_2011

Одоб ва русуми мазҳабӣ наметавонанд мутаасир аз фарҳанги буми набошанд. Аз ҳамин рӯ, одоб ва русум ва аъёди динӣ ва аз ҷумла ҷашнҳои соли нави мелодӣ ва мелоди Ҳазрати Масеҳ низ дар ҷавомеи гуногун андаке тафовут доранд. зеро дар гузари замон дин ва фарҳанг аз якдигар мутаассир мешаванд аммо ин таъсир дар Калисои Арманӣ ва Масеҳиёни Арманӣ пуррангтар аз дигар миллатҳост ва ин ба далели милли будани Калисо назди Арманиҳо аст. Соли нави милоди Ҳазрати Масеҳро Арманиҳо ҷаҳон мисли фирқаҳои мухталиф, дар асл ба як сурат анҷом медиҳанд. Танҳо тафовут дар таърихи баргузори валодати Ҳазрати Масеҳ аст. Масеҳиён Уртудукс ва Калисоҳои миллӣ ва шарқ ,бинобар эътиқодоти Масеҳиёни аввалия, рӯзи ҳаштуми декабр, ва Масеҳиёни Котулик ва прутистон рӯзи 24 декабрро ба унвони милоди он Ҳазрат меҳисобанд.  Ин на ба далели ихтилофи ақидатии мазоҳиб буда, балки сирфан ба ин далел аст ки ҳатто чор қарн пас аз пазириши Масеҳият, Масеҳиёни Рӯми бостон натавонистанд рӯзи 24 декабрро ки рӯзи вилодати Илоҳаи меҳр ( Метро) буд ба фаромуши биспоранд. Бар асоси тасмимоти шӯрои Калисои Рум,аз он пас рӯзи 24 ва шаби 24 декабрро ба унвони милоди Ҳазтари Масеҳ пазируфтанд.

Дарахти Арча

Аз замонҳои бисёр куҳан дарахти Арча ва гиёҳон мавриди парастиши мардумон будаанд. Калисои Арманӣ низ пас аз пазириши Масеҳият на танҳо идеро барои тақадуси гиёҳ ба унвони ҷузъе аз табиат дар тақвими Калисои қарор дод, балки ба тақдиси он пардохт. Ба ин тартиб ҳеч иде ва ҷашне наметавонист бидуни табарруки гиёҳ анҷом шавад.

Аммо оғози тазйини дарахт дар аёми соли нави мелодӣ бинобар гуфтаҳо ва ривоёт ба соли 1605  дар Олмон бармегардад.Ба гуфтае тазйини дарахти Арча ба сурати имрӯзиро барои нахустин бор Мартен Лутери Олмонӣ анҷом дод.Ӯ одат дошт, ки дар шаби милоди Ҳазрати Масеҳ,шохаҳое аз дарахти Арча ба хона биёварад ва барои шодмонии кудакон онро тазйин кунад ва ҳамин одат баъдҳо ба як расм ва оини умумӣ табдил шуд ва дар соли 1840 мелодӣ маросми оростани дарахт ба Британия ва сипас ба Амрико ва соири кишварҳо роҳ ёфт.

Бо таваҷҷуҳ ба инки кудакон ва бузургсолон ҳар ду ба як андоза ба тазйини дарахти крисмасс алоқа доранд, шояд ёдоварии аносири ташкилдиҳандаи тазйиноти дарахти Арча муфид бошад.

Муҳимтарини онҳо ситораи дурхашон ба нӯки дарахт аст ки нишонаи вилодат ва роҳнамое барои ёфтани маҳали вилодати Ҳазрати Масеҳро тадоӣ мекунад. Аз дигар вижагиҳои дарахти Арча, бобонуел(бобои барфӣ) аст ки бо кисае аз  ҳадоё бар души худ зери дарахт истода аст.

Аммо дигар аҷзои ин дарахт, лухтакҳои кучаки фаришта, асо, киса ва ҷуробҳои рангӣ, наворҳое ранги дурахшон ва низ ситораҳо, гуйҳо, меваи ранг шудаи дарахти Арча ва чароғҳои рези рангӣ аст ки тамоми дарахт ва атрофи онро дарбар мегирад. Ҳадяҳоеро ки барои афроди хонавода ва хешовандон таҳия шуда низ зери дарахт мегузоранд.

Бобонуел

Яке дигар аз одатҳои шаби соли нав ва милоди Ҳазрати Исо, ,бобои зимистон ва ё ҳамон Бобонуел аст.

Дар пайдоиши ин падидаи низ назари қатъӣ вуҷуд надорад. Бархе аз муҳақиқин, асли бобо нуелро ҳам ба Олмон ва ё Ҳинд нисбат медиҳанд. Номи Санто Кловз ҳам ки ба бобо нуел итлоқ мешавад,тавасути Ҳуландиҳо дар Амрико ривоҷ пайдо кард. Достони Санто Кловз ки шуҳрати фаровон дорад, аз ҷавоне ҳикоят мекунад ки дар қарни чаҳоруми мелодӣ зиндагӣ мекарда аст. Дар он рӯзгорон дӯшизагони тангдаст ба сабаби надоштани ҷаҳизия, аз рафтан ба хонаи бахт маҳрум мешуданд.

Шабе аз шабҳо Сонто Кловз, кисаҳоеро ки пӯр аз тило карда буд,пинҳони аз сурохи бухорӣ ба хонаи духтарони дами бахт мерехт ва онон ҳам бо истифода аз ин ҳадяи пинҳонӣ ҷаҳизияи муносиберо барои худ фароҳам менамуданд. Аз ин ҷиҳат Санто Кловз мазҳари ҳадоё шуд ки пинҳонӣ ва ногаҳонӣ омода мешаванд.

Ба ҷиҳати ин вижагист ки кудакон алоқаи бисёре ба Бобонуел доранд зеро вақте ки субҳи крисмасс аз хоб бедор мешванд, ҳадяҳое худро ки бино ба эътиқодашон Бобонуел шаб ҳангоми хоб оварда аст, зери дарахти крисмасс ва ё зери болишти худ пайдо мекунанд. Таҳвили соли нав ки ҳамвора соати 12 шаби 31 декабр ҳар сол таҳақуқ меёбад решаи дини надорад, аммо ба далели тақоруби дӯ муносибат (25 декабр ва 6 январ) бо 31 декабр ин рӯз низ ҷанбаи динӣ ба худ гирифт ва било фосила пас аз таҳвили сол дар ҳамаи Калисоҳо маросими динӣ бодорок (қурбонии муқаддас) ва ишои раббонӣ анҷом мегирад ва барои табаруки сол нав низ ҳамон маросим дар рӯзи аввали январ дар Калисоҳо баргузор мегардад.

Маросими Ҳазрати Масеҳ, назди Ароманиҳо шаби панҷуми январ ва таъмиди он Ҳазрат субҳи рӯзи ҳаштуми январ дар Калисоҳо бо ойини хоси мазҳабӣ баргузор мешавад. Дар поёни ин маросим об дар зарфи бузург бо равғани муқадас табарук дода шуда ва барои шифои беморон ва ҳамчунин табарруки хона, байни ҳозирини дар Калисо тавзиъ мешавад. Гарчи ҳамаи Масеҳиён дар бораи рӯзи милоди Масеҳ тавофуқ надоранд, аммо маросими ҷашнҳои онҳо бисёр ба ҳам шабеҳ аст.


Tojikon.org

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст