Сураи Таборак оғози ҷузъи бисту нӯҳуми Қуръони Карим аст. Ин сура аз сураҳои маккӣ ва сӣ оят дорад. Номи дигар ин сура «Мулк» аст.
«Мулк» ва «Таборак» ҳар ду аз ояти аввали ин сура гирифта шудааст ва ба маънои «фармонравоӣ» ва «пурбаракат» ме‏бошанд.
Мӯҳтавои ин сура шомил се меҳвари зер аст:
1. Мабоҳисе дар мавриди сарчашмаи ҳастӣ, сифоти Худо, низоми ҳайратовари офариниш ва ҳастӣ ва инсон ва абзорҳои шинохти ҳақоиқ.
2. Баҳсҳое дар бора қиёмат, азоб дӯзах ва гуфтугӯи ҷаҳаннамиён дар қиёмат.
3. Таҳдиди кофирон ва золимон ба азоб‏ҳои дунявӣ ва ухравӣ.
Дар фазилати ин сура омадааст, ки қироати ин сура сабаби наҷот аз азоби қабр аст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст