Худои Мутаол дар ояти 50 сураи Моида мефармояд:
أَفَحُكْمَ الْجَهِلِيَّةِ يَبْغُونَ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ حُكْماً لِّقَوْمٍ يُوقِنُونَ
Оё онон ҳукми ҷоҳилиятро ме‏талабанд? Барои аҳли имон ва яқин, доварии чӣ касе аз Худо беҳтар аст?
Бидонем
Беҳтарин қонун он аст, ки қонун‏гузор шароити зерро дошта бошад:
1. Аз тамоми асрори ҳастӣ ва инсон, дар гузашта, ҳол ва оянда огоҳ бошад.
2. Ҳеҷ ҳадафи суд ва нафъи худаш надошта бошад.
3. Ҳеҷ лағзишу хатои огоҳона ва ноогоҳона надошта бошад.
4. Аз ҳеҷ қудрате натарсад.
5. Хайрхоҳи ҳама бошад.
Ин шароит танҳо ва фақат дар Худованди Мутаол ҳаст, аз ин рӯ Қуръони Карим ме‏фармояд: Чӣ касе дар ҳукм ва ҳукумат кардан аз Худо бештар аст?
Ҳар қонуни башарие, ки хилофи ҳукми Худо бошад, ҷоҳилона аст, чун ин қонун‏ҳо ғолибан бар асоси ҳавову ҳавас, тарсу тамаъ, ҷаҳлу хато ва хаёл ва маҳдудияти илмӣ вазъ шудааст.
Биёмӯзем
1. Яке аз равишҳои ба фикр ва талош водор кардани дигарон савол ва муқоиса аст.
2. Бо савол бигузоред худи афрод фикр кунанд ва тасмим бигиранд.
3. Аз озодӣ ва ихтиёру фурсате, ки доред дуруст ва судманд тасмим бигиред.
4. Пайравони дин аз ҷаҳл дур мешаванд ва ба беҳтаринҳо мерасанд.
5. Баъзе аз мардум (мушрикон ва аҳли китоб) мехоҳанд доварии Паёмбари Худо(с) бар асос қавонини ҷоҳилият бошад.
6. Фисқу гуноҳ инсонро ба сӯи фарҳанги ҷоҳилӣ мекашонад.
7. Онон, ки бо доштани аҳкоми илоҳӣ аз он рӯй мегардонанд ва сӯроғи қавонини башарӣ ме‏раванд, дар роҳи ҷоҳилият қадам мезананд.
8. Касоне, ки дунболи ҳукми ҷоҳилият ҳастанд сазовори сарзаниш ҳастанд.
9. Замони ҷоҳилият махсуси як даврон нест. Ҳар гоҳ мардум аз Худо ва қонунҳои ӯ ҷудо шаванд, даврони ҷоҳилият аст.
10. Ақлу виҷдон беҳтарин довар ва додгоҳ аст.
11. Онон, ки танҳо чашм ба қавонини башарӣ духтаанд ва онро роҳи камол ме‏донанд, дар имон ва яқини худ шак кунанд.
12. Нишонаи аҳли яқин пойбандӣ ба ҳукми Худост.
13. Роҳу чоҳ маълум шудааст. Пас узр надорем ва наёрем, балки дунболи илму амал бошем.
14. Меъёрҳоро аз Қуръони Карим биёмӯзем ва саъй кунем онро ба даст оварем.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст