Материализми таърихӣ ё инкори асолати хайру шар

Гегел[1] фалсафаеро бино кард, ки эътиқод ба рушд ва такомул асоси он буд ва Маркс[2] ҳам бо истифода аз мантиқи диёлектики ӯ биниши худро, ки муддаои хушбинӣ ба оянда аст, бино ниҳод.

Фалсафаи таърихи Маркс бар чанд асл бино шуда аст

1. Инкори фитрат ва ғариза:

Яъне ҳамаи чизи инсонро ҷомеа ба ӯ додааст, ҳатто ҷомеа ба шахс ғаризаи ахлоқиро вогузор мекунад. Вагарна инсон дар зоти худ на хуб аст ва на бад, балки ба манзалаи моддаи хоме аст, ки ба корхонае (ҷомеа) дода мешавад.

2. Асолати Иқтисод

Аз назари ҷомеашиносии марксистӣ ҳамаи созмонҳои иҷтимоӣ дар як сатҳ нестанд ва ҷомеа мисли сохтмоне аст, ки зербино дорад ва зербинои ҷомеа иқтисод мебошад. Худи иқтисод ҳам сохтаи равобити истеҳсол ва василаи истеҳсол мебошад. Пас шакли васила ва абзори истеҳсол аст, ки боиси тағйири вазъият ва аҳволи иқтисодӣ мешавад ва ин сабаби тағйири ниҳодҳои иҷтимоӣ ва дар натиҷа тағйири рафтори инсонҳо мешавад. Пас шинохти инсонҳо вобаста ба шинохти вазъи иқтисодӣ ва абзори истеҳсоли онҳо (инсонҳо) мебошад.

3) Моликияти хусусӣ ва хатарҳои он

Хубиҳо ва бадиҳо ҳам тобеи низоми истеҳсол мебошанд ва ҷомеаҳо дар тӯли таърих марҳилаҳоеро тай мекунанд то ба сотсиализм бирасанд. Бар ин асос ҳамаи ҷомеаҳо бояд ин марҳалаҳоро тай кунанд: 1) Комуннаи(иштироки) аввалия, 2) Ғуломдорӣ, 3) Феодализм, 4) Буржуазӣ (капитализм), 5) Сотсиализм ва 6) Комунизм. Бар асоси назарияи марксистӣ пайдо шудани моликияти хусусӣ сабаби мушкилоти ҷомеаҳо шудааст. Бинобар ин мегӯянд: Аз он ҷое ки башари ибтидоӣ ҳанӯз санъате надошт ва абзори истеҳсолаш фақат сангҳои тез барои шикори ҳайвонот буд, ҳар рӯз субҳ гурӯсна аз ғор хориҷ мешуд ва шаб сер бармегашт.

Дар он давра сарвате набуд то инсонҳо барои он сарват ҷангу ҷидол кунанд. Аз тарфи дигар душмани муштарак (табиат ва ҳайвоноти дарранда) сабаби иттиҳод ва адолат байни онҳо шуда буд. Аммо пас аз муддате башар кишоварзию чорводорӣ ва сохтани абзорҳои комилтарро омӯхт ва тавонист илова бар ниёзаш истеҳсол кунад.

Аз ин ҷо буд, ки истисмор пайдо шуд, зеро пештар ҳар кас маҷбуран бояд барои худаш кор мекард, вале ҳоло мешавад касе бо истифода аз кори дигарон зиндагӣ кунад. Ба ин тартиб моликияти хусусӣ, ғуломдорӣ, заминдорӣ ва ғайра пайдо шуд ва ба дунболи инҳо зулм ва истисмор оғоз шуд. Чунки бо аз байн рафтани бинои иқтисодии соддаи комуннаи аввалӣ, башарият ҳам фосид шуд.

Яъне ё истисморгар шуд ё истисморшуда, зеро бо омадани моликияти хусусӣ ҳисси ҷамъӣ ва гурӯҳии инсонҳо аз байн рафт ва ба ҷои он ҳисси худхоҳию худбинӣ омад.

Дар давраҳои баъдӣ ҳам моликияти хусусӣ ривоҷ пайдо кард, ки ба сабаби он, бадӣ ва зулму истибдод шиддат гирифт. Дар натиҷа дар давраи иштирок ва комуннаи аввалӣ ҳақ ва адл бар ҷомеа ҳоким будааст ва барои расидан ба чунин ҷомеае бояд абзори истеҳсол он қадар рушд кунад то дубора моликияти хусусӣ аз байн биравад ва ҳамаи чизҳо моликияти умумӣ пайдо кунад.

Бар ин асос марксизм инсонро қобили ислоҳ намедонад ва ҳар назарияи ислоҳиро бо вуҷуди моликияти хусусӣ бефоида мешуморад. Зеро барои башар ихтиёре қоил намебошад ва ӯро тобеи ҷомеа ва маҳкум ба ҷабри таърихӣ ва низоми иқтисодӣ медонад ва мегӯяд: "Дигаргунии ҷомеа мисли таваллуди навзод мебошад, ки то мавқеаш нарасад зоимон бар ӯ маҳол аст".

Бо ин баён ҳамаи касоне, ки ба асолати ҷомеа бовар доранд ҷабрӣ фикр мекунанд ва назарияи ислоҳиро қабул надоранд ва мегӯянд: "Инсон дар ҳар мавқеияти иҷтимоӣ қарор бигирад ҳамон тавр мешавад". Лозимаи ин сухан инкори ҳар гуна ихтиёр ва озодӣ мебошад. Зеро ҳар назарияи ислоҳӣ дӯ тараф дорад: Аввалан бояд барои башар озодӣ ва ихтиёр қоил шавем, ки битавонад ба вазъияти иҷтимоӣ мусаллат шуда ва қудрати тағйири онро дошта бошад. Дуюман қоил ба ҳақгароӣ дар табиати башар бошем ва ӯро бефитрат(зотан бад) ё шаруру бадкор надонем.

Марксистҳо бо баёне, ки дар боло зикр шуд, назарияи ислоҳӣ надоранд ва наметавонанд дошта бошанд. Бинобар ин иддио кардаанд, ки марксизм як илм аст ва мегӯянд: "Илм ҳеҷ" бояд ва набояде надорад ва фақат ба кашфи равобит мепардозад. Ҳамон тавр, ки як дона барои дарахт шудан, сайри табиӣ ва тахаллуфнопазир дорад, ҷомеа низ чунин мебошад". Ҳамчунин иддио доранд, ки мо ин сайрро кашф кардем, аммо наметавон дар ин ҷараён дахолат кард ва агар шумо бихоҳед ҷомеаро масалан аз феодализм якбора ба сотсиализм бибаред, монанди ин аст, ки нутфаеро якбора мехоҳед ба таваллуд бирасонед.

4) Ба сӯи Сотсиализм

Марксизм мегӯяд: "Агар дар ҷомеаи ғайри сотсиалистӣ ҳастед коре кунед, ки зиддиятҳои он ҷомеа зудтар намоён шуда ва инқилобе сурат бигирад то худи он ҷомеа ба марҳалаи баъдӣ биравад. Ин "фарзияи илмӣ" на танҳо қобили татбиқ бо таърихи ҷомеа нест ва таърихдонон онро тасдиқ накардаанд, балки худи Маркс ва Энглес ҳам таҳаввулоти Аврупоро тавре таҳлил кардаанд, ки назарияи худрашонро нақз намудаанд.

Марксистҳо кӯшиш доранд таърихи башариятро сиёҳ ва зулмонӣ нишон диҳанд ва мегӯянд: "Агар касе аз адл ва ҳақ сухан гуфта аст, ҳатман косае зери нимкоса дошта аст. Зеро дар давраи моликияти хусусӣ имкон надорад, ки касе тарафдори ҳақ ва адолат бошад". Албатта қабул доранд, ки дар тӯли таърих инқилобҳое аз сӯи маҳрумон шудааст, вале аввалан мегӯянд, ки онҳо ба хотири ҳуқуқи худ қиём карданд на ба хотири адолат ва дуюман худи замона моликияти ихтисосӣ ва масалан ғуломдориро иқтизо мекард, аз ин рӯ ин афрод наметавонистанд ба натиҷае бирисанд.

Дину мазҳаб низ ҳарчанд таъсири маҳдуде дар ҷомеа ва инсонҳо доштааст, аммо ҳеҷ кори бузурге накардааст.

Панҷ сол ҳукумати ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом), (ки намунаи як ҳукумати одилона ва бар асоси ҳақиқат аст) дар муқоиса бо таърихи башарият (ки саросар пур аз зулму ситам аст) як сония ҳам нест.

Ин баён яке аз нақшаҳои онҳо барои беэътибор кардани дину мазҳаб мебошад, зеро дин танҳо фарёдраси ҳақ ва адолат дар тӯли таърих будааст. Онҳо талош доранд, ки саҳифаҳои таърихро фақат зулмонӣ ҷилва бидиҳанд, зеро агар зебоиҳоро ҷилва диҳанд, материализми таърихӣ ботил мешавад.



[1] - Номи як файласуфи машҳури аврупоӣ аст, ки дар матнҳои русӣ Гегел навишта шуда аст.

[2] - Карл Маркс файласуфи моддигарое, ки тарафдорони низоми комунистӣ аз ӯ пайравӣ мекунанд.

www.tasnimtj.com

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст