Доктор Сиддиқ Ҳусейн

Дар авохири қарни дуввуми ҳиҷрии қамарӣ онгоҳ, ки мабоҳиси каломӣ ба сурати содда дар ҷаҳони Ислом матраҳ шуд, дар миёни муслимин ду гурўҳ ба вуҷуд омад:

А: аҳли ҳадис ки ба Ҳашвия, Салафия ва Ҳанобала низ хонда мешаванд ва вижагии аслии онон такя бар завоҳири оятҳо ва инояти муфритона бар аҳодис ва арзиш қоил нашудан ба ақл буд.

Бо таваҷҷўҳ  ба ин хусусият қоил ба ташбеҳ, таҷассум, ҷабр ва ҳукумати қазо ва қадар бар афъоли ихтиёрии инсон шуданд.

Б: гурўҳи Муътазила ки тавасути Восил ибни Ато поягузорӣ шуд ва таваҷҷўҳ  беш аз ҳад ба ақл ва хирад менамуданд. Тундравии онон дар баҳо додан ба ақл то андозае буд, ки даст ба тавҷеҳи ривоятҳо ва аҳёнан канорзадани он мезаданд. Танишҳо ва даргириҳои фикри миёни ин ду гурўҳ то авоили қарни чаҳорум идома дошт, ки нақши салотин ва ҳукуматҳои замон дар рушд ва шукуфоии яке ва тазъиф ва нотавони тарафи муқобил дар бурҳае аз замон инкорнопазир аст.(1) Дар ин мавқеъият ду шахсият,(2) ки баъдҳо хеле

машҳур гаштанд, дар ду гушае аз ҷаҳон Ислом сарбаланд карданд  ва ҳар кадом муассиси мактабе шуданд, ки равиши эътидол миёни Аҳлӣ ҳадис ва Муътазила буд.(3) Яке аз ин ду нафар Абул-Ҳансани Ашъарӣ (260-324) аст, ки дар маркази хилофати Ислом яъне Ироқ аз мазҳаби эътизол канорагирӣ кард ва худро мудофеи Аҳмад ибни Ҳанбал муаррифӣ кард, вале дар айни ҳол тасарруфоте дар мазҳаби ӯ анҷом дод, ки ба тадриҷ аз лиҳози фикрӣ мазҳаби расмии аҳлӣ суннат гардид. Дигари Абўмансури Мотуридӣи самарқандӣ (250-333) ки дар шарқи ҷаҳони Ислом яъне Мовароуннаҳр ба ҷонибдорӣ аз аҳли ҳадис бархост ва дуруст ҳамон кореро анҷом дод, ки ҳамтои Ашъарӣи ӯ анҷом дод. Нуктаи тааҷуб инҷост, ки ин ду бунёнгузор дар ҳоле, ки дар як аср мезистанд ва дар як масир гом бар медоштанд, вале аз кори якдигар огоҳ набуданд.(4) Аз онҷо ки мардуми Басра ва Ироқ, ки маҳалли рушди ақоиди ашарӣ буд, шофеи мазҳаб буданд, лизо аксари шофеиҳо аз лиҳози фикрӣ аз андешаҳои ӯ тақлӣд карданд ва ашарӣ шуданд. Аммо минтақаи Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки маҳалли рушди Абўмансур буд, ҳанафимазҳаб буданд ва лизо аксари қариб ба иттифоқи ҳанафиҳо аз лиҳози каломӣ пайрави Абўмансури Мотуридӣ шуданд. Ибни Асир дар «Таърихи комил» дар бораи ҳаводиси 466 мегӯяд: «аҷиб аст, ки як ҳанафӣ ашъарӣ бошад».(5)

Баҳс дар бораи ин мактаби фикриро дар чанд бахш дунбол мекунем:

А: Бунёнгузори фирқаии Мотуридӣя Муасиси фирқаи Мотуридя, Абўмансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридӣи Ансории ҳанафӣ буд, ки насаби ӯ ба Абуаюби Ансорӣ мизбони Расули Худо (с) мерасад. Зодгоҳи ӯ «Мотурид» ки яке аз навоҳии атрофи Самарқанд мебошад ва лизо баъдҳо ба «Мотуридӣи самарқанд ва аламул ҳудо» маъруф гашт. Дар мавриди таърихи тавалуди ӯ баҳсҳои фаровоне шуда аст, ки ҳеч кадом соли дақиқеро баён накардаанд, вале ончи ки мусаллам аст дар асри Мутаваккили Аббосӣ (миёнаи қарни севум) ба дунё омада аст.(6) Давраи рушд ва шукуфоии ин мазҳаб замони Сомониён ба ҳифз ва ишоъаи адаб ва улум ҳимат мегумоштанд ва иддаи аз уламои машҳур замонро дар дарбор худ гирд оварда буданд. Банобар ин фазои илмии ором ва муҳити фарҳангӣ барои Абўмансур ба вуҷуд омада буд то дар сояи он ба хубӣ дар улуми мухталиф рушд намояд.(7)

Б: Таҳсилот, талифот ва шогирдони Мотуридӣ

Ӯ дар ақоиду калом ва фиқҳ аз имоми мазҳаби худ, Абўҳанифа пайравӣ карда аз маҳзари асотиди зер истифода бурдааст: 1-Абўбакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷурҷони, 2-Абу-Наср Аҳмад ибни ал-Аёз, 3-Насир ибни Яҳё шогирдони Ҳафс ибни Солим падари Мақотил, 4-Муҳаммад ибни Мақотил.(8)

Зубайди мегӯяд:«ҳар гоҳ аҳли суннат гуфта шавад, мақсуд Ашоира ва Мотуридӣя аст.(9) »

Иддае аз шахсиятҳои каломӣ ва фиқҳӣ аз ӯ баҳра гирифтаанд, монанди: 1-Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад, маъруф ба ҳакими самарқандӣ 2-имом Абу-Лайси Бухорӣ, 3-Абу-Муҳаммад Абдулкачрим ибни Мусои Баздавӣ.(10)

Дар бораи таълифоти ӯ тарҷуманависон 13 унвонро мешуморанд,(11) ки аз миён онҳо танҳо ду китоб ба чоп расида аст: 1-китоби Ал-тавҳид ки бузургтарин манбаъ барои ақоиди фирқаи Мотуридӣя аст. Ӯ дар ин китоб дар исботи орои каломии худ аз китоб, суннат ва ақл баҳра мегирад ва гоҳе ба ақл бартарии бештар мебахшад. 2-Таъвилоти аҳли суннат, ин китоб дар тафсири Қуръони Карим нигошта шудааст ва як давра тафсири Қуръон аст, ки гароиши фиқҳӣ ва каломӣ дорад.

В: Оё афкори Мотуридӣ ҳамон андешаҳои

Ашъарӣ аст?

Аз онҷо ки шайх Ашъарӣ ва Абумансур Мотуридӣ дар як замон ва бо як ҳадаф яъне дифоъ аз ақидаи аҳли суннат ва посухгўӣ ба назароти муътазила қиём карданд, иддае орои онҳоро айни ҳам донистанд. Аммо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки ҳаргиз ин ду нафар наметавонанд аз назари фикрӣ яксон бошанд. Албатта нуқоти иштироки фаровон ҳамонанди баҳси имомат, рўъяти Худованд дар охират ва ғайра миёни ин ду наҳлаи каломӣ вуҷуд дорад, аммо ин матлаб ҳаргиз ба маънои яксон будан ҳар ду намебошад. Нуқоти ифтироқ дар масоили муҳим ва асосӣ ва ҳатто дар баъзе маворид дар мабноҳои якдигар аст, ки ба хотири он мабонӣ якдигарро мутаҳам ба куфр ва хуруҷ аз Ислом мекунанд.

Чигуна метавон пазируфт, ки орои Мотуридӣя дақиқан мутобиқ бо орои Ашъарӣ аст дар ҳоле, ки Ашъарӣ қайди эътизолро зад ва мактаби ибни Ҳанбалро ки ҷумуд бар завоҳир ва беарзишии ақл аз усули ӯ буд, пазируфт аммо Абумансур аз Абуҳанифа имоми худ пайравӣ кард, имоме ки дар фиқҳ ба қиёс ва истеҳсон амал мекунад  ва фиқҳи ӯ ранги ақлии бештаре дорад. «Аз ин рў ин ду нафар наметавонанд дар усул то чи расад дар фурўъ сад дар сад ба тавофуқ бирасанд».(12)

Г: Баъзе аз андешаҳои Мотуридӣ

Андешаҳои Мотуридӣ аз як сўӣ аз ҷиҳатҳое бо ақоиди Муътазила  мухолиф аст ва аз суи дигар бо афкори асҳоби салаф мунтабиқ набуд,чун ҳозир набуданд то Қуръон ва ҳадисро ҳамеша бар завоҳир ҳамл кунанд. Андешаҳои Ашъарӣ низ ба асҳоби салаф бисёр наздик буд. Лизо метавон андешаҳои Мотуридӣро восита ё Эътизол миёни ин ду (эътидол ва Ашъарӣ) донист. Низоми Мотуридӣ бар ду асл мубтани аст, яке танзиҳ ва дигарӣ ҳикмати Худованд. Бар асоси ин ду асл, усули андешаҳои ӯ шакл мегирад.

Бар асоси усули аввал аз таҷсим ва ташбеҳи Худованд (бар хилофи аҳли ҳадис ва ашоира) мепарҳезад ва бар асоси усули дувум Худоро ҳаким медонад ва тафвизи Муътазиларо рад мекунад.(13) Феҳрести усули андешаҳои ӯ ба қарори зайл аст:

1-вуҷуби маърифати Худованд қабл аз беъсат.

2-ҳусн ва қубҳи ақлӣ.

3-инсон мухтор аст.

4-таклифи бимоло ютоқ (беш аз андозаи тавону қудрати инсон) маҳол аст.

5-афъоли Худованд мубтанӣ бар масолеҳ ва мафосид аст.

6-сифоти Худо айни зоти ӯст.

Д: мазҳаби Мотуридӣ дар асрҳои баъд.

Мазҳаби Мотуридӣ дар авоили пайдоиши худ то як қарн ба хотири ҳимояти бисёр густардаи ҳукумати Сомониён, пайравони зиёде пайдо кард ва китобҳо ва рисолаҳо дар бораи орои Абўмансур ва шогирдонаш нигошта шуд. Аммо дар садаҳои баъдӣ батадриҷ аз аҳмияти он коста шуд ва пайравонаш камтар шуданд. Бар хилофи мазҳаби Ашъарӣ, ки дар садаҳои баъдӣ пайравони фаровоне пайдо кард ва тақрибан мазҳаби расмии аҳли суннат аз лиҳози фикрӣ гардид. Иллати густариши мазҳаби Ашъарӣро метавон дар ду амр ҷустуҷў кард: яке ҳимояти Абосиён ва бархе аз вузаро ва коргузорони вобаста ба онҳо ва дигари зуҳури донишмандони бисёр бузургӣ аз ин мазҳаб, ки ин ду падида дар мазҳаби Мотуридӣ камранг будааст. Аммо бо вуҷуди тамоми инҳо, Мотуридӣ таъсири аҷибе бар ҷаҳони Ислом гузоштааст, ба тавре, ки бо вуҷуди гузашти даҳ қарн аз ҳаёти Абўмансур шахсияти навандеш мисли шайх Муҳаммад Абдуҳ ва амсоли он аз мазҳаби ӯ табиат намуда ривоҷдиҳандаи орои ў мегарданд. (14)

манобеъ:

1- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, Оятуллоҳ Субҳонӣ ҷилди 1 сафҳаи 5

2- албатта каломи дақиқ он аст, ки гуфта шавад се шахсият, чун Таҳовӣ низ дар Миср ҳамзамон бо Ашъарӣ ва Мотуридӣ бо ҳамин андеша қиём намуд, вале маъруфияти чандоне пайдо накард. Мароми ӯ баъдҳо ба исми Таҳовия маъруф гашт. Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 368.

3- Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 368

4- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, ҷилди 4 бо талхис

5- Таърихи комил, ба нақл аз Таърихи фалсафа дар Ислом

6- Таърихи комил, ба нақл аз Таърихи фалсафа дар Ислом

7- Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 368

8- Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 368

9- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, ҷилди 4 сафҳаи 10 ва таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 368

10- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, ҷилди 1сафҳаи11

11-Фарҳанги фирақ ва мазоҳиб. Албатта оқои Шариф соҳиби китоби таърихи фалсафа мегӯяд:«бадбахтона аз 13 асари ӯ ҳеч кадом ба табъ нарасидааст…»шояд иллат дар он бошад, ки китоби Тавилот ва Ал-тавҳид ки дар таърихи чоп онҳоро оятуллоҳ Субҳонӣ зикр намуда аст, то он замон ба дасти эшон нарасида бошад.

12- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, ҷилди 4 сафҳаи 13

13- Таърихи фалсафа дар Ислом ҷилди, 1 сафҳаи 374

14- Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷилди 1 сафҳаи 382

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст