Худои Мутаол дар ояти 128 сураи Тавба мефармояд:
لَقَدْ جَآءَكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Ҳамоно фиристодае аз ҷинси худатон ба сӯи шумо омадааст, ки ончи шуморо биранҷонад барои ӯ сахт аст (ва) бар ҳидояти шумо ҳарис ва дилсӯз ва ба мӯъминон рауф ва меҳрубон аст.
Бидонем
Худованд ҷуз бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) бар ҳеҷ як аз паёмбарон ду номи Рауф ва Раҳим аз ном‏ҳои худашро ба кор набурдааст.
Диққат ба сифатҳои раҳбарони осмонӣ, ки дар ин оят баён аст ва муқоиса‏и онҳо бо сифатҳои дигар раҳбарони башарӣ, лутфи Худоро ба башар ва лозим будани итоати бечунучаро аз ин гуна раҳбаронро нишон медиҳад.
Биёмӯзем
1. Масъала муҳим аст пас онро ҷиддӣ бигиред.
2. Расул ‏Худо(с) аз ҷинси мардум ва бархоста аз миёни худи онон аст.
3. Расули Худо(с) ғам‏хори уммат ва башарият аст.
4. Расули Худо(с) ба суроғи мардум омад. Мунтазири мардум набошед, балки ба суроғи онҳо биравед.
5. Раҳбарони исломӣ бояд дар сахти‏ҳо ва гирифтори‏ҳо бо мардум ҳамдил ва ҳамроҳ бошанд.
6. Паёмбари Худо(с) дар ҳидоят ва иршоди мардум тамоми талош ва дилсӯзии худро ба кор мебарад.
7. Аз авомили таъсири калом дар дигарон хайрхоҳӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, бетамаъ будан ва тавозӯъ аст.
8. Раҳбари исломӣ танҳо бар мӯъминон рауф ва раҳим аст, на бар ҳама кас, балки бар душманони ҳаққу ҳидоят шадид ва ғализ аст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст