Расули Худо (с) фармудаанд: Имон ба қадар(сарнавишт) низоми тавҳид аст. [1]

Тақдир яке аз масоили муҳимми эътиқодӣ буда ва имон ба он воҷиб ва зарурист. Тафсир ва фаҳмидани дурусти ин масъала аз аҳмияти бисёр болое бархурдор аст. Агар тақдир илоҳӣ дуруст тафсир нагардад бисёр хатарнок ва гумроҳ кунанда хоҳад буд чунон ки  осори номатлуби тафсири нодурусти онро  дар миёни мардум дидаем ва  мебинем, ки  масалан гуноҳони худро ба гардани тақдир меандозанд. Дар ривояте Расули Худо(с) мефармояд: Ба зудӣ замоне бар умматам меояд, ки гуноҳонро бо-баҳонаи-қазо ва тақдири Илоҳӣ таъвил ва тафсир мекунанд. Онон аз ман дуранд ва ман низ аз онҳо безорам. [2]

Қазо ва қадар

Дар забони илм ба Тақдир қазо ва қадар гуфта мешавад. Калимаи қадар ба маънои андоза ва миқдор ва тақдир ба маънои санҷиш ва андозагирӣ ва чизеро ба андозаи муайяне сохтан аст. Калимаи қазо ба маънои тамом кардан ва ба поён расондан истеъмол мешавад.[3]

Акнун ки маънои луғавии қазо ва қадар ва тақдирро донистем ба тафсири маънои ҳақиқӣ ва истилоҳии онҳо мепардозем.

Қадар

Ҳар як аз махлуқот чун дар вуҷуд доштанашон эҳтиёҷ ба вуҷуд диҳанда ва офаридгор доранд ҳад ва андозаи вуҷудии хоссе дорад масалан ҷимодот ба гунае андозагирӣ шуда ва нобототу ҳайвонот ба гунаи дигар. Ва чун ҳастӣ ва ҷаҳоне, ки бо андозаи хос ба вуҷуд омада махлуқи Худост бинобарин тақдир ҳам тақдири илоҳӣ хоҳад буд. Ин миқдор ва андозагирӣ аз ин назар, ки кори Худованд аст тақдир ва қадари феълӣ номида мешавад ва аз ин назар, ки Худованд пеш аз офаридан аз он огоҳ буда ва ба он илм дорад тақдир ва қадари илмӣ ном дорад. Дар ҳақиқат эътиқод ба қадар ва тақдир эътиқод ба холиқияти Худованд аст ки махлуқотро ба андоза офарида аст.

Қазо

Ҳамон гуна ки ёдовар шудем қазо ба маънои ҳатмӣ шудани вуҷуди як чиз аст. Ва ин ҳатмият ёфтани ҳар чиз, бар асоси қонуни иллат ва маълул, албатта таҳақуқи иллати томи он чиз аст. Ва аз онҷо ки низоми  иллат ва маълул низ ба Худо мерасад, дар ҳақиқат ҳатмияти ҳар чизе ба қудрат ва машияти Худост. Ин қазои Худованд дар офариниш аст ва илми худованд дар мавриди ин ҳатмият қазои зотӣ ё айнӣ ном дорад.

Тақдир ва иродаи инсон

Шубҳаи муҳим ва ҳаросангезе, ки дар мавриди тақдир баён мешавад ин аст, ки чун тақдир ва сарнавишт дар дасти Худост бинобар ин инсон дар корҳои худ маҷбур буда ва ихтиёре аз худ надорад.

Мо тақдирро аз назари луғат ва истилоҳ равшан кардем ҳоло бояд бубинем ки оё қазо ва қадар ё тақдиру сарнавишт монеи ихтиёри инсон ҳаст ва ё ин масъала мухолифате бо ихтиёри ӯ надорад, балки ихтиёр ва озодии инсон яке аз чизҳоест, ки Худованд дар тақдири  ӯ қарор дода аст. Бо андак диққат дар бораи тақдир ба ҳамон маъное, ки баён шуд равшан мешавад, ки тақдири илоҳӣ ҳаргиз инсонро дар анҷоми корҳо ва иродаву интихоб маҷбур намекунад. Зеро чунон ки гуфтем тақдири Худо ҳамон андозагирии махлуқот дар ҳангоми офариниши онҳост, ки муносиби ҳар як аз махлуқот буда аст. Ин андозагирӣ дар инсон чунон ки муносиби ҳоли ӯст ба гунаест ки ихтиёр низ дар он қарор дорад ва Худованд ирода карда аст ки ӯ бо  ихтиёри худ корҳои хуб ё бад анҷом диҳад ва дар натиҷа ба ӯ подош диҳад ё азоб кунад. Медонем, ки подош додани касе дар муқобили кори хуб ва ё азоб додани ӯ дар баробари кори бадаш танҳо дар сурате маъно дорад ки он корро бо ихтиёр анҷом дода бошад вагарна, агар касеро маҷбур ба кори хуб кунанд ва ё ӯро маҷбур кунанд, ки кори бадеро анҷом диҳад ва баъд ӯро подош дода ё азобаш кунанд кори биҳуда ва дур аз ҳикмат буда ва зулм ҳоҳад буд. Худован одил ва ҳаким ҳаргиз чунин кори бе ҳикмат ва золимонаро анҷом намедиҳад.

Масалаи дигаре, ки дар баҳси тақдир ва сарнавишт бояд ба он диққат шавад ин аст, ки Худо дар олам қонуни сабабият ё ҳамон иллат ва маълул ро қарор дода аст. Яъне дар ҳама чизҳои мавҷуд дар ҳастӣ вижагии таъсир гузорӣ қарор додааст. Дар ривояте омадааст:

Саҳобае  аз Расули Худо (с) пурсид: Ё Расулаллоҳ назари муборакатон дар мавриди туморе, ки барои шифо менависем ва доруҳое, ки ба он мудово мекунем ва чизҳое, ки ба воситаи он худро ҳифз мекунем чист  оё чизе аз тақдирро иваз мекунад? Расули худо фармуд он низ тақдири худост.[4]

Ҳар инсоне бо виҷдони худ ҳоким будани қонуни сабабиятро дар олам мефаҳмад. Агар овозе бишнавад ба дунболи сабаб ва илати он мегардад яъне мефаҳмад, ки касе овоз бароварда аст. Дар ин мисол овоз маълул аст ва овоз диҳанда иллат. Мисоли муносибтаре биоварем агар мо оташе бардорем ва онро дар миёни гандумзор биандозем гадумзор оташ мегирад чаро? Чун оташ месузонад ва гандуми хушк месузад яъне оташ сабаб аст барои оташгирифтани гандумзор ва иллат аст барои сухтан. Ин як қонуни умумист, ки дар сартосари олам қарор гирифта аст ин ҳамон чизест, ки Худо тақдир кардааст. Агар сабабҳое, ки барои ба вуҷуд омадани коре тақдир шудааст фароҳам шавад ҳатман он кор ё ҳодиса рӯх медиҳад ва ин қазои илоҳист. Инсон дар ба вуҷуд овардани он сабабҳо озод аст. Пас агар инсон корҳое анҷом диҳад, ки сабаби бадбахт шудан бошад, бадбахт хоҳад шуд ва агар корҳое анҷом диҳад, ки сабаби хушбахтӣ бошад, хушбахт хоҳад шуд. Илми илоҳӣ низ дар бораи ин ки Худо аз оғоз медонад инсон хушбахт ё бадбахт мешавад, ба ҳамин маъност яъне Худо медонад, ки инсон дар оянда бо ихтиёри худ корҳоеро анҷом хоҳад дод, ки сабаби хушбахтӣ ё бадбахтии ӯ мешавад. Дар ривоят омадааст:

Аз ҳазрати Мусои Козим (а) дар бораи ин фармоиши пайғамбар (с) - бадбахт дар шиками модари худ бадбахт ва хушбахт дар шиками модараш хушбахт аст - суол шуд. Ҳазрат фармуд: Шақи дар ҳоле, ки дар шиками модараш аст Худованд медонад, ки ӯ дар оянда ба ихтиёри худ корҳои шақиёна анҷом медиҳад ва саид низ

чунин аст.[5]

Гузашта аз он чи гуфта шуд осонтарин далел барои собит кардани ин гуфтор виҷдони мо мебошад. Мо бо виҷдони худ меёбем, ки мавҷудҳои озод  ва дорои ихтиёр ҳастем. Мо дар корҳои иродии худ монанди як санг нестем, ки онро аз боло раҳо кунанд ва таҳти таъсири ҷозибаи замин ночор ба тарафи замин биафтад ва монанди як гиёҳ нестем, ки танҳо як роҳ дорад ва хоҳ нохоҳ бояд маводди ғизоиро аз замин ҷазб карда ва роҳи рушду нумувро тай мекунад ва ҳамчунин монанди ҳайвон  нестем, ки ба ҳукми ғариза корҳое анҷом диҳад.

Инсон ҳамеша худро дар сари чаҳор роҳҳое мебинад, ки метавонад яке аз онҳоро бо ихтиёр ва хости худ интихоб кунад ва ҳаргиз худро дар интихоби фақат яке аз онҳо маҷбур намебинад. Дар ривоят ҳаст, ки ҳозрати Алӣ (а) дар зери деворе нишаста буд, фаҳмид, ки девор шикаста аст ва мумкин аст фуру резад, зуд бархост ва аз онҷо дур шуд. Марде ба он ҳазрат гуфт: аз қазои илоҳӣ мегурезӣ? Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: аз қазои илиҳӣ ба суи қадари илҳӣ фирор мекунам.[6] Маъно ин ҷумла ин аст, ки ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳон пеш меояд мавриди қазо ва тақдири илоҳист. Агар инсоне Худро дар хатар қарор диҳад ва осеб бубинад қазои Худо ва қонуни Худост ва агар аз хатар бигурезад ва ноҷот пайдо кунад он ҳам қазои Худо ва қонуни Худост.

Паёми дигари ин ривоят ин аст, ки инсон мухтор ва озод офарида шуда аст. Яъне ба ӯ ақл ва фикр ва ирода дода шуда аст. Ин ақлу фикру ирода дар хилқати ӯ андоза гири шуда ва худован ба ӯ қударати ташхис ва интихоб ато фармудааст ва ӯ метавонад дар ин гуна маворид ки дар ривоят омада аст ташхис диҳад, ки бояд аз зери  девори дар ҳоли гаштан, ки тамоми сабабҳои гаштанаш фароҳам шуда фирор кунад ва ба қадари Худо, ки ҳамон озодӣ дар интихоб ва  қудрати фаҳм ва ташхисе, ки Худо ба ӯ арзонӣ дошта паноҳ барад.

[1].Сияру аъломи-н-нубало, ҷ.5,с.343. الایمان بالقدر نظام التوحید.

[2] .Субҳонӣ,Ҷаъфар, Ал-илоҳиёт, ҷ.2, с.158  ба нақл аз Ассирот-ул-мустақим, с.32.

«سیأتی زمان علی امتی یؤولون المعاصی بالقضا اولئک بریئون منی و انا منهم براء

[3]. Мақойисулға, ҷ.5, с.63 ва Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид,  с.151.

[4]. Муснади Аҳмад, ҷ.5,с.272. . عن ابی خزامه عن ابیه سالت رسول الله فقلت یا ریول الله ارایت رقیً نسترقیها و دواء نتداوی به و تقاة نتقیها هل ترد من قدر الله شیئا؟ قال هی من قدر الله 

[5]. Сунани ибни моҷа, ҷ.1, с.18, тавҳиди Садуқ, с.356.

ابی عمیر سالت ابا الحسن موسی بن جعفر ع عن معنی قول رسول الله ص الشقی من شقی من بطن امه و السعید من سعد فی بطن امه. فقال الشقی من  علم الله و هو فی بطن امه انه سیعمل اعمال الاشقیاء و السعید من علم الله و هو فی بطن امه انه سیعمل اعمال السعداء.

[6]. Тавҳиди Садуқ, с.337. «افر من قضاء الله الی قدره »

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст