Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “6”
Марг ва мурдан чист?
– Марг ва мурдан дар олами ҳайвонот аввалу анҷоми як раванд (процесс)-и биологӣ ва табиӣ аст. Вале ҳайвонот инро дарк намекунанд. Аммо барои Инсон Марг даҳшатноктарин ҳодисае аст, ки аз он бузургтарашро хаёл ва фантазияи инсонӣ тасаввур карда наметавонад.
– Сабаби ин ҳассосияти афсонавӣ ва даҳшатбори инсонӣ дар муқобили марг, маҳз огоҳӣ ва худшиносии худи ўст. Инсон агар ба огоҳӣ намерасид, ба мисли ҳайвонот чӣ будани даҳшати маргро тасаввур карда наметавонист.
– Маҳз ҳамин худшиносӣ аст, ки боз инсонро барои зиндагии абадӣ ва бемарг водор мекунад. Дилу ҷони ўро бар зидди марг бармеангезад. Ҳамин талошҳои ҳамешагии Инсоният барои ба даст овардани бемаргӣ дину фалсафа ва илму донишро ба вуҷуд овард. Таърихи маънавии башар, ба як маъно, талоше дар роҳи ҷовидонагии ҷисми башар буда ва ҳаст. Мояи ифтихор аст, ки донишмандони муосир чандин роҳҳои ба ҷовидонагӣ расидани башарро ихтироъ намудаанд. Аз ҷумла, равиши ҳамсонасозӣ ё худ клонирование. Ҳамин иқдомҳои илмиро яке аз имтиёзҳои асосии асри XXI дар нисбати дигар асрҳо ба шумор овардан ҷоиз аст. Ба ҳукми одат ва анъана, ҳоло ҳам навад дарсади мардуми олам аз Марг метарсанд ва ҷои тарс ҳам ҳаст. Чаро ки то имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ намунае аз ин кашфиётро дар амал надидаем. Инсони муосир сахт бадгумон аст. То чизеро ба чашм набинад, бовар намекунад. Вале далелҳои бисёре дар даст дорем, ки ин масъала сахт мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дорад.
Нақд
1) Агар ҳайвонот аз марг тарсу даҳшат надоранд, пас чаро қабл аз ҳодисаи табиӣ дар як минтақа аз он ҷо фирор карда ба ҷои дигар мераванд. Ва ё аз худ дар баробари душман дифо мекунанд, аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳайвонот ҳам аз марг метарсанд.
2) Дин ҳам монанди илму фалсафа василаест, то инсонро ба ҳаёти ҷовидона бирасонад, пас чаро аз руй ҷаҳолат бо он мухолифат меварзед. Малумаст сарватмандон намехоҳанд, ки каси хабари аз марг диҳанд ва ё дар бораи марг ҳарф зананд.
Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Фарзанди Одам аз ду чиз безор аст: яке марг, дар ҳоле ки марг барои ӯ беҳтар аз фитна аст ва дигарӣ камии мол, дар ҳоле ки ҳар чи мол камтар бошад, ҳисоб осонтар аст”.
(مسند أحمد)
3) Ин ки гуфтед худшиносӣ боис мешавад, ки инсонро ба зиндагии абадӣ водор кунад, дуруст аст,лизо аз ин ҷиҳат аст, ки инсон худро шинохт, ки мавҷуди ду буъдӣ аст,(яъне инсон ташкилшуда аз модди ва маънави аст) ки як буъдаш моддӣ ва дигараш маънавӣ аст ва медонад, ки бадани ӯ аз байн меравад, аммо руҳи маънавии он боқӣ мемонад.
4) Ин ки гӯфтед: Таърихи маънавии башар, ба як маъно, талоше дар роҳи ҷовидонагии ҷисми башар буда ва ҳаст. Мояи ифтихор аст, ки донишмандони муосир чандин роҳҳои ба ҷовидонагӣ расидани башарро ихтироъ намудаанд.
Ҷавоб ин аст, ки ҳаргоҳ дидед, ки офтоб ба акс тулуъ ва ғуруб кунад, бад ин ҳарфро бизанед.
Худованд дар сураи Оли Имрон. Ояти 185 мефармояд:
“Ҳар нафсе чашандаи марг аст”
Пайғамбари Худо(с) фармуданд:
“Худованд ба ҷуз пирӣ ҳеҷ дардеро бедармон наёфарид”.
(سنن ابن ماجة)
Боз фармуданд: “Худованд ба ҷуз марг ҳеҷ дардеро бедармон наёфарид, баъзе онро медонанд ва баъзе намедонанд”.
(مسند أحمد)
5) Ҳамсонсозӣ хеҷ иртиботе ба ҷовидонагӣ надорад, зеро он инсони дигарест.
6) Аммо ин ки марг чист хулосааш ин аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуд: “Марг тӯҳфаи мӯъмин аст”.
(المستدرک للحاکم)