Дар ин мақола манзурамон аз илм, илми таҷрибӣ ё ҳамон илми позитивистӣ аст. Пазитивизм[1] назарияе аст, ки дар аввали қарни 19-ум тавассути ҷомеъашиноси Фаронсавӣ Огюст Конт[2] дар Аврупо ба вуҷӯд омад ва бо позитивизми мантиқӣ ба авҷи хӯд расид. Ин назария бар ин бовар аст, ки илм ва воқеъият ончизе аст, ки қобили мӯшоҳидаи ҳиссӣ (бо чашм) бошад ва ё мавриди озмоиши таҷрибӣ қарор гирад ва чизеро, ки набинем ҳеҷу пӯч ва беҳӯда аст.[3] Тибқи назари позитивистҳо ё ҳамон таҷрибагароён илми фалсафа, риёзӣ, мантиқ, ахлоқу сифатҳо, маънавияту арзишҳо, ақлу рӯҳ, фикру андеша, амонатдорию адолатхоҳӣ, меҳру мӯҳббат, тарсу шӯҷоъат, дин ва бовар ба худо ва олами охират, ки қобили мӯшоҳидаи ҳиссӣ (бо чашм) нестанд ва мавриди озмоиши таҷрибӣ ҳам қарор намегиранд, пӯч ва беҳӯда ҳастанд ва ҳеҷ фоидае ба инсонҳо ва саъодату пешрафти онҳо надоранд.
   Назария ва бовари позитивистӣ ва таҷрибагароӣ(ҳисгароӣ) пояи аслии тамаддуни имрӯзаи мадерни ғарбиро ташкил медиҳад. Назария ва бовари позитивистӣ ва таҷрибагароӣ(ҳисгароӣ) сабаби манфиъатгароӣ ва ба вуҷӯд омадани низоми капиталистӣ (сармоядорӣ) ва либералистӣ (озодихоҳии бе қайду қонун) дар кишварҳои ғарбӣ шуда аст. Дар низоми капиталистӣ (сармоядорӣ) арзиш ва меъёри шоистагӣ пӯлу сарват аст, на илму адаб. Низоми капиталистӣ (сармоядорӣ) сабаби рақобат ва сарватандӯзии хатарноки инсонҳои сармоядор дар ҷомеъаи ғарбӣ шуда аст, ки зиндагии табақотӣ ва табъизомез аз самараҳояш мебошад. Ин сарватандӯзии хатарнок ва бе қайду қонун, сармоядорони ғарбиро ба тарафи кашфу тавлид ва тиҷорати силоҳҳои хатарнок кашонд ва ҳамчунин сабаби истеъморгарӣ ва ғоратгарӣ ба сарвати кишварҳои нотавон ва дигар гардид. Ҷангҳо дигар барои касби сарвату қудрат аст.
 Дар низоми либералистӣ (озодихоҳии бе қайду қонун ё хӯдхоҳӣ дар ҳар замина) низ арзиш ва меъёри шоистагӣ, озодихоҳии бе қайду қонуни инсони ғарбӣ аст, боз ҳам на илму адаб. Либерализм (назарияи озодихоҳии бе қайду қонун ё хӯдхоҳӣ дар ҳар замина) ҳам монанди капитализм (назарияи сармоядорӣ) навъе авомфиребӣ ва ривоҷи беадолатӣ ба номи тиҷорати озод ва демократия аст. Кишварҳои сармоядории либералистӣ бо таблиғоту пӯл ва ё инқилобҳои рангӣ қонунҳои одилонаи кишварҳоро сарнагӯн ва арзишҳои миллию ахлоқии инсонҳоро, ки сармояҳои аслии онҳост ба осонӣ мегиранд ва арзишҳои хӯдро ҷойгӯзин менамояд.
  Вақте инсони ғарбӣ меъёри шоистагиро сарвату пӯл донист, ҳамеша раҳбарон ва мӯдиронашон сарватмандон интихоб мешавнд, на инсонҳои донишманд ва одил. Чунки тамоми қонун ва салоҳияту вазифаҳоро дар низоми сармоядорӣ ва либералистӣ пӯлу сарват таъин мекунад ва тамоми инҳо дар хизмати сарватмандон аст на мардӯм. Низоми либералистӣ (озодихоҳии бе қайду қонун) натанҳо низоми капиталистӣ (сармоядорӣ)-ро манъ намекунад, балки онро тақвият ва мондагор мекунад. Либерализм (назарияи озодихоҳии бе қайду қонун) бо баҳонаи калимаи зебои озодӣ ба осонӣ арзишҳои ақлӣ ва ахлоқӣ ва сармояҳои аслии инсонҳоро аз онҳо мегирад ва ба онҳо шаҳватпарастию бадахлоқӣ ва бетафовутию беинсофиро ҳадя менамояд.
   Ин озодихоҳии бе қайду қонун, инсони ғарбиро ба ҳадде расонда аст, ки дигар эҳтиром ва арзише ба падару модар, ҳамсару фарзанд, ҳамсояву хешу табор, шогирду муаллим, китобу мактаб, илму маърифат, инсонҳои фақиру нотавон, хизмат ба ватану ояндагон, хӯлоса ба арзишҳои ақлӣ, динӣ ва ахлоқӣ қоил намебошад. Ин навъ бовар ва зиндагӣ, инсони ғарбиро ба тарафи пӯчгароӣ ва аз хӯд бегонагӣ кашонда аст, ки инро дар боло рафтани омори ҷиноят ва хӯдкӯшиҳо дар расонаҳою хабарҳо метавон дид.
   Хӯлоса илми бе ахлоқу маънавият инсонҳоро беарзишу бераҳм ва хору нотавон мекунад ва ситамгарону сармоядоронро қавӣ ва беадолатӣ ва ноамниро ҳамеша мондагор менамояд.
  Албатта ин тафаккур ва илми позитивистиро андешамандони ғарбӣ низ нақд кардаанд ва айбу паёмадҳои хатарнокашро ҳам ёдоварӣ намудаанд, ки дар оянда баён хоҳем намуд.

 
[1] - Positivism
[2] - Auguste Comte (1798–1857)
[3] - Фредерик Коплестон, Тарҷумаи таърихи фалсафа, ҷ. 8, с. 120 ва (1956). Studies of logical positivism and Existentialism, London . (Мӯтолиъоти позитивизми мантиқӣ ва экзистенсиализм)


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст