зид аст. Ҳазрати Иброҳим (а) қаҳрамони тавҳид ва мубориза бо ширку хурофот аст. Ӯ бо намоди ширку истикбори он замон Намруд набард кард ва созиш накард ва аз ҳама чизи худаш гузашт, вале имрӯз муддаиёни мусулмонӣ бо сарони куфру ширки замон паймони дӯстӣ мебанданд ва бо онҳо ҳамнишин ҳастанд ва ба он ифтихор мекунанд.
9. Паёмбари Аъзам (с) намунаи олии пайравӣ аз Иброҳими бутшикан аст.
10. Мӯъминоне, ки аз Паёмбари Аъзам (с) пайравӣ мекунанд пайравон ва шоистагони нисбат доштан ба Иброҳим (а) ҳастанд. 
11. Паёмбари Ислом (с) ва мӯъминон дар роҳи ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳаммаром ва ҳамҳадаф бо ӯ ҳастанд. 
12. Мӯъмин фақат дунболи вилояти Худо аст ва ба он ифтихор мекунад.
13. Агар авло ба Иброҳим шудем мӯъмин ҳастем ва агар мӯъмин шудем вилояти Худо насиби мо мешавад.
14. Мӯъмин ҳеҷ гоҳ ноумед ва нотавон нест, чун Худо валии ӯ ҳаст.
15. Барои ин ки тоғутҳо ва нафсу шайтон мӯъминонро фиреб надиҳанд ва гумроҳ накунанд бояд меъёрҳоро аз Қуръони Карим ёд бигирем ва ба он пойбанд бошем.
16. Мӯъмин сармашқ дорад ва аз пайравии муддаиён бениёз аст.
17. Дар зиндагӣ бояд ба фикри ин бошем, ки чӣ қадар корҳои мо ба ҳазрати Иброҳим (а) ва Паёмбари Аъзам (с) наздик аст. 
18. Иди Қурбон ёдовари аз худгузаштагии ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а) барои итоати амри Худо ва касби ризояти Парвардигор аст. Ин масъала нишон медиҳад, ки мӯъмин бояд барои дин ва ризои Худо то куҷо бояд омода бошад ва анҷом диҳад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст