Баҳрагири аз шеваи суол ва ҷавоб.
Ҷунончи агар хори кучаки ба пой фуру равад, инсонро аз роҳ рафтан ва ҳаракат боз медорад, ҳамчунон суол ва шубҳа агар ба зеҳн ворид шавад, ӯро мутавақиф мекунад. Барои ҳамин бояд ҳар суол ва шубҳаи ки пеш меояд, бо муроҷиъа ба аҳлаш посухашро бидонем.
Тарҳи суол фойдаҳои зиёди дорад, аз ҷумла:
1 . касби маълумот. 2. Рушди устод. 3. Шинохти руҳиёт. 4. Тақвияти иртибот. 5. Бартараф кардани хиҷолатҳо, ғурур ва такабур. Каси, ки чизиро намедонад вале суол намекунад, ё гирифтори ғурур ва такабур аст, ё гирифтори хиҷолати нораво.
Албатта бархи афрод аз тарҳи суол, ҳадаф ва ангизаи манфи доранд, монанди: 1. Ба чолиш кашидан. 2.баҳона ҷӯй. 3. Худнамой ва изҳори фазл. 4.таҳқир ва тамасхур. 5.эҷоди шаку тардид дар дигарон.
Имоми Садиқ (а) фармуданд: барои фаҳмидан суол кун, на барои худнамой ва баҳона ҷӯй:
(سل تفقُّهاً و لا تسأل تعنّتاً)[1]
Дар ин ки аз чи каси бипурсем ва чи каси салоҳият посухгӯи ба суолотро дорад, Қуръон мефармояд: аз аҳли зикр бипуср:
(فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِإِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ)[2]
Ин оят як асли кулиро, ки ақли ҳар башари мепазирад, матраҳ мекунад ва он муроҷиъа ба аҳли илм ва коршинос аст. Яъне ҳар чиро намедонед аз огоҳон ва аҳли хибра марбута, суол кунед. Албатта дар заминаи масоили дини, беҳтарин мисдоқи “ аҳли зикр” Аҳлул Байти Пайғамбар(а) аст. Ривояти зиёди аз тариқи шия ва сунни ба ин мазмун ворид шудааст. Табари, Ибни Касир ва Олуси низ дар тафсирашон зейли ин оят, аҳи зикрро Аҳлул Байти Пайғамбар(а) муъарифи карданд. Дар як китоб ҳудуди 60 ривоят дар ин бора нақл шудааст, ки дар бархи аз онҳо, Имомони маъсум фармуданд:
(نحن و الله اهل الذکر المسؤلون)
Ба Худо қасам, он аҳли зикр ки мардум бояд аз онон бипурсанд, мо ҳастем.[3]
Дар ҳадиси мехонем каси, ки бе доштани илм фатво диҳад, фасодаш беш аз ислоҳаш аст:
(من أفتی بِغیر علم کان ما یفسِده أکثرممّا یُصلحه)[4]
Албатта онҷо бояд суол кунем, ки худ натавонем бидонем, на онки ҳар чиро намедонем, бе фикру таъамул фувран суол кунем. Балки мефармояд:
)فَاسْأَلُواْ أَهْلَ الذِّكْرِإِن كُنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ(
агар наметавонед бидонед, суол кунед.
Далел ва фалсафаи тақлид аз мароҷеъва фуқаҳо низ, ҳамин асли ақли аст, ки касоне, ки наметавонанд аз Қурон ва ривоёти муътабар, аҳкоми диниро истинбот ва истихроҷ кунанд ва нафаҳманд, бояд аз фақиҳи, ки тамоми шароитро дорат тақлид кунад. Ҳамон гунаи ки фақиҳ худ дар сурати ниёз ба дармон, ба пизишк тавоно муроҷиъат мекунад.
Бархи афроди таҳсил карда, ба шанидан ва дидан ва хондани чанд ояти ва ҳадис ва тарҷумаи он, гумон мекунанд, ки роҳро ёфтаанд, ва ниёз ба тақлид надоранд. Дар ҳоле ки бояд дид ин ҳадис аз чи каси аст, дар чи замони, куҷо ва ба чи далил нақл шудааст. Оё ба таври кулли нақл шудааст, ё бахши аз он нақл шудааст, оё ҳадис муъориз дорад ё надорад? Оё воситаи ки ин ҳадисро аз Пайғамбар (с) ё Имом (а) ба мо расонидааст, муътабар аст? Оё ин ҳадис мухолифати бо оятҳои Қуръон надорад. Ба хотири ҳамин масъалаҳо, тақлид аз марҷаъи дини як зарурат аст ва каси ҳақ надорад бо нигоҳ ба тарҷумаи Қуръон ва ҳадис худсарона амал кунад.
[1] . Кофи, ҷ 6, саҳ 381.
[2] . Наҳл, ояти 43.
[3] . Баҳорул Анвор, ҷ 23, саҳ 172.
[4] . Аҳқоқул Алҳақ, ҷ 3, саҳ 428.
Манбаъ:Муҳсини Қироъатӣ.Ахлоқи омузишӣ