Тамоми офарида‏ҳо мисли кӯҳ, дашту дарё дар замин, хуршеду моҳ ва ситорагон дар осмон нишонаи қудрати Худо аст, аммо дар миёни офаридаҳо дар баъзе хусусиятҳое ҳаст, масалан Худованд, ки инсонро офарид, чашми ӯро аз пеҳ сохт ва гӯши ӯро аз устухони нарм ва забони ӯро аз гӯшт. Чӣ қудрате метавонад аз пеҳ биноӣ ва аз устухон шунавоӣ ва аз гӯшт сухан гуфтан биёфаринад?
Бисёре аз сохтаҳ‏ои башар, пас аз чанд сол аз кор меафтад, вале аъзои бадани инсон як умр кор мекунад.
Дар тӯли таърих миллиардҳо башар офарида шудаанд, вале чеҳра ва хутути сарангушти ҳатто ду нафар яксон нест, дар ҳоле ки ҳар ҳунарманде беш аз чанд намуна, қудрати ҳунарнмоӣ надорад!
Инсон аз хок хишту сафол ва чанд намунаи дигар метавонад бисозад, вале Худованд аз ҳамин хок дар як боғ ҳам меваи ширин мисл хурмову тут ва ҳам меваи турш мисли лимон ва ҳам туршу ширин мисли анор меофаринад.
Дар Қуръон ме‏хонем: «Дар замин қитъа‏ҳое дар канори ҳам ҳастанд ва боғ‏ҳое аз анвоъи ангур ва киштзор ва дарахт хурмо (мева‏ҳои) ҳамонанд ва ғайри ҳамонанд, ки ҳама бо як об обёрӣ ме‏шаванд ва баъзе мева‏ҳоро дар хӯрдан бар баъзе бартарӣ додем. Ҳамоно дар ин (таъму ранг ва маззаи гуногуни мева‏ҳо) нишонаҳ‏ое аз қудрати Худованд аст барои касоне, ки ме‏андешанд.» Сураи Раъд, ояти 4 
Оре, бархе афрод меваро барои пур кардан шикам ме‏хоҳанд, вале хирадмандон бо дидани ин ҳама зебоӣ ва шигифтӣ, рӯҳи имони худро тақвият ме‏кунанд ва қудрати Худоро дар он ме‏бинанд, зеро аз як обу хок, наметавон беш аз як таъму ранг ва мазза интизор дошт, вале қудрати Худованд ба гунҳ‏ае аст, ки анвоъи мазза‏ҳо, ранг‏ҳо, таъм‏ҳо ва шакл‏ҳоро аз он берун меоварад.
Худованд ҳаким аст, яъне ҳамаи корҳои ӯ дуруст ва ҳадафдор аст ва кори беҳуда намекунад. Ҳатто дар мавориде, ки ба назари мо талху ногувор аст, далеле вуҷуд дорад. Масалан агар инсон дарду бемориро эҳсос наме‏кард, якбора вуҷуди ӯ аз кор меафтод, вале дардҳо мисли чароғу аломат ва нишона навъе хатар аст.
Дардҳо ва бемори‏ҳо афродеро ба сӯроғи кашфи доруҳо ва пешрафт‏ҳои илмӣ мекашонад ва инсон қадри саломатиро ҳис ме‏кунад.
Дардҳо эҳсосоти хешу таборро ба инсон латиф ме‏кунад.
Бемори‏ҳо такаббур ва ғурури инсонро поин меоварад ва робитаи инсонро бо Худованд зиёд мекунад ва дигаронро ба фикр водор мекунад то қадри саломатии худро бидонанд.
Якбори дигар ба ин ҷумлаҳо диққат кунед. Тамоми корҳои Худованд дар ҷои худ олимона аст ва саломатӣ ва бемориро дар ҷиҳати рушди мо қарор додааст.
Агар саломатӣ тавлидро бештар мекунд, беморӣ тараҳҳумро.
Агар саломатӣ василаи рушд аст, бемори василаи наздикӣ ба Худост.
Оре, Худованд қудрат дорад, аммо маънои қудрати ӯ ин нест, ки ҳар чиро мо меписандем ва ё ме‏хоҳем, анҷом диҳад, балки ӯ қудраташро дар ҷое ба кор ме‏барад, ки олимона ва ҳакимона бошад.
Шумо қудрат доред, ки пироҳан худро пора кунед, аммо ин корро наме‏кунед. Худованд қудрат дорад бе дарс хондан касеро донишманд кунад ва бе заҳмати деҳқон маҳсулотро ба вуҷуд овард ва бе пизишк ва дору беморро шифо диҳад, аммо ин корро наме‏кунад чун ҳакимона нест. Чун сабаб рукуди фикрҳо ва талошҳо ва равобит ме‏шавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст