Ҳар арзише агар дар ҷойгоҳу мақоми худ нигариста шавад арзиш аст, аммо ҳамин ки дар ғайри ҷойгоҳи худ қарор гирад, ҳатто метавонад як зидди арзиш бошад.

Аз ҷумла мавзӯъҳое, ки дар ҷойгоҳи худ комилан маъқул аст “таслим шудан ва тақлид кардан” аст. Агар инсони нодоне дар аҳкоми динӣ аз доное тақлид кунад хато накардааст, хусусан агар инсони доно дорои мақоми маънавӣ ва покии рӯҳ бошад. Аммо дар доираи тафаккуру андеша, мо то онҷо мутафаккир ва андешманд ҳастем, ки муқаллид набошем ва то он ҷо меандешем, ки тақлид накунем. Касе, ки тақлид мекунад қудрати андеша кардан надорад. Шарти зарурии тафаккур, озодист ва ҳол он ки муқаллид озод нест. Чизҳои бисёреро метавон ба дигарон вогузор кард, вале тафаккурро наметавон вогузор кард.. Баҳамин хотир ҳеҷ пайғамбаре наёмадааст то ба ҷои инсон бияндешад, балки ҳамаи пайғамбарон омадаанд то инсонҳоро ба андеша водор кунанд. Онҳо сабаби андешидани инсонҳо ҳастанд на ҷонишини тафаккури онҳо. Оятҳо ва ривоятҳое, ки моро ба андешаю тафаккур даъват мекунанд, беш аз онанд, ки ҷои барои шак кардани намегузоранд.

Аммо чунин инсоне мумкин аст нисбат ба дигарон чунин эҳтиёт ва инсоферо риоят накунад ва надониста ақоиду афкори дигаронро инкор кунад, ё кӯркӯрона онро пазируфта аз он ҳимоят кунад, ки албатта дар ин сурат аз инсофи илмӣ дур буда ва он супориши ахлоқиро нодида гирифта аст.

Чи қадар хуб аст, агар мо ҳамеша диққат кунем, ки рад ё қабули ноогоҳонаи як тафаккур дар ҳақиқат чизе нест, магар рад ё қабули зеҳният ва бардошти нодурусти худи мо.

Асосан фарқи як мутафаккири огоҳ, ки ба дунболи кашфи ҳақиқат ва канор задани ботил аст, бо як инсони таъсирпазири замона, ки ҳадафаш инкори баъзе инсонҳо ва исботи баъзе дигар аст, ҳамин аст, ки аввалӣ хурдтарин сухани ҳақро мепазирад ва дигарӣ бузургтарин хубиҳоро низ нодида мегирад.

Ҳар, ки гӯяд ҷумла ҳақ аст аҳмақист,

Ҳар, ки гӯяд ҷумла ботил ӯ шақист.

Мутафаккир на аҳмақ аст ва на шақӣ, балки толиби ҳақиқат аст, ки ҳақиқатро ҳар ҷо ёфт ба роҳатӣ мепазирад, агарчи пеши сахттарин душманон бошад ва ботилро бо ҳеҷ таҳдид ва фишоре қабул намекунад, агарчи аз маҳбубтарин дӯстон бошад. Як андешманди огоҳ ба “андешаҳо” таваҷҷӯҳ дорад, на ба “андешмандон” ва агар андешаро рад мекунад ва ё қабул мекунад, ҳаргиз ба хотири соҳиби он фикр намекунад, балки он фикрро аз ҳар кас ва дар ҳар куҷо, ки бошад рад мекунад ва ё қабул менамояд.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст