Худованд дар ояти 36 сураи Тавба мефармояд:

«إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِندَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فىِ كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَ الْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَالِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمْ وَ قَتِلُواْ الْمُشْرِكِينَ كاَفَّةً كَمَا يُقَتِلُونَكُمْ كَافَّةً وَ اعْلَمُواْ أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِين[1]»

Дар ҳақиқат теъдоди моҳҳо назди Худо, аз рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарида дар китоб (илм)-и Худо дувоздаҳ моҳ аст. Аз ин (дувоздаҳ моҳ) чаҳор моҳ (моҳи) ҳаром аст. Ин оини устувор аст. Пас дар ин чаҳор моҳ бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чунонки онон ҳамагӣ бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст[2].

»Ба дурустӣ ки теъдоди моҳҳо назди Худованд ва дар китоби таквини ӯ аз ҳамон рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он моҳи ҳаром мебошад« Манзур аз ҳаром будани чаҳор моҳ ин аст, ки мардум дар ин моҳҳо аз ҷангидан бо якдигар даст бикашанд ва амнияти умумӣ ҳама ҷо ҳукмфармо шавад то мардум ба зиндагӣ ва фароҳам овардани васоили осоиш ва саодати хеш бирасанд ва ба ибодат ва тоати худ бипардозанд.

Вақте ба иборати «مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَالِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمْ» диққат кунем мебинем, ки калимаи "حُرُمٌ" ҷамъи ҳаром ва ба маънои ҳар чизи мамнӯъе аст ва калимаи "قَيِّمُ" ба маънои касе аст, ки қиёми ба ислоҳи мардум намуда бар идораи умури ҳаёт ва ҳифзи шуъуни эшон муҳаймин ва мусаллат бошад.

Ва мақсуд аз он чаҳор моҳе, ки ҳаром аст, ба далели нақлӣ ва қатъӣ моҳҳои зилқаъда, зилҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб аст, ки ҷанг дар онҳо мамнӯъ шудааст. Ва ҷумлаи "مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُم " калимаи ташриъ аст на ин ки бихоҳад хабаре бидиҳад, ба далели ин ки дунболаш мефармояд: Ин аст он дини қоим ба масолеҳи мардум.

Ва ин ҳурмат аз шариати Иброҳим(а) буд ва арабҳо онро ҳатто дар даврони ҷоҳилият, ки аз дини тавҳид берун буда ва бут мепарастиданд, муҳтарам медоштанд ва Худованд ҳам бар ҳурмати онҳо таъкид намуд ва шариат онҳоро имзо намуд.

Ва ҳамон тавр ки ишора шуд манзур аз ҳаром намудани чаҳор моҳ, ин аст, ки мардум дар ин моҳҳо аз ҷангидан бо якдигар даст бикашанд ва амнияти умумӣ ҳамаҷо ҳукмфармо шавад то ба зиндагии худ ва фароҳам овардани васоили осоиш ва саодати хеш бирасанд ва ба ибодат ва тоат бипардозанд.

Пас наҳй аз зулм кардан дар ин чанд моҳ далел бар азамат ва эҳтироми онҳо аст, ҳамчунон ки вуқуъи ин наҳйи хос баъд аз наҳйи ом, далели дигарест бар аҳамияти он ва мисли ин аст, ки бигуем: Ҳеҷ вақт зулм макун ва дар ин чанд рӯз зулм макун.[3]

Ин ки Худованд дар миёни моҳҳои дувоздаҳгона ҳурмати ин чаҳор моҳро хотирнишон сохт, пешгирӣ аз ситам ва куштор ва оташбас дар онҳо буд, чунки имкон дошт ҳамин оташбаси чандмоҳа боиси сулҳу оштӣ ва гароиш ба адолат гардад ва оташи ҷанг хомӯш шавад ва шуълаҳои хашму таъассуб ва барбарият дар ин фурсати тулонӣ фурукаш намояд ва аз дилҳо зудуда шавад, магар на ин ки ҳар чизе ба ҳамонанди худ мегарояд? Бо ин баён чи басо, оташбаси муваққат ва хомӯш шудани шуълаҳо ва шарораҳои интиқом ва таъассуб дар ин чаҳор моҳ, бар ҳашт моҳи дигари сол низ соя афканад ва асар гузорад[4] ва моҳи Раҷаб барои рабудани кинаҳо ва душманиҳо иртиботи танготанге дорад.

Ва низ аз ин оят фаҳмида мешавад, ки ҳамаи замонҳо яксон нест, дар замон ҳам қадосат матраҳ аст. "مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ"[5] ва моҳи раҷаб аз қадосати хос бархурдор аст. Вақте замони он қадосат ва ҳурмати хоссе дошта бошад, ибодатҳо ва зикр хайрот низ дар он  қадосат ва арзиши хоссе пайдо мекунад, ки дар ғайри он камтар аст. Магар ин ки барои моҳҳои дигар мисли афзал будани моҳи рамазон аз оят ва аҳодис итифода кард.

Тибқи баёни ривоёт яке аз чаҳор моҳи ҳаром моҳи раҷаб аст, ки бархилофи се моҳи зилқаъда, зилҳиҷҷа ва муҳаррам, ки ба дунболи ҳам омадаанд, ин моҳ ба танҳоӣ ва ҷудо аз онҳо воқеъ шудааст.

Расули Худо(с) дар сафари ҳаҷҷаш хутбае эрод кард ва фармуд: Бидонед, ки рӯзгор даври худро зуд ва дубора ба сурате ки дар рӯзи аввали хилқати осмон ва замин дошт, баргашт.

Бидонед, ки сол дувоздаҳ моҳ аст ва чаҳор моҳ аз он ҳаром аст. Се моҳ пушти сари ҳам зилқаъда, зилҳиҷҷа ва муҳаррам ва як моҳ раҷаб, ки ҷудо аст ва байни моҳи шаъбон ва ҷимодӣ қарор дорад[6].

 

 


[1] .СураиТавба, ояти 36.

[2].Тарҷумаи Фулодванд.

[3].Алмизон, зайли ояти 36 сураи Тавба.

[4].Тафсири Маҷмаъулбаён.

[5].Тафсири Нур.

[6].Аддуррулмансур, ҷ 3, саҳ 234.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст