Худои Мутаол дар ояти 159 сураи Оли Имрон мефармояд:
فَبِمَا رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنْتَ فَظّاً غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانْفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِى الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ‏
(Эй Расули мо,) пас ба хотири раҳмате аз ҷониби Худо (, ки шомили ҳоли ту шуда,) бо мардум меҳрубон гаштаӣ ва агар хашин ва сангдил будӣ, (мардум) аз даври ту пароканда ме‏шуданд. Пас аз (тақсири) онон даргузар ва барои онҳо талаби омурзиш кун ва дар умур бо онон машварат намо! Пас вақте тасмим гирифтӣ (қотеъ бош ва) бар Худованд таваккул кун. Ба ростӣ ки Худованд таваккулкунандагонро дӯст медорад.
Бидонем
Гарчӣ мӯҳтавои оят дастурҳои куллӣ аст, лекин нузули оят дар бора‏и ҷанги Уҳуд аст, зеро мусулмононе, ки дар ҷанги Уҳуд гурехта ва шикаст хӯрда буданд, дар оташи афсӯсу пушаймонӣ ме‏сухтанд. Онон атрофи Паёмбарро гирифта узрхоҳӣ ме‏намуданд. Худованд низ бо ин оят дастурт афвт умумит ононро содир намуд.
Калимаи «шавр (машварат)» дар асл ба маънӣ макидани занбур аз шира‏и гул‏ҳост. Дар машварат кардан низ инсон беҳтарин назарияҳоро ҷазб ме‏кунад.
Биёмӯзем
1. Нармиш бо мардум як ҳадияи илоҳӣ аст.
2. Афроди хашин ва сахтгир наме‏тавонанд мардум‏дорӣ кунанд.
3. Низоми ҳукуматии Ислом бар мабнои муҳаббат ва пайванду ҳамроҳӣ бо мардум аст.
4. Раҳбарӣ ва мудирияти дуруст бо афв ва гузашт ҳамроҳ аст.
5. Хатокорони пушаймон ва гунаҳкорони шармандаро бипазиреду ҷазб кунед.
6. Арзиши машваратро бо нокоми‏ҳои мавсимӣ нодида нагиред.
7. Дар машварати Паёмбари Акрам(с) тафаққуд аз неруҳо, шукуфоии истеъдодҳо, шиносоии дӯстон аз душманон, гузиниши беҳтарин раъй, эҷоди муҳаббат ва алоқа ва дарси амалӣ барои дигарон нуҳуфтааст.
8. Зулмеро, ки ба ту карданд, афв кун ва барои гуноҳе, ки нисбат ба Худо анҷом доданд, талаби омурзиш кун ва дар масоили сиёсӣ-иҷтимоӣ, бо онон машварат кун.
9. Истиғфори Паёмбар дар бора‏и умматаш ба дастури Худост. Пас қабул низ ҳаст.
10. Машварат бо ҳокимияти марказӣ ва фармондеҳии ягона ва қотеъият зид нест.
11. Сухан ва тасмими ниҳоӣ бо раҳбар аст.
12. Дар канори фикру машварат таваккул бар Худо фаромӯш нашавад.
13. Ибтидо машварат ва сипас таваккул, роҳи чораи корҳост, хоҳ ба натиҷа бирасем ё нарасем.
14. Кореро анҷом диҳем, ки Худо дӯст дорад.
15. Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.
16. Дӯстони Худоро бишиносем.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст