Яке аз масъалаҳое, ки ҳануз барои иддаи зиёде аз мардуми ҷаҳон ҳал нашуда ва маънои он равшан нагардида аст, масъалаи марг ва ҳақиқати он мебошад. Аммо ҳамаи мардум мехоҳанд бидонанд ки, ҳақиқати марг чист? Дар бораи ҳақиқати марг назарҳои мухтилифе вуҷуд дорад, масалан моддигароён муътақиданд ки, марг нестӣ ва нобудӣ аст, зеро инсонро сирфан мавҷуди моддӣ ва ҳақиқати инсонро бадани ӯ медонанд. Бо марги ӯ баданаш пӯсида ва муталошӣ шуда ва аз байн меравад. Албатта аз касе, ки дарбораи инсон чунин назар дорад бештар аз инро наметавон интизор дошт. Мо дар ин навиштор дидгоҳи дини Ислом дарбораи ҳақиқати маргро меоварем то мавриди истифодаи мусулмонон ва афроди ҳақиқатҷӯ қарор гирад.

Инсон дар ин ҷаҳон дорои ду буъд аст, яке ғайри моддӣ ва рӯҳӣ, ки ҳамон рӯҳ инсон аст ва дигар буъди моддӣ ки, ҳамон бадан ва ҷисми инсон аст. Байни рӯҳ ва бадан алоқа ва иртибот вуҷуд дорад ва то замоне ки, байни бадан ва рӯҳ иртибот ва алоқа бошад инсон ҳаёт дорад. Аммо вақте ки, ин иртибот бурида шуд ва рӯҳ аз бадан ҷудо шуд марг ҳатмӣ аст. Пас ҳақиқати марг иборат аст аз ҷудо шудани рӯҳ аз бадан ва бурида шудани алоқаи он аз якдигар. Вақте байни он ду иртибот ва алоқа бошад инсон ҳаракат мекунад, чашмаш мебинад, гӯшаш мешунавад, қалбаш мезанад ва дасту пояш ҳаракат мекунад ва он чи сабаби ин корҳо мешавад рӯҳ аст, дар ҳақиқат ҳамон рӯҳ аст ки, ҳама чизро ба он нисбат медиҳанд ва аъзо ва ҷавориҳ абзоре дар хидмати ӯ ҳастанд. Ҳангоме ки, инсон мегӯяд чашм, гӯш, забон, дасту пои ман фалон корро мекунанд дар ҳақиқат мақсудаш аз ман рӯҳ аст, зеро рӯҳ ба василаи чашм мебинад, ба василаи гӯш мешунавад, ба василаи забон такаллум мекунад, ба василаи мағз дарк мекунад, ба василаи по ҳаракат мекунад ва ба василаи даст корҳоеро анҷом медиҳад. Агар ин васоил набошад рӯҳ ба танҳои наметавонад коре анҷом диҳад.

Аммо вақте ки, рӯҳ иртибот ва алоқаи худро бо бадан қатъ мекунад, бадан бе ҳаракат мешавад ва бояд дафн гардад ва дар қабр мепурсад ва аз байн меравад, вале ин пусидани бадан зараре ба рӯҳ намезанад ва рӯҳ ҳамчунон боқӣ мемонад ва ба сӯрати мавҷӯди мустақил ба зиндагии худ дар дуёи дигар идома медиҳад.

Абӯали ибни Сино ҳам дарбораи ҳақиқати марг чунин изҳори назар мекунад: марг ҷуз ин нест ки, рӯҳ ва нафси одамӣ олоти (бадан) худро ки, ба кор гирифта аст раҳо кунад, ҳамчунон ки, шахси санъаткор абзори кори худро тарк мекунад. Рӯҳ вақте аз бадан хориҷ мешвад боқӣ хоҳад монд ва фано ва нобуд намешавад.

Дар Қуръон ҳар куҷо сухан аз марг аст калимаи таваффо истеъмол шуда аст ва вожои таваффо ба маънои гирифтани як ҳақиқат ба сӯрати тамом ва камол мебошад. Ва вақте ки, Араб мегӯяд: таваффайту алмола яъне тамоми молро бидуни каму зиёд дарёфт намудам; бинобарин Араб ин калимаро дар ҷое ба кор мебарад ки, талабкор тамоми қарзи худашро аз қарздор дарёф кунад.

Дар чаҳордаҳ оя аз ояҳои Қуръони карим калимаи таваффо дар мавриди марг омада аст. Мисли ин ояи шарифа: бигу ҳамоно Фариштаи марг ки, масъулияти гирифтани ҷонҳо ба ӯ супурда шуда аст, дар ҳангоми марг (ба тамом ва камол) шумро мегирад, сипас фақат ба сӯи парвардигоратон бозгардонда мешавед.[1]

Аз тамоми оёте ки, дар бораи марг аз калимаи таваффо истифода шуда аст чунин фаҳмида мешавад ки, инсон дар ҳангоми марг ба тамоми шахсият ва воқеъияташ дар таҳвили маъмӯрони Илоҳӣ қарор мегирад. Бинобарин аз манзари Қуръони карим аввалан ҳақиқати марг нестӣ ва аз байнрафтани ҳаёт нест, балки интиқол аз ҳаёти дунё ба ҳаёти охират аст.марг барои инсон сароғози ҳаёти нав аст. Ҳамонгуна ки, интиқоли инсон аз ҷанин ба олами дунё таваллуд ва ҳаёти ҷадиде барои ӯ маҳсӯб мешавад, интиқоли ӯ аз ҳаёти дунё ба охират низ таваллуди дигар ва сароғози ҳаёти ҷадиде аст.

Сониян он чи шахсияти воқеи инсонро ташкил медиҳад, бадани ӯ нест, зеро бадан тавасути фариштагони Илоҳи гирифта намешавад ва бадан дар ҳамин дунё мепусад ва аз байн меравад балки он чи шахсияти воқеи инсонро ташкил медиҳад ҳамон аст ки, дар Қуръон аз он ба нафс ва гоҳе ба рӯҳ таъбир шуда аст.

Шабоҳати хоб бо марг:

Калимаи таваффо гоҳе ба маънои хоб низ дар Қуръон ба кор рафта аст.

وَهُوَ الَّذِی یتَوَفَّاكُمْ بِاللَّیلِ وَیعْلَمُ مَا جَرَحْتُمْ بِالنَّهَارِ ثُمَّ یبْعَثُكُمْ فِیهِ لِیقْضَى أَجَلٌ مُسَمًّى ثُمَّ إِلَیهِ مَرْجِعُكُمْ ثُمَّ ینَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ«60»

ва ӯст Худое ки, шаб ҳангоме ки, ба хоб меравед шуморо мемиронад ва аз он чи дар рӯз касб кардаед огоҳ аст пас аз он шуморо ( дар рӯз) бедор мекунад вақте ки, маргатон фарорасад.[2]

اللَّهُ یتَوَفَّى الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِهَا وَالَّتِی لَمْ تَمُتْ فِی مَنَامِهَا فَیمْسِكُ الَّتِی قَضَى عَلَیهَا الْمَوْتَ وَیرْسِلُ الْأُخْرَى إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى إِنَّ فِی ذَلِكَ لَآیاتٍ لِقَوْمٍ یتَفَكَّرُونَ«42»

Худованд ҷонҳоро дар ҳангоми марг ва он кас ки маргаш фаро нарасида дар ҳангоми хоб дарёфт мекунад.[3]

Аз ду ояи боло шабоҳати хоб бо марг равшан мешавад. Яъне дар ҳангоми хоб рӯҳи инсон ба таври муваққат гирифта мешавад ва пас аз поёни хоб бозгардонда мешвад, вале рӯҳ дар ҳангоми марг ба таври доим гирифта мешавад ва дигар ба дунё барнамегардад. Ба сабаби шабоҳати зиёде ки, байни хоб ва марг аз ҷиҳати гирифтани рӯҳ вуҷуд дорад, ба хоб марги кӯчак ва ба марг хоби бузург гуфтаанд.

Иллиати тарс аз марг:

рукни асосӣ барои натарсидан аз марг имон ба мабдаъ ва маъод, амали солеҳ ва тақарруб ба Худост ва ҳар чиқадр имон ва амали шоиста бештар бошад, тарс аз марг камтар аст. Бинобарин кофир ҳамеша аз мурдан метарсад чун эътиқод ба ҷаҳони охират надорад ва мурданро нобудӣ медонад.

Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба ҳақиқати марг ва инки ҳақиқати инсон рӯҳи ӯст на баданаш оё аз Худованди Қодир битарсем ё аз инсонҳои золим ва ситамгар ва ё аз дастӯриҳои Худованд итоат кунем ё аз дастӯрҳои инсонҳои золим ва ситамгар ва дар муқобили ситамҳои онҳо сархам кунем?

Эмомалӣ Алӣ



[1] Саҷдаҳ ояи 11

[2] Анъом ояи 60

[3] Зумар ояи 42

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст