Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн(а) (1)
Муқаддима
Имом Ҳусайн(а), наваи гиромии Паёмбари Ислом(с) ва фарзанди бузургвори ҳазрати Алии Муртазо(а) ва Фотимаи Заҳро(с) аст. Имом Ҳусайн(а), бар зидди ҳукумати Язиди ситамгар, шаробхор, мунҳариф ва бидъатгузор, ки бар сарнавишти уммати исломӣ мусаллат шуда буд, бо ҳадафи эҳёи дини ҷаддаш ва ислоҳи уммати Ислом ва бо тафаккур ва андешаҳои бархоста аз омӯзаҳои асили қуръонӣ қиём намуд, то нагузорад бидъатҳо ва инҳирофот ва таҳрифот аз сӯи Язид бар дини Ислом ворид шавад.
Манзур аз мабонии қиёми Имом Ҳусайн(а), маҷмӯае аз қавоид, усул, заминаҳо ва умуре аст, ки дар шаклгирии ҳодисаи Ошӯро ва қиёми он Ҳазрат муассир буда аст. Умуре сабаб шуд, то дар соли 61 ҳиҷрии қамарӣ имом Ҳусайн(а) дар муқобили Язид қиём кунад, ки маъмулан ингуна баён мекунанд; байъатхоҳии Язид, даъвати мардуми Куфа аз имом Ҳусайн(а) ва иҷрои амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар тавассути имом Ҳусайн(а). Дар ҳоле ки усул ва мабонии қиём, нигоҳи амиқтар, куллитар ва мантиқитар дорад ва бояд онҳоро баррасӣ намоем, то битавон барои наслҳо ва замонҳои дигар аз он баҳра бурд ва улгусозӣ кард. Бинобар ин дар ин мақола мабонӣ ва қавоиди қуръонии имом Ҳусайн(а) таҳлил ва баррасӣ хоҳад шуд.
- Мубориза ва ситез бо золим ва ситамгар
Аз манзари Қуръони Карим, тамоми Анбиё(а) омадаанд, то инсонҳо бандаи Худо бошанд ва аз туғёнгарӣ ва ситамгарӣ бираҳанд ва дар сояти он аз тамомии палидиҳои фикрӣ ва амалӣ наҷот ёбанд.
Худованд дар оёте аз ҷумла ояти 41 сураи Наҳл, шикасти музлумонро дар мубориза бо золимон, айни пирӯзӣ мешуморад ва барои онон подоши музоаф дар охират қарор медиҳад, ҳарчанд ки дар оёте аз ҷумла оёти 103, 129, ва 137 сураи Аъроф бар пирӯзии ниҳоии мазлумон дар набарди ҷаҳонӣ алайҳи зулм ва золимон таъкид меварзад, вале агар дар ҳамин миён пеш аз дастёбӣ ба пирӯзӣ дар ин набарди ниҳоӣ алайҳи золим, музлумоне кушта шаванд дар ҳақиқат пирӯзи ниҳоӣ ҳастанд ва подоши хоссеро назди Худованд доранд.
Лозимаи зулм ва ситам он аст, ки дар тамомии арсаҳо, убудияти ҳоким ва туғёнгарӣ дар муқобили Худованд ва дастурҳои Ӯ аз байн меравад. Яке аз мабонии аслӣ ва қуръонии қиёми Имом Ҳусайн(а) низ амал намудан ба ҳамин асл ва мабнои Қуръонӣ буда аст. Он Ҳазрат дар муқобили зулм ва ситамгарии Язид қиём намуд, то пеши зулму ситамгарии Язидро дар ҷомеаи исломӣ бигирад. Бинобар ин он Ҳазарт(а) бо таъкид бар мубориза бо золимон ва ситамгарон чунин мефармоянд:
“ Эй мардум! Паёмбари Худо фармуд: Ҳар мусулмоне бо ҳукумати ситамгаре рӯ ба рӯ шавад, ки ҳароми Худоро ҳалол шуморида ва паймони илоҳиро мешиканад, бо суннат ва қонуни Паёмбар(с) мухолифат карда ва дар миёни бандагони Худо равиши гуноҳ, таҷовузгарӣ ва душманиро пеш мегирад, бо ин ҳол ӯ дар муқобили чунин ҳукумате бо амал ё гуфтор мухолифат наварзад, бар Худованд аст, ки он фарди сокитро ба кайфари ҳамон ситамгар маҳкум созад”. (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.403.)
Дар оёти Қуръони Карим, аз такя ва эътимод бар золимон ва ситамгарон наҳй шуда аст, он ҷо ки мефармояд: ”Ва бар золимон такя нанамоед, ки сабаб мешавад оташ шуморо фаро гирад ва дар он ҳол ҳеҷ сарпарасте ба ҷуз Худованд нахоҳед дошт ва ёрӣ намешавед” (Ҳуд, ояти 113).
Бар асоси омӯзаҳои илоҳӣ, инсонҳо, ҳамон гуна ки бояд адолатхоҳ ва ситамситез бошанд, бояд дар шароите, ки ба ишон ситам мешавад, сокит нашаванд, балки дар муқобили ситам ва ситамгарон бархезанд. Ба ин маъно, ки ситамситезӣ ба унвони амри воҷиб бар шахси ситамшуда ва афроди ҷомеа аст. Ҳеҷ кас наметавонад, ба сабаби ин ки дар маърази ситам аст ва ё ба вай ситам мешавад, нисбат ба ситам ва ситамгарон вокуниш нишон надиҳад ва ситампазир бошад, чунки ситампазирӣ, худ гуноҳи нобахшуданӣ аст.
Чунон ки имом Ҳусайн(а) ва ёрони мазлуми вай дар Карбало чунин карданд ва алайҳи зулм ва ситам қиём карда ва решаҳои зулм ва ситами язидиро сӯзониданд ва ситамситезӣ ва ситамсӯзиро на фақат дар ҷомеаи исломӣ, балки дар ҷомеаи инсонӣ наҳодина карданд, ба гӯнае, ки Маҳатма Ганди, меъмори истиқлоли Ҳиндустон, ки як ҳинду ва ғайри мусулмон буд аз он Ҳазрат(а) барои муборизоти хеш улгу гирифт ва вайро сармашқи муборизоти худ қарор дод. Дар ин бора мегӯяд:” Ман барои мардуми Ҳинд чизи тозае наёвардам, фақат натиҷаеро, ки аз матолиб ва таҳқиқотам дар бораи таърихи қаҳрамони Карбало (Имом Ҳусайн) ба даст оварда будам, армағони миллати Ҳинд кардам. Агар бихоҳам мардуми Ҳиндро (аз дасти истеъмори Бритониё) наҷот диҳам воҷиб аст ҳамон роҳеро бипаймоям, ки Ҳусайн ибни Алӣ паймуд” (Ҳусайн пешвои инсонҳо, саҳ. 30).
- Бидъатситезӣ
Яке аз натоиҷи шинохти дақиқи Ислом ва Қуръон, дарки суннати Паёмбар(с) ва низ шинохти мавориди бидъат аст, ки дар марҳилаи баъд ва тибқи ончи дар худи Қуръон ва суннат вуҷуд дорад, муқобилаи шадид бо бидъатҳо ҳамроҳ бо дифоъ аз суннат қарор дорад. Он чи ба унвони суннати Паёмбар(с) собит шуда, пазириш ва амал ба он бар ҳамаи афрод лозим буда ва ончи, ки бидъат шуморида мешавад, бояд аз тарафи тамоми мӯъминон тард шавад, чунки бидъат дар ниҳоят кулли динро хароб мекунад, зеро бидъатгузорон чизеро динӣ гумон мекунанд, ки бо дин робитае надорад ва низоми онро барҳам мезанад.
Дар Қуръони Карим шадидтарин таъбирҳо марбут ба амалкарди бидъатгузорони яҳуд ва ҷоҳилият аст, ки бар Худованд дурӯғ ва ифтиро мебастанд ва бархе аз чизҳоеро, ки Худованд ҳалол карда, онон ба унвони дин бар худ ҳаром мекарданд.
Чунон ки дар сураи Тавба мефармояд: ”Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо, ва ба рӯзи ҷазо имон надоранд ва ончиро Худо ва Расулаш таҳрим карда ҳаром намешуморанд ва оини ҳақро намепазиранд, пайкор кунед, то замоне ки бо хузуъ ва хушуъ, ҷизяро бо дасти худ бипардозанд!”.(Тавба, ояти 29).
Аз тарафи дигар, Қуръони Карим пайравӣ аз суннати Паёмбар(с)-ро лозим мешуморад ва гуфтори ӯро барои тамомии мусулмонон ҳуҷҷат медонад ва дар ояти ҳафтуми сураи Ҳашр мефармояд: ”وَ مَا ءَاتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَ مَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا”
Ҳар ончиро Паёмбар(с) ба шумо медиҳад бигиред ва аз ончи шуморо боз медорад худдорӣ кунед”.
Дар ҷои дигар мефармояд:
”وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ. ”
Ҳаргоҳ Худо ва Расули Ӯ дар мавриди коре ҳукм карданд, дигар барои мардон ва занони боимон ихтиёре нест”. (Аҳзоб:36)
Имом Ҳусайн(а), ки наваи гиромии Паёмбари Ислом(с) буд, ҳам суннатгаро ва ҳам бидъатситез буд. Ҳазрат мефармояд:
”Мардум! Шуморо ба китоби Худо ва суннати Паёмбар даъват мекунам, зеро дар шароите қарор гирифтаем, ки суннати Паёмбар(с) ба куллӣ аз байн рафта ва бидъатҳо зинда шуда аст” (Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ. 357; Таърихи Ибни Халдун, ҷ.3, саҳ. 28; Албидоя ванниҳоя, ҷ.8, саҳ. 28; Ансобул ашроф, ҷ.2, саҳ. 78 ).
- Эҳёи дини Ислом
Эҳёгарӣ чист? Эҳёи дин яъне чӣ? Оё дин мемирад то зинда шавад? Ва ҳаёти дин ба чист? Касе, ки динро эҳё мекунад чӣ коре анҷом медиҳад, ки ба амалаш ”эҳёи дин” мегӯем? Қуръони Карим ҳамвора дар ҷой-ҷои сураҳо ва оёт таъкид мекунад, ки Ислом айни ҳаёт аст.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ
“Эй касоне, ки имон овардаед! Даъвати Худо ва Паёмбарро иҷобат кунед, ҳангоме ки шуморо ба сӯи чизе мехонад, ки шуморо ҳаёт мебахшад!”. (Анфол, ояти 24).
Расули Акрам(с) инсонҳоро ба чӣ чизе фаро мехонданд? Ба дини Ислом. Пас Ислом, мояти ҳаёт, балки айни ҳаёт аст ва ончи моя ва маншаи ҳаёт ва айни ҳаёт аст намемирад, пас онро наметавон эҳё кард.
Пас мурод аз эҳё чист? Бо тасомуҳ бояд гуфт, ки эҳёи дин иборат аст аз фаол кардани дин дар қаламрави ҳаёти инсонӣ (чи дар ҳавзаи фардӣ ва чи дар ҳавзаи иҷтимоӣ), нақшофаринии дин дар фикр ва феъли инсон мешавад, ҳаёти дин ва эҳёи дин ба ислоҳи диндорӣ ва эҳёи диндор таҳлил мешавад. Эҳёи дин, яъне тасҳеҳи фаҳми динӣ, тасҳеҳи сайр ва масири диндорӣ ва рафтори диндорон вагарна дин ҳаргиз намемирад ба таъбири яке аз донишмандон ”хуршеди дин ҳаргиз ғуруб намекунад”, ки аз нав тулӯъ кунад. (Маҷмуаи осор, Мутаҳҳарӣ, ҷ.3, саҳ. 383).
Бинобар ин таҳаққуқи эҳёи тафаккури диниро бояд дар вуҷуди диндорон ва ҳузури дин дар арсаи ҳаёт ҷустуҷӯ кард. Калимаи эҳё ва эҳёгарии динӣ дар суханони имом Ҳусайн(а) ба маънои бедор кардан, бозгардондани арзишҳо, зинда кардани инсонҳо ва ҷомеаи исломӣ аз хоби ғафлату бехабарӣ ба кор рафта аст. Имом Ҳусайн(а) дар номае ба бузургони Басра аз онҳо мехоҳад, ки ба китоби илоҳӣ ва суннати набавӣ биандешанд ва аз воқеиятҳои ҷомеа ғофил набошанд; суннатҳо ва равишҳои писандида, мурда ва аз миён рафта ва бидъатҳо ва арзишҳои ҷоҳилӣ зинда ва ҷои онҳоро гирифта аст:
«و انا ادعوكم الي كتاب الله و سنة نبيه(ص) فانّ السُّنَة قَدْ اُميتَتْ و انّ الْبدعة قد اُحييَتْ و اَنْ تسمعوا قولي و تطيعوا امري اهدكم سبيل الرشاد»
Ман шуморо ба пайравӣ аз китоби Худо ва роҳ ва равиши Паёмбар(с) фаро мехонам, зеро ҳамакнун суннати Паёмбар аз миён рафта ва бидъатҳо ва аҳкоми нораво зинда шуда аст, пас агар ба ин паёми ман гӯш фаро диҳед ва онро бипазиред, шуморо ба роҳи саодат раҳбарӣ хоҳам кард. (Таърихи Табарӣ, ҷ.3, саҳ. 28; Албидояту ван ниҳоя ҷ.8,саҳ. 28; Ансобул ашроф, ҷ.2, саҳ. 78).
Ҳамчунин он Ҳазрат(а) сабаби пазириши даъвати Куфиёнро, ҳувияти эҳёгарони он медонад ва мефармоянд:
«انّ اَهْل الكوفة كَتَبوُا اِلَيَّ يَسْألونني ان اقدم عليهم لما ارجوا من احياء معالمالحق و اماته البدع»
Куфиён ба ман нома навишта ва аз ман хостаанд, ки назди онон равам, зеро умедворам нишонаҳои ҳақ зинда гардад ва бидъатҳо бимиранд (Алфутуҳ, ҷ.5 саҳ. 37; Алахборут тивол, саҳ. 231).
Аз ин рӯ дар ин роҳ, қотеъ ва бетардид гом бардошт, зеро қиём барои эҳёи ҳақ ва мирондани ботилро вазифаи динии худ медонист:
«ما اهون الموت علي سبيل العزّ و احياء الحق، ليس الموت في سبيل العزّ الاّ حياةخالدة، ليست الحياة مع الذّل الاّ الموت الذي لا حياة معه»
“Чи осон аст марг дар роҳи расидан ба иззат ва зинда кардани ҳақ. Марг дар роҳи иззат чизе ҷуз ҳаёти ҷовидона нест ва зиндагии бо зиллат ва хорӣ ба ҷуз марги пасте, ки зиндагӣ ба ҳамроҳ надорад, нест”. (Вижагии имом Ҳусайн, саҳ. 17).
Аммо ба ростӣ ин эҳёи ҳақ ва зинда кардани суннатҳо ва равишҳои дуруст чӣ буд, ки Ҳусайн ибни Алӣ(а) бар он исрор дошт ва ҷони худ ва ёронашро дар пои он гузошт? Шаке нест, ки эҳёи суннатҳо ва арзишҳои мавриди писанди Худованд ва аз миён бурдани шеваҳо ва равишҳои ғалат буд. Аз ин рӯ, Ҳусайн ибни Алӣ(а) ”эҳёи суннатҳо” ва “аз миён бурдани бидъатҳо”-ро шиори худ қарор медиҳад ва дар суханони нуронии худ онҳоро ба хубӣ баён мекунад.