Садоқат болотарин хусӯсият дар шахсияти инсон аст. Ростгӯӣ, гӯфтани сӯхани ҳақ ва  мутобиқ воқеъ аст.[1]Ин як таъаҳҳӯди воқеии гӯфторӣ,  рафторӣ ва иртиботии инсон бо инсонҳои дигар мебошад. Ростгӯӣ барои доштани як зиндагии солим ва пешрафата бисёр мӯҳим ва асосӣ аст. Садоқат ва дурӯсткорӣ таъсири фаровоне дар зиндагӣ ва касбу кори инсонҳо дорад.
Як инсони ростгӯ дар зиндагии хӯд дӯчори изтиробу нооромӣ наме‎шавад ва касе, ки дар зиндагиаш дӯчори изтиробу нооромӣ нашавад, зиндагии пойдор, солим ва пешрафата хоҳад дошт.

Агар инсон дар гӯфтор, ваъдаҳо ва рафторҳои хӯд бо хӯд ва инсонҳои дигар росту содиқ бошад, дигар нигарони натиҷаи аъмоли хӯд нест. Нигаронӣ ва изтироб ба хотири набуди садоқату ростӣ дар гӯфтору аъмоли инсон мебошад. Дурӯғгӯӣ фиреб ва хиёнат аз сабаб ва иллатҳои аслии ба вуҷӯд омадани бемориҳои гуногӯни ҷисмӣ ва рӯҳӣ мебошад.

Инсони дурӯғгӯ ва хиёнаткор баракси инсони ростгӯӣ ва дурӯсткор, бадхоҳ ва дӯшмани хӯд ва инсонҳои дигар ҳисоб мешавад. Дурӯғгӯёну хиёнаткорон
ҳамеша дар ҳолати тарсу нигаронӣ ба сар мебаранд ва зиндагӣ ме‎кунанд, ки мабодо дурӯғашон фош шавад ва расвою обрӯяш рехта шаванд.
 Расули Худо(с) дар ин бора бисёр зебо фармӯданд:

قَالَ رَسُولُ اللَّهِ (ص):اَلصِّدقُ طُمَأْنينَةٌ وَ الْكَذِبُ ريبَة

Ростгӯӣ сабаби оромиш ва дуруғгӯӣ сабаби ташвиш ва нооромӣ аст.[2]


 

[1]  Ибни  Сино, мантиқи машриқиин , саҳ 61

[2]  Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1864

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст