nisbyat

Мавҷудоти маҳсус ва машҳуд аз назари асли ҳастӣ ва камолоти ҳастӣ, мавҷудоти нисбӣ мебошанд; яъне агар ба унвони мисол онҳоро ба бузургӣ ва азамат ё ба тавоноӣ ва қудрат ё ба ҷамолу зебоӣ ва ё ба собиқа ва қидмат ва ҳатто ба ҳастӣ тавсиф кунем, аз ҷанбаи муқоиса бо ашёи дигар аст. Масалан агар мегӯем, ки хуршед бузург аст, яъне нисбат ба мо ва замини мо ва ситорагоне, ки ҷузъи манзумаи хуршеди мо ҳастанд бузург аст, аммо ҳамин хуршед нисбат ба баъзе ситорагон кӯчак аст ва агар мегӯем, ки қудрати фалон киштӣ ё ҳайвон зиёд аст, яъне бо муқоиса бо қудрати инсон ё заифтар аз инсон. Зебоӣ ва илму доноӣ ҳамчунин аст. Ҳатто ҳастӣ ва буди як чиз нисбат ба ҳастӣ ва буди дигар “намуд” аст. Ҳар ҳастӣ, камол, доноӣ, ҷамол, қудрат ва азамату ҷалолеро, ки дар назар бигирем нисбат ба поинтар аз худ аст, аммо болотар аз он ҳам метавон фарз кард ва нисбат ба он болотар ҳамаи ин сифатҳо ба зидди худ табдил мешавад, яъне нисбат ба болотар, буд намуд мешавад ва камол нақз ва доноӣ ҷаҳл ва ҷамол зиштӣ ва азамат ва ҷалол ҳақорат мешавад.

Неруи ақл ва андешаи инсон бархилофи ҳавос танҳо ба завоҳир қаноат намекунад ва шуъои хешро то даруни саропардаи ҳастӣ нуфуз медиҳад, ҳукм мекунад, ки ҳастӣ наметавонад мунҳасир ва маҳдуд ба ин умури маҳдуд, мутағайир, нисбӣ, машрут ва ниёзманд бошад.

Ин саропардаи ҳастӣ, ки дар муқобили хеш мебинад, дар маҷмӯъ ба худ истодааст ва такя ба хештан дорад. Ночор ҳақиқати номаҳдуд ва пойдор ва мутлақ ва ғайри машрут ва бениёз, ки такягоҳи ҳамаи ҳастиҳо мебошад ва дар ҳама зарфҳо ва ҳамаи замонҳо ҳузур дорад, мавҷуд аст ва агар на саропардаи ҳастӣ наметавонист рӯи пои худ биистад; яъне асосан саропардаи ҳастӣ дар кор набуд, набуд ва нестии маҳз дар кор буд.

Қуръони Карим Худовандро бо сифоте монанди “Қайюм”, “Ғанӣ” ва “Самад” ёд мекунад ва ба ин васила ёдоварӣ мекунад, ки саропардаи ҳастӣ ниёзманд ба ҳақиқате аст, ки “қоим” ба он ҳақиқат бошад. Он ҳақиқат такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳама чизҳои маҳдуд, нисбӣ ва машрут аст. Ӯ бениёз аст, зеро ҳама чизи дигар ниёзманд аст. Ӯ пур ва комил (Самад) аст, зеро ҳама чизи дигар ғайр аз ӯ аз дарун холӣ аст ва ниёзаманд ба ҳақиқате аст, ки даруни ӯро аз ҳастӣ пур кунад.

Қуръони Карим мавҷудоти маҳсус ва машҳудро оёт (нишонаҳо) медонад; яъне ҳар мавҷуде нишонае аз ҳастии номаҳдуд ва аз илм, қудрат, ҳаёт ва машияти илоҳӣ мебошад. Аз назари Қуръони Маҷид саросари табиат монанди китобе аст, ки аз тарафи муаллифи доно ва ҳаким таълиф шудааст ва ҳар сатри он, балки ҳар калимааш нишонае аз доноӣ ва ҳикмати бениҳояти муаллифи худ дорад. Аз назари Қуръон ҳар андоза башар бо неруи илм ба шинохти ашё ноил гардад, беш аз пеш ба осори қудрат, ҳикмат, иноят ва раҳмати илоҳӣ воқиф мегардад.

Ҳар илме аз улуми табиӣ, дар айни ин ки аз як назар табиатшиносӣ аст, аз дидаи дигар ва бо назари амиқтар Худошиносӣ аст.

Барои ошноӣ бо мантиқи Қуръон дар бораи “табиатшиносӣ ба манзури Худошиносӣ” ба унвони намуна оятеро дар ин замина зикр мекунем: Бегумон дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду шуди шабу рӯз ва киштиҳо, ки барои касби манофеи мардум ба дарё равонанд ва обе, ки Худо аз осмон фуру фиристод пас замини мурдаро ба он зинда намуд ва ҳама гуна ҷунбанда дар он мунташир сохт ва гардиши бодҳо ва абрҳои маҳоршудаи миёни осмону замин, [дар ҳамаи инҳо] мусалламан нишонаҳое аст барои қавме ки бияндешанд. (Бақара\164)  

Дар ин ояи карима ба ҷаҳоншиносӣ ба таври умум, ба санъати киштиронӣ, ҷаҳонгардӣ ва манофеъи иқтисодии он, ба илми коиноти фазо, ба маншаъ ва решаи боду борон ва ҳаракати абрҳо ва ба зистшиносӣ ва шинохти ҷондорон даъват мекунад ва тадаббур дар фалсафаҳои ин улумро сабаби Худошиносӣ медонад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст