Нақд бар назарияи “ Ҷаҳонбини оянда” “5”
Ҳадафи Инсон чист?
– Ҳадафи Инсон наҷот аз Марг аст. Ҳамин худшиносии чаҳорҳазорсолаи дину мазҳабҳои гузашта ва мактабҳои фалсафии ҳамаи қавму миллатҳо барои масъалаи мирандагии Инсон ҷавоб меҷўянд. Ҷустуҷў то ҳол давом дорад. Асри мо нисбат ба асрҳои пешин дар ин масъала муваффақтар аст. Мо дар вақти ҳозир (апрели 2013) чандин роҳу равиши илмии мубориза ба муқобили марг ва мурданро ихтироъ намудаем. Барои намуна ва мисол ҳамин масъалаи ҳамсонасозӣ мебошад, ки ба русӣ онро «клонирование» мегўянд. Чанд даҳсола аст, ки ин масъала мавриди таҳқиқи олимони ҷаҳон мебошад. Ба таври ѓайрирасмӣ дар бисёре аз кишварҳо инсонро аз роҳи лабораторӣ ба зиндагӣ баргардонидаанд… Пас, ҳадафи Инсон аз байн бурдани марг ва мурдани ҳамаи фардҳои Инсонист. Яъне расидан ба зиндагии ҷовидонӣ.
Нақд
1) Наҷот аз марг ҳадафи инсонҳои ҳаст ки ба дунё ва ончи дар дунё аст, дилбаста шудан, лизо талош барои зинда мондан дар ин дунёро мекунанд. Касе дӯст надорад аз маҳбубаш ҷудо шавад.
2) Ҳадафи инсон агар расидан ба зиндагии ҷовидона бошад, ин зиндагӣ ё дар дунё аст ё дар охират. Агар дар дунё бошад бо аҳдофи инсонҳое, ки худро фидои инсонҳои дигар мекунанд ва ба ҷанг мераванд ва ғ. созгорӣ надорад ва агар зиндагии ҷовидонӣ дар охират бошад ин матлуб ва дуруст аст ва бо далилҳои ақлӣ ва нақлии дин созгор ва собит шудааст.
3) Агар ҳадаф танҳо аз марг бошад он гоҳ бисёри инсонҳое, ки зинда ҳастанд ва мавриди зулму ситам қарор мегиранд ва ё инсонҳое, ки фишори руҳӣ ва равонӣ ва сад гирифториҳои дигар доранд аз қабили мушкилоте ҳастанд, ки сабаб мешаванд, ки бархе ҳатто худкушӣ ва ё орзуи маргро мекунанд дар бораи инҳо чӣ мегӯед? Боз ҳам ҳадафи инҳо наҷот аз марг аст ё ҳадафи болотаре доранд ва мехоҳанд? Бешак ҳадафи болотаре доранд ва он расидан ба зиндагии ҷовидона бо ҳамроҳи саодат ва расидан ба хушбахтӣ аст ва ин дар ин ҷаҳон мумкин нест, балки дар охират аст. Зеро он ҷо зулму ситам ва дигар мушкилоте, ки сабаби фишорҳои равонӣ ва дигар мешаванд нест.